Қонуни тиб

Мақолаи ҳафтум
АНДАР БАЁНИ ДАРДҲОИ ПАЙВАНДГОҲҲО, НИҚРИС
ВА ҚАВИН
Як зимод аз барои дарди пайвандгоҳҳо
ва ниқрис
Инро аз шавкарон ва ғориқун бисозанд ва доруи таъсирбахш бувад.
Таркиби он: аз тухми шавкарон як қист, аз ғориқун як қист, аз шанбалит як қист, аз бура як уқия, аз мум як ратл, аз ротиёнаҷи пухта як ратл, аз уша як ратл, аз равғани зайтуни куҳан як ратл, аз мағзи устухони гавазн чаҳор уқия ва аз бехи савсани илуриқӣ363 чаҳор уқия гирифта, доруҳои хушкро бикӯбанд, бо парвезан бибезанд ва доруҳои гудохтаниро гудохта, бигузоранд, то сард шавад. (440) Сипас бар онҳо доруҳои хушкро афканда, ба ҳам биомезанд ва андар ҷогаҳе бардошта, ба кор баранд.
Аз ин [бемориҳо] низ доруи зерин суд дорад:
[Таркиби он]: аз суринҷон дувоздаҳ дирам, аз пудинаи обӣ се дирам ва аз мурч ва зира чаҳор дирамӣ гирифта, бикӯбанд ва бисованд. Як ошомиданӣ аз он як дирам ва бо оби ангубин бувад.
рам, аз дорчинӣ, саътари форсӣ, зарованди гирд, занҷабил, барги кабар ва хокистари парастуҳо як дирамӣ гирифта, ин доруҳоро бикӯбанд, бисованд ва бо шароб сиришта, ҳаббҳои хурд бисозанд ва андар соя хушк кунанд. Як ошомиданӣ аз он ним дирам ва бо обе бошад, ки андар он шибит ҷӯшонида бошанд. Ё аз он ним дирам ба шакли хока [гирифта], бо ду кафча оби ангубини гарме, ки андар он шибит ҷӯшонида бошанд ва бо як кафча равғани зайтун истеъмол кунанд.
Як ҳабби дигар
Инро аз ҳино бисозанд ва яке аз доруҳоест, ки аз барои ниқрис санҷидашуда ва сутуда бошад.
Таркиби он: аз ҳалилаи сиёҳе, ки аз дона пок карда бошанд, даҳ дирам, аз балила, омула, шитараҷ, занҷабил, дорфилфил ва намаки ҳиндӣ се дирамӣ, аз сабр сиҳ дирам, аз саътари форсӣ, бехи кабар, муқл ва ҳино ду дирамӣ ва аз суринҷон ба андозаи ҳамаи доруҳо гирифта, доруҳоро бикӯбанд, бибезанд ва муқлро андар шароб тар карда, сипас [ҳамаро] якҷоя кунанд ва ба ҳам сиришта, ҳаббҳои хурд-хурд созанд. Як ошомиданӣ аз ин ду дирам бувад.
Як марҳам
Ин аз нотавоние суд бахшад, ки андар пойҳо ориз бигардад.
Таркиби он: аз асорун, сабр, шиёфи момисо, шитараҷ, кунҷора,364 анзарут ва мурр се дирамӣ ва аз гунди бедастар чаҳор дирам гирифта, бикӯбанд, бисованд ва бо тилои хушбӯй сиришта, сипас бар [пой] тило кунанд.
Тарзи сохтани як ҳабб
Инро аз фошро, ки бо номи «ҳазоргашон» маъруф аст,
созанд ва аз барои ниқрис, дарди зону ва дарди пайвандгоҳҳо судманд аст.
Таркиби он: аз доруе, ки онро «фошро» гӯянд, як дирам, аз суринҷон бист дирам, аз зираи кирмонӣ як ди
Қавин
Як доруест аз барои қавин, ки онро ба ғоят таскин диҳад.
Таркиби он: аз зифт ду бахш ва аз гӯгирди оташнорасида як бахш гирифта, ҳар дуро бисованд, ба ҳам биомезанд ва бар маҳалли дардманд бипошанд. Пеш аз ин худованди [бемориро] ба гармоба бидароранд, то дору [бар тани ӯ] хуб бичаспад. Сипас аз болои он қиртос часпонида, то худ ба худ афтидан бигузоранд биистад.
Ниқрис
Доруи шавкарон, ки андар боби дардҳои пайвандгоҳҳо ёд шуд, аз барои ин ба ғоят суд дорад.
Мақолаи ҳаштум
АНДАР БАЁНИ «БЕМОРИИ РӮБОҲ»
Сифати як доруи олуданӣ
Ин аз барои «бемории рӯбоҳ» [судманд аст].
[Таркиби он]: аз фурбиюн, софсиё ва равғани даҳмаст ду мисқолӣ ва аз гӯгирди оташнорасида, харбақи сафед ва харбақи сиёҳ, кадоме аз ин ду ёфт шавад, як мисқолӣ гирифта, ин доруҳоро баъд аз кӯфтану бехтан бо нуҳ ди
рам муме биомезанд, ки онро бо равғани даҳмаст, ё равғани беданҷир ва ё равғани зайтуни куҳан гудохта бошанд. Инро ҳангоме барои муолаҷаи «бемории рӯбоҳ» ба кор баранд, ки агар аз он муддати дароз гузашта, душвор гардида бошад, зеро ин дору сахт қавист. Ҷолинус гуфтааст: «Ман андар баъзе аз ҳолатҳо бо ин [дору] як мисқол сипандон ва як мисқол кафки дарёи сӯхта меомехтам».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор