Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Сипас ҳар тавре ки бихоҳад, дароз кашида, бихобад. Агар ин суд набахшад ва ё муяссар нашавад, бояд тааммул кард, агар табиати берунронанда кифоят кунад, биронад ва агар не, онро бо чизе ёрӣ расонад, ки ба оҳистагӣ нарм созад: касони гарммизоҷ бо итрифал, гулангубини шикаморанда ва ё омехта бо каме аз саътари парварда [табиатро нарм бикунанд]; ва касони сардмизоҷ бо [гуворишҳои] каммунӣ, тамрӣ ва шаҳриёронӣ [табиатро нарм кунанд]. Пурии тан аз шароб беҳтар аз пурии он аз таом бувад.
Аз ҷумлаи [давоҳои] хуб он аст, ки аз болои ин гуна таом ба андозаи се ҳуммуса сабр хӯрда шавад ва ё ним дирам сабр, ним дирам сақизи хинҷак ва як донг бура гирифта, [истеъмол кунанд]. Аз қабили [давоҳои] сабук ин аст, ки ду ва ё се ҳуммуса аз сақизи хинҷак истеъмол кунанд ва гоҳе бо он якчанд ва ё камтар аз он бура биафзоянд. Яке аз чизҳои ниҳоят сутуда миқдоре аз афитимун бо шароб бувад. Агар [бемор] чизе аз инҳоро пайдо кардан натавонад, бояд ба муддати дароз хоб равад ва як рӯз аз ғизо хӯрдан боз истад.
(167) Ҳар гоҳ сабукӣ ҳис кунад, ба гармоба биравад ва ғизои сабук бихӯрад. Агар бо вуҷуди ҳамаи ин таом нагузарад, гаронӣ, дамиш ва ланҷӣ оварад, пас, ба яқин бидон, ки рагҳо аз фазла пур шудаанд. Чунки ғизои беандоза бисёр агарчи гоҳе андар меъда гувориш ёбад, вале андар рагҳо бисёр кам бошад, ки гуворида гардад, балки андар онҳо хом монда, онҳоро аз ҳам бикашад, гоҳе бикафонад, ланҷӣ, хамёза ва даҳонфожа оварад. Андар ин гуна ҳол бояд бо чизе муолаҷа кард, ки [таомро] аз рагҳо биронад. Агар чунин ҳол ба амал наоварад, бошад, ки танҳо мондагӣ падид оварад.
Андар ин ҳол бояд муддате қарор истод ва сипас [ин] навъ мондагии падидомадаро бо он чизе, ки онро баъд ёд хоҳем кард, муолаҷа кард.
Касе, ки бағоят пир аст, танаш он ғизоеро, ки ба ҳангоми барноӣ мепазируфт, нахоҳад пазируфт ва ғизояш ба фазла табдил ёбад. Бинобар он, зинҳор ғизо ба андозаи хӯкарда нахӯрад, балки бояд камтар аз он тановул бикунад.
Ҳар кӣ ба ғизои ситабр одат карда бошад, чун ба латиф гузарад, ҳаво гузаргоҳҳоеро пур кунад, ки пеш бо ғизои ситабр пур буданд ва ҳанӯз бо ғизои латиф пур нашуда бошанд. Бинобар ин ӯро баробари баргаштан ба ғизои ситабр судда падид ояд.
Зиёни ғизоҳои гармро бо сикангубин, хусусан бо [сикангубини] тухмиҳо пешгирӣ кунанд, зеро ин нофеътарин гунаҳои сикангубин аст, яъне агар сикангубин аз шакар бошад, вале агар аз ангубин бошад, содаи он кифоят аст. Аз паси [ғизоҳои] сард оби ангубин, шароби он ва [гувориши] зираӣ бихӯранд. Аз паси ғизои ситабр шахси гарммизоҷ бояд сикангубини қавии тухмиҳо ва шахси сардмизоҷ каме аз [гувориши] мурчӣ ва [маъҷуни] пудинагӣ бихӯранд.
Ғизоҳои сабук тандурустиро бештар нигоҳ доранд, вале қуввату чолокиро камтар ёрӣ расонанд, ғизоҳои ситабр бошанд, баръаксанд. Бинобар ин, ҳар кӣ ниёзманди чусту чолокист ва ба сабаби он ба ғизоҳои серкимус эҳтиёҷ пайдо кунад, бояд то фаро расидани гуруснагии сахт биистад

ва [сипас] аз [ғизои ситабр] на чандон зиёд бихӯрад, то гуворидан тавонад.
Худовандони варзишҳову ранҷи зиёд ба ғизоҳои ситабр бештар бардошт доранд. Он чи ки эшонро бар гувориши он ёрӣ диҳад, қуввати хоб ва сахтии он аст, лекин бар асари он чи ки бо арақ ва таҳлил аз тани эшон харҷ мешавад, ҷигарҳои эшон ғизоро ҳанӯз нагуворида ба сӯи худ бикашанд ва ин [кор] эшонро андар охир ва ё аввали умр барои ба бемориҳои марговар гирифтор шудан омода хоҳад сохт. Хусусан баъзе аз эшон, ки ба гуворидани ғизо андар хоб менозанд, агар эшонро пайдарпай бехобӣ рӯй диҳад ва хусусан сину солашон ба ҷое бирасад, ин ҳол бекор хоҳад шуд.
Меваҳои тар андар тобистон бо мизоҷи касони ранҷбар, варзишгар ва сафровӣ созгоранд ва бояд пеш аз таом хӯрда шаванд. Ин [меваҳо] аз қабили зардолу, тут, харбуза, шафтолу ва олу буванд. Агар ба ғайри инҳо кифоят кунанд, хубтар аст, зеро ҳар чи ки бахши обии хунро биафзояд, он андар тан чун ҷӯш задани фишурдаи меваҳо андар берун ба ҷӯш ояд, ҳарчанд ин гоҳе андар вақти хеш суд дорад, вале баробари он хунро барои гандидан омода созад. Ҳар чизе, ки хунро бо хилти хом пур кунад, аз қабили хиёр (қиссо) ва бодранг (қасад) ҳарчанд гоҳе суд дорад, вале ҳамчунин бувад. Бинобар он, касоне, ки ин гуна ғизоҳоро бисёр истеъмол кунанд, агарчи ба оғоз аз онҳо сардӣ биёбанд, вале [андар охир] ҳадафи табҳо қарор хоҳанд гирифт.
Бидон, ки хилти обиро гоҳо чунин рӯй диҳад, ки ба зардобӣ бигардад ва ин вақте бошад, ки таҳлил наёбад ва андар рагҳо бимонад. Ин гуна шахсон агар пеш аз ҷамъ шудани ин [хилтҳои] обӣ ба варзиш машғул шаванд, балки агар баробари тановули меваҳо варзиш кунанд, низ он хилтҳои обӣ бо таҳлил бираванд ва бо ҳамин зиёни онҳо камтар бигардад.
Бидон, ки низ агар андар хун [хилти] хом ва ё обие бошад, [хунро] аз часпидан бо тан боз дорад ва бинобар ин ғизо кам бирасад.
Чунин хӯй шуда аст, ки ҳар кӣ мева бихӯрад, бояд баъди он роҳ равад ва сипас аз болои он [ғизо] бихӯрад, то он билағжад.
Ғизоҳое, ки бахши обӣ, хилти часпак ва зарда бизоянд, боиси падид омадани табҳо бигарданд, зеро [бахши] обии онҳо хунро ганда бисозад, бахши часпаку ситабри [108] онҳо роҳҳо ва гузаргоҳҳоро бибанданд, зардаи онҳо баданро гарм кунад ва хуни аз онҳо зоида тез бошад.
Тараҳои талхмаза гоҳе андар зимистон бисёр нафъ доранд, чунонки [тараҳои] бемаза андар тобистон мумкин аст суд дошта бошанд.
Касеро агар зарурат пеш ояд, ки ғизоҳои бад тановул кунад, бояд шумораи хӯрданро кам кунад ва думодум нахӯрад ва бояд бо он [ғизоҳо] чизеро биомезад, ки зидди онҳо бошад. Бинобар ин, агар аз ширинӣ азоб кашад, бояд аз болои он ягон чизи туруше, аз қабили сирко, анор, сикангубини сирко, биҳӣ ва ғайра бихӯрад ва истифроғро ба кор барад. Ҳар кӣ аз чизи туруш азоб кашад, бояд аз болои он ангубин, шароби куҳан бихӯрад ва бояд ин пеш аз пухтану гувориш бошад. Инчунин бояд азоби равғаниро бо чизи тундмаза, масалан, бо шоҳбулут, мурддона, харнуби (168) шомӣ, кунор (набқ) ва дӯлона, бо чизи талх, масалан, бо росани талх ва ё бо чизи шӯру тез, масалан, бо обкомаҳо, сир ва пиёз пешгирӣ кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ