Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Дуруст аст, агар чунин гумон ба миён ояд, ки андар он ҷой ба сабаби наздикии офтоб аз эътидол берун шудан ҷой хоҳад дошт, ин гумон гумони фосид хоҳад буд, зеро қиёми офтоб андар он ҷой назар ба наздик шудани он андар ин ҷойҳо ва ё андар ҷойҳои арзашон аз ин бештар, ҳарчанд ки [андар ин ҷой] қиём нест, камосебтар буда, ҳаворо камтар тағйир бидиҳад. Баъд, дигар ҳолатҳои [бошандагони он ҷой] беҳ ва ба якдигар шабеҳ буда, ҳаво ба таври эҳсосшаванда ба эшон халал нахоҳад расонд, балки мизоҷи эшон ҳамеша ба ҳам монанд будӣ. Мо андар тасҳеҳи ин раъй рисолае навиштаем.
Аз паси онҳо боэътидолтарини синфҳо бошандагони иқлими чаҳоруманд. Эшон аз давомнокии қиёми офтоб бар болои сари хеш ҳар сари чанд вақт баъди дур шудани он, чун бошандагони бештари [иқлимҳои] дуввум ва севвум намесӯзанд ва на мисли сокинони охири [иқлими] панҷум ва [иқлиме], ки ба арз аз он ҳам дуртар аст, ба сабаби муддати дароз дур будани офтоб аз болои сари хеш фаччу норасид буванд.
Андар шахсҳо муътадилтарин шахс касест, ки аз муътадилтарин синфи муътадилтарин навъ бошад.
Андар миёни андомҳо пайдост, ки андомҳои сарвар [9] ба эътидоли ростинӣ сахт наздик нестанд, балки бояд донист, ки аз ҳама наздиктар ба ин эътидол гӯшт буда ва аз он ҳам наздиктар ба он пӯст аст. Зеро он аз оби баробар омехта, ки ним яху ним ҷӯшон аст, қариб мутаассир нагардад.
Наздик аст, ки гармидиҳии рӯҳу хун ба воситаи хунукибахшии асаб андар он ба эътидол бошад. Ҳамчунин аз ҷисми хуб омехтаи иборат аз хушктарину равонтарини ҷисмҳо, ба шарте ҳар ду андар он баробар бошанд, мутаассир намегардад. Маълум аст, ки пӯст на барои он мутаассир намешавад, ки ҳис накунад, балки аз он сабаб мутаассир намегардад, ки он [ҷисм] мисли пӯст будааст, зеро агар мухолифи он будӣ, албатта пӯст аз вай мутаассир гаштӣ. Ба ростӣ, чизҳое аз якдигар мутаассир хоҳанд гашт, ки унсурҳои онҳо муттафиқу табъҳояшон ба ҳам зид бошанд. Шайъ ба ҳақиқат аз чизе, ки андар кайфият ҳамтои ӯст, мутаассир нагардад, зеро чизи андар кайфият ҳамтои ӯ буда, андар ҳамин [кайфият] шабеҳи вай хоҳад буд.
Муътадилтарин пӯст пӯсти даст аст, муътадилтарини он пӯсти каф ва муътадилтарини он пӯсти даруни панҷаи даст бувад. Муътадилтарини он пӯсти ангуштон, муътадилтарини он пӯсти ангушти шаҳодат ва муътадилтарини он пӯстест, ки бар сари ангушти шаҳодат аст. Бинобар он, сари [ангушти шаҳодат] ва сарҳои дигар ангуштон андар таъйини андозаҳои чизҳои ламсшаванда табиатан қариб ҳукми доварро доранд. Довар бояд ба ҳар ду тараф яксон бигарояд, то аз ҳадди миёнаву эътидол берун омадани [як] тарафро ҳис кардан битавонад.
Ба изофаи он чи ки донистӣ, бояд бидонӣ, ки агар мо андар баёни дору «он ҳароина муътадил аст» гӯем, бо ин гуфтанӣ нестем, ки он ба ҳақиқат муътадил аст, зеро ин номумкин аст ва на низ [гуфтанием], ки он андар мизоҷ ба шакли эътидоли инсонӣ муътадил бошад, вагарна [дору] айнан аз гавҳари инсон мебуд. Лекин муроди мо ин аст, ки агар дору аз [чизи] гарми модарзодӣ андар тани инсон мутаассир бигардад, пас, кайфиятеро ба худ хоҳад гирифт, (9) ки берун аз кайфияти тани инсон [ва] моил ба яке аз

ду тарафи хориҷшавӣ аз баробарию эътидол нест ва ё андар тан таъсире нахоҳад расонд, ки аз эътидол берун бошад. Саранҷом он [дору] чунон бувад, ки гӯӣ андар қиёс ба феъли худ андар тани инсон муътадил аст.
Ҳамчунин агар гӯем, ки «ҳароина он гарм ва ё сард аст», муроди мо ин нест, ки «он андар гавҳари хеш ба ғояти гармӣ ва ё сардист» ва чунин аст, ки [гӯё] ба ростӣ андар гавҳари хеш назар ба тани мардум гармтар ва ё сардтар бошад, вагарна муътадил чизе мебуд, ки мизоҷаш мисли мизоҷи инсон будӣ. Лекин муроди мо [аз он] ин аст, ки ба ҳақиқат аз дору андар тани инсон гармӣ ва ё сардие падид ояд, ки беш аз гармию сардии тани инсон бувад. Бинобар ин, дору мумкин аст андар қиёс ба тани инсон сард ва андар қиёс ба тани каждум гарм ва [ё] андар қиёс ба тани инсон гарм ва андар қиёс ба тани мор сард бошад. Балки мумкин аст як дору низ андар қиёс ба тани Зайд беш аз он гарм бошад, ки андар қиёс ба тани Амр гарм буд. Бинобар ин, ба пизишкон чунин фармудаанд, ки ҳангоми гардонидани мизоҷ [танҳо] ба як дору, [агар суд набахшад], иктифо накунанд.
Чун мо суханро оид ба мизоҷи муътадил ба марзи камол расондем, акнун ба [мизоҷи] ғайри муътадил пардохта, бигӯем: Мизоҷҳои номуътадил, хоҳ онҳоро андар қиёс ба навъ, хоҳ ба синф, хоҳ ба шахс ва хоҳ ба андом гирӣ, баъд аз муштарак будан андар он ки муқобили муътадиланд, бар ҳашт [намуд] мебошанд ва ин ҳашт [намуд] бар ваҷҳи зерин бувад: Мизоҷе, ки хориҷ аз эътидол аст, ё сода буда, хориҷ шудани он андар яке [аз ду бахши] ба ҳам зид будӣ ва ё мураккаб буда, хориҷ шудани он андар ҳар ду бахши ба ҳам зид бувад. [Мизоҷи] содаи ба як ба ҳам зид берун аз эътидол ё андар ба ҳам зидди фоил берун аз эътидол буда, он бар ду қисм аст, зеро он ё беш аз он гарм бошад, ки вайро бояд, вале на беш аз он тар ё хушк бошад, ки бояд; ва ё беш аз он сард аст, ки бояд ва на беш аз он тар ва ё хушк бошад, ки бояд. Ё ин ки андар ба ҳам зидди феълпазир берун аз эътидол буда, ин [низ] бар ду қисм бувад, зеро ё беш аз он гарму сард бошад, ки боистӣ; ва ё беш аз он тар бошад, ки бояд ва на беш аз он гарму сард бувад, ки бояд.
Лекин ин чаҳор [мизоҷи номуътадил] бар як ҳол нестанд ва замоне, ки битавон андоза кард, пойдор нахоҳанд монд. Зеро [мизоҷи] гармтар аз ҳадде, ки боистӣ, танро хушктар аз ҳадде бигардонад, ки бояд ва [мизоҷи] сардтар аз ҳадде, ки бояд, танро бо тарии бегона тартар аз ҳадде бигардонад, ки боистӣ. [Мизоҷи] хушктар аз ҳадде, ки бояд, танро зуд сардтар аз ҳадде бигардонад, ки бояд ва [мизоҷи] тартар аз ҳадде, ки бояд, агар ба ифрот бирасад, танро зудтар аз мизоҷе сард бигардонад, ки хунуктар бошад.
Агар ба ифрот нарасида бошад, танро муддати бештаре нигоҳ дорад, вале саранҷом сардтар аз ҳадде бисозад, ки боистӣ. Ту аз ин бояд бифаҳмӣ, ки эътидол ва тандурустӣ аз сардӣ дида нисбат ба гармӣ муносибати қавитар доранд.
Ин буд чаҳор [мизоҷи номуътадили] сода.
Аммо [мизоҷҳои номуътадили] мураккаб, ки дар онҳо хориҷ шудан андар ҳар ду бахши ба ҳам зид сурат бигирад, мисли ин аст, ки мизоҷ беш аз ҳадде ҳам гарму ҳам тар бошад, ки боистӣ, ё беш аз ҳадде ҳам гарму ҳам хушк бошад, ки боистӣ, ё беш аз ҳадде ҳам сарду ҳам тар бошад, ки боистӣ ва ё беш аз ҳадде ҳам хушку ҳам сард бошад, ки боистӣ.

пешина
аз 1215
навбатӣ