Зеҳн
Қонуни тиб

Саҳифаи 1212 аз 1215 · 26 октябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 1212 аз 1215 · 26 октябри 2026

Хизоби сиёҳкунанда

Ба гуфтаи Ҷолинус агар пешоби сагро гирифта, панҷшаш рӯз [бигузоранд], то гандида бигардад ва сипас

(441) бо он [мӯйро] бишӯянд, ин таъсирнок буда, сиёҳии онро нигоҳ дорад.

СИФАТИ ПАЙМОНАҲО ВА САНГҲО АЗ КУННОШИ СОҲИР365

Ӯ гӯяд: «Як қист аз равғани зайтун ҳаждаҳ уқия, аз шароб ҳаштод ратл ва аз ангубин яксаду ҳашт ратл аст.
[58] Як ҳабуш366 аз равғани зайтун нуҳ367 ратл, аз шароб даҳ ратл ва аз ангубин бисту севу ним ратл бувад.
Як қусуй368 аз равғани зайтун нуҳ уқия, аз шароб даҳ уқия ва аз ангубин сездаҳу ним уқия бувад.
Як мастаруни бузург аз равғани зайтун се уқия, аз шароб се уқия ва ҳашт ғаромӣ ва аз ангубин чаҳору ним уқия бувад.
Як [уксубофун]369 аз равғани зайтун шонздаҳ драхмӣ, аз шароб ду уқия ва чаҳоряк драхмӣ ва аз ангубин се уқия, чаҳоряк ва ҳаштяки [як уқия] бувад.
Як қавосус370 аз равғани зайтун дувоздаҳ драхмӣ, аз шароб як уқия, ним драхмӣ ва сеяк ва аз ангубин ду уқия ва чаҳоряк бувад.
Як мастаруни хурд аз равғани зайтун шаш драхмӣ, аз шароб бист ғаромӣ ва аз ангубин нуҳ драхмӣ бувад».
Зикри сангҳо ва паймонаҳо аз Кунноши Юҳанно ибни Сарофиюн371

Ӯ гӯяд: «Шояд аз овардани ин боб андар ин маҷмӯа бениёзӣ бошад, зеро ман ҳар як паймона ва сангеро, ки андар он омадааст, андар боби худ бо [лафзҳое] ёд кардам, ки ба наздики худовандони забони арабӣ маъруфанд, вале гурӯҳе аз мардумон, ки бар тарҷимаи ман назарашон афтидааст, аз ман овардани онро дархост карданд, то андар ғайри ин китоб аз он баҳраманд бигарданд.
Қист ба наздики мардумоне, ки ба забони юнонӣ сухан гӯянд, маъруф аст, вале [ҳамчун] паймона ба наздики эшон яксон нест, зеро бархе аз эшон ғайри он чизеро ба кор баранд, ки дигарӣ ба кор бибарад. Як қист ба наздики аҳли Рум якуним ва шашяк ратл аст, ки ин бист уқия бувад. Қисти анатолиқӣ якуним ратл аст.
Як ратл дувоздаҳ уқия бувад.
Як мани румӣ бист уқия ва як мани анатолиқӣ ва мисрӣ шонздаҳ уқия аст. Як ман чиҳил истор, як ратл бист истор ва як истор шаш дирам ва ду донг, яъне чаҳор мисқол бувад.
Як драхмӣ як мисқол аст.
Як даврақи анатолиқӣ ҳашт ҷуҳин аст.
Як ҷуҳин шаш қисти румист.
Як қутулӣ ҳафт уқия бувад.
Як мастаруни бузург се уқия бувад.
Як мастаруни хурд шаш драхмӣ бувад.
Як уксубофун372 ҳаждаҳ драхмӣ бувад.
Як қавосус якуним уқия бувад.
Як ғаромо аз чаҳоряк дирам то ду донг ва ё камтар аз он бувад.
Як унқуш як уқия ва як [уқия] ҳафт мисқол бувад.

Як ун як уқия аст.
Як аноб373 ангубин дуним ратл, як аноб равған якуним ман бувад.
Як даврақ се ратл аст.
Як қист ангубин дуним ратл аст.
Як ҳомин панҷ истор, бист дирам ва чаҳор убулу374 аст.
Як боқилои мисрӣ чаҳор шомун аст.
Як убулу якуним донг бувад.
Як камовахуси искандаронӣ се убулу бувад.
Як бундуқа як драхмист.
Як ҷавза чаҳордаҳ шомун бувад.
Як садафаи хурд ҳафт шомун бувад.
Як садафаи бузург чаҳордаҳ шомун бувад.
Як боқилои юнонӣ ду шомун ва ду убулу бувад.
Як сукарраҷа шаш истор ва чаҳоряк бувад.
Як милъақа (кафча) ангубин чаҳор мисқол, як милъақаи доруҳо як мисқол ва як дирам бувад.
Як нитл ду истор аст.
Як драхмӣ шаш убулу буда, ҳар як убулу се қирот ва
ҳар як қирот чаҳор шаъир (ҷав) аст. Се убулу нуҳ қирот бувад.
Як қавосус якуним уқия бувад».
[Тафсири бархе аз истилоҳот]375

Молӣ: ин ангубин аст.
Молӣ қиротун: ин оби ангубин буда, гоҳе ба шакли «молиқиротун» ва ё (442) «моъулқиротун» нависанд.
Уқумолӣ: обе, ки андар он шаҳд омезанд ва нопухта нигоҳ доранд.
Удрумолӣ: ин ангубин ва оби борони деринаест, ки ба қадри нимгӣ гирифта, офтоб дода бошанд.
Шароби ангубинзада: ин чунон аст, ки аз афшураи ангури тундмаза панҷ бахш ва аз ангубин як бахш гирифта, андар ҷогаҳи ба қадре кушод афкананд, ки баъд аз ҷӯшидани онҳо ин миқдорро андар хеш ғунҷонидан битавонад ва бар он андак-андак намак афкананд, то кафк берун ояд. Ҳар гоҳ аз ҷӯш бозмонад, онро андар хумҳо бигиранд.
Шароби ангубин: ин ду бахш шароби куҳани тундмаза ва як бахш ангубини хубест, ки андар ҷогаҳе гирифта, бигузоранд, то расида гардад.
Тилоъ: бад-ин гуна созанд, ки ангурро баъди пухтан як муддат андар шохаш нигоҳ доранд ва ё ангури пухтагиро канда, офтоб диҳанд, сипас обашро фишурда, бипазанд.
Уксумолӣ: ин сикангубинест, ки аз сирко, ангубин ва об сохта бошанд. Бархе аз мардумон андар он оби дарё ва ё намаки он афзоянд. Яке аз нусхаҳои он чунин аст: аз сирко панҷ қутулӣ, ки як қутулӣ ҳафт уқия бошад, аз намаки дарё ду ман, аз ангубин даҳ ман ва аз об даҳ қутулӣ гирифта, [бар оташ] даҳ ҷӯш диҳанд ва бардоранд.

Дар бораи китобҚонуни тиб

1215 саҳифа

Аз аввал хондан