Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Лекин синни наврасӣ ба синни кӯдакӣ, ки андомҳои навзод ҳанӯз қобили ҳаракат ва бархостан нестанд, ба синни бачагӣ, ки он баъди роҳравӣ ва пеш аз сахт шудани [андомҳо] буда, ҳанӯз дандонҳо пурра афтида аз нав набаромада бошанд, ба синни инкишоф, ки баъди сахт шудани андомҳо ва рӯидани дандонҳо ва пеш аз балоғат аст, ба синни навҷавонию балоғат, ки то баровардани риш аст ва сипас ба синни ҷавонмардӣ, ки то боз истодани болиш аст, тақсим бигардад.
Мизоҷи бачагон, яъне аз [рӯзгори] бачагӣ то наврасӣ, андар гармӣ муътадилмонанд ва андар тарӣ беш аз он аст.
Баъд, андар миёни пизишкони пешин оид ба гармии [мизоҷи] бача ва барно ихтилоф аст. Бархе аз эшон ақида доранд, ки гармии [мизоҷи] бача бештар буда, бинобар ҳамин бештар сабзиш меёбад ва феълҳои табииаш аз қабили иштиҳо ва гувориш бештару давомноктар буда, гармии модарзодии аз манӣ ситонидаи ӯ ҷомеътар ва навтар аст.
Бархе дигар аз эшон чунин ақида доранд: гармии модарзодӣ андар барноён барои он хеле қавитар аст, ки хуни эшон бештару қавитар буда, бинобар он беш ва қавитар аз дигарон ба хуни бинӣ гирифтор оянд; мизоҷи эшон бештар ба сафро ва мизоҷи бачагон ба балғам бигароянд; ва ҳаракатҳои эшон аз ҳама қавитар буда, [маълум аст, ки] ҳаракат ба гармӣ вобаста аст. Барноён андар хуш дарёфтан ва гуворидани [ғизо] беш аз ҳама қавӣ буда, ин [кор] ба миёнҷии гармӣ ба амал ояд. Аммо иштиҳо бошад, на ба гармӣ, балки ба ёрии сардӣ падид ояд. Бинобар ҳамин иштиҳои сагона аксар вақт аз сардӣ рӯй диҳад. Далели [таомро] ниҳоят хуб дарёфтани барноён ин аст, ки эшонро он маниши гаштан, қай ва хом мондане, ки бачагонро ба сабаби бадгуворӣ рӯй бидиҳанд, ба амал намеоянд. Далели ба сафро моил будани мизоҷи [барноён] ин аст, ки бештари бемориҳои эшон, аз қабили таби рӯзафкан, [бемориҳои] гарм буда, қайи эшон сафровист. Бемориҳои бачагон бошанд, бештари онҳо тари сард буда, табҳояшон балғамиянд ва ҳар чӣ ба қай берун андозанд, балғам бувад. Аммо сабзиш андар бачагон на аз қувваи гармии эшон, балки ба сабаби зиёдии тарии онҳост. Низ фузунии иштиҳои эшон далели кам будани гармии эшон бувад.
Ин буд ақидаи ҳар ду гурӯҳи [пизишкон] ва ҳуҷҷатҳои эшон.
Аммо Ҷолинус [ақидаи] ҳар ду тоифаро рад намуда, чунин пиндорад, ки гармӣ аслан андар ҳар ду [рӯзгор] баробар аст, лекин гармии бачагон андар камият бештару андар кайфият, яъне тезӣ камтар ва гармии барноён ба камият камтару ба кайфият, яъне тезӣ бештар аст. Баёни ин ба тавре ки ӯ гуфтааст, чунин бошад: Бояд тасаввур намуд, ки гармии андар миқдор айнан якхела ва ё ҷисми тунуки гармӣ андар камияту кайфият якхела боре андар гавҳари хушки кам, масалан [андар] санг паҳн бигардад ва ҳар гоҳ чунин [коре] ба амал ояд, мо чизи обии гармро андар камият бештар ва андар кайфият мулоимтар ва чизи сангии гармро андар камият камтар ва андар кайфият сахттар дармеёбем. Вуҷуд доштани [чизи] гармро андар бачаҳову барноён ба ҳамин қиёс гир. Ба ростӣ, бачаҳо аз мании бисёр гарм зода шаванд ва ин гармиро минбаъд ягон сабабе ориз нагардад, ки то хомӯшаш бисозад. Бача ҳамеша андар афзоишу болиш буда, боз наистад, пас чӣ гуна ӯ пас биравад?
Аммо барно бошад, ӯро ягон сабабе нест, ки гармии модарзодиашро биафзояд ва на низ ӯро сабабе бувад, ки боиси хомӯш гардидани он гардад, [11] балки ин гармӣ андар ӯ бо ёрии тарие, ки ҳам андар камият ва ҳам андар кайфият камтар аст, то ҳангоми рӯ ба пастравӣ ниҳодан нигоҳ дошта мешавад. Камии ин тарӣ на ба қиёси нигаҳдории гармист, балки ба қиёси болиш кам бувад. Андар оғоз тарӣ гӯё ба андозаест, ҳар ду ҳолатро кифоят кунад, на яке аз дуро ва бинобар он ба андозае, (12) ки гармиро нигоҳ дорад ва барои болиш низ зиёдатӣ кунад. Баъд, ба анҷом ба андозае бирасад, ки на ҳар ду амр ва на яке аз ду амрро кифоят кардан натавонад. Пас, воҷиб ояд андар миён ба қадре бошад, ки яке аз ду амрро кифоят кунаду дигариро не.
Гуфтан муҳол аст, ки барои нумӯ кардан кифоя асту барои нигоҳ доштани гармии модарзодӣ кифоят нест. Ба дурустӣ он чӣ гуна тавонад чизеро биафзояд, ки асли [вайро] нигоҳ доштан наметавонад? Пас, ин боқӣ монд, ки барои нигоҳ доштани гармӣ кифоят асту барои нумӯ кифоя нест. Маълум аст, ки ин син синни барноён бувад.
Аммо гуфтаи гурӯҳи дуввум «болиш андар бачагон ба сабаби тарӣ аст, на гармӣ», ботил аст. Чунки тарӣ моддаи болиш аст ва модда на аз пеши худ, балки ҳангоми феъл кардани қувваҳои фоил андар вай мутаассир гашта, хулқе ба худ бигирад. Қувваи фоил андар ин ҷой ба фармони Худои бузург нафс ва ё табиат аст. Вай ҷуз ба афзор коргар нест ва ин афзор гармии модарзодист. Низ гуфтаи дигари эшон «қувваи иштиҳо андар бачагон ба сабаби сардии мизоҷ аст», гуфтаи бекора бувад. Чунки ҳамроҳи ин иштиҳои табаҳ, ки ба сабаби сардии мизоҷ аст, хуб дарёфтани ғизо ва ғизо гардидан ҷой надорад, вале андар бачагон хуб дарёфтани ғизо аксар вақт бештар аз андозаест, ки боистӣ. Агар чунин намебуд, аз барои нумӯ кардан бадали чизи ба таҳлил харҷ шударо, ки ғизост, ба миқдори беш аз [худи он чиз] намепазируфтанд. Лекин мумкин аст, эшонро ба сабаби пурхорӣ, бетартиб ғизо хӯрдан, чизҳои бад, тар ва бисёр тановул кардан ва аз паси он ҳаракатҳои табоҳкунанда намудани эшон, хусусан андар шуши эшон, фазлаҳои бештар ҷамъ гардад ва эшон ба пок кардани [тан] бештар ниёзманд буванд. Бинобар ин набзи бачагон ниҳоят думодуму тез буда, дорои бузургӣ нест, зеро қуввати эшон ҳанӯз тамомият наёфтааст.
Ин буд гуфтор андар баёни мизоҷи бача ва барно ба ҳасби он чи ки баёни онро Ҷолинус ба уҳда гирифтааст ва мо аз забони ӯ нақл намудем.
Баъд, бояд бидонӣ, ки гармӣ баъд аз рӯзгори «бозистӣ»
ба коҳиш ёфтан сар кунад, зеро ҳавои иҳотакарда моддаи онро, ки тарист, биситонад. Андар ин кор гармии модарзодӣ низ аз дарун ба вай ёрӣ расонда, ҳаракатҳои баданию нафсонии андар зиндагӣ зарурӣ ба он ҳамкорӣ кунанд ва табиат аз муқовимати он ҳамеша оҷиз ояд. Чунки ҳароина тамоми қувваҳои ҷисмонӣ поёнпазир буда, ин андар илми табиӣ ба исбот расидааст ва феъли онҳо андар ворид сохтани [бадал] доимӣ нест. Агар ин қувва низ номутаноҳӣ мебуд ва бадали чизи харҷшударо ҳамеша ба як миқдори баробар ворид мекард ҳам, боз ба иллати он, ки харҷшавӣ ба як миқдор нест, балки ҳар рӯз андар афзоиш аст, он бадал харҷшавиро муқовимат кардан наметавонист, балки харҷшавӣ тариро барҳам мезад.

пешина
аз 1215
навбатӣ