Қонуни тиб

- ҶАВЗ МОСИЛ1 – ТОТУРА, бангидевона Datura stramonium L.; D. metel L.
Моҳият: Ин заҳри карахткунанда буда, ба гавз шабоҳат дорад, рӯи онро хорҳои ситабри кӯтоҳ пушидаанд ва шабеҳ ба гавзи қай2 бувад. Донаи он мисли донаи турунҷ аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Тотура карахткунанда аст.
Андомҳои сар: Тотура суботоваранда ва барои мағз бад бувад. Як донги он маст бикунад.
Заҳрҳо: Тотура душмани дил аст ва як дирамсанги он худи ҳамон рӯз бикушад.
167. ҶОСУС1 – ХАШХОШИ САФЕД
Silene vulgaris (Moench) Garke.
Хосиятҳо: Ин аз ҷиҳати қувват ва табъ ба ҷаброҳанг шабеҳ аст. Як ошомидании он ним дирамсанг бувад.
Ин буд охирин сухан аз ҳарфи «ҷим» ва маҷмӯъи он иборат аз сӣ намуд доруст.
Фасли чаҳорум
гуфтор андар баёни ҳарфи «дол» /د/
- ДОРСИНӢ – дорчин, ДОРЧИНӢ Cinnamomum zeylanicum Nees.
Моҳият: Дорчиниро синфҳои бисёрест, ки онҳо ба ҳасби маҳалли хеш дорои номҳои гуногунанд. Синфе аз он хуб, то андозае моил ба сиёҳӣ, кӯҳӣ, ситабр ва кӯтоҳ аст. Синфи [дигар] сафеди ковок, дамида, бехаш резонак, сиёҳи ҳамвор ва камгиреҳ бувад. Синфе аз онро бӯй чун бӯи салиха буда, ба сабзӣ бигарояд ва пӯсташ чун пӯсти он сурх бошад. Ин яке аз [дорчиниҳоест], (289) ки хусусан агар онро кӯфта, бо шароб қурс сохта бошанд, қувваташ дер боз бимонад. Дисқуридус гуфтааст: «Андар бархе аз дорчинӣ ба изофаи хушии бӯй як миқдор бӯи судоб ва ё бӯи қардамоно ёфт шавад, гарм ва забонгазанда бувад ва дорои як миқдор шӯрӣ ва гармист. Агар онро бисованд, зуд аз ҳам нарезад ва агар онро бишкананд, он чи ки андар миёни шохаҳои он ҷой дорад, монанди хок ва борик бувад. Агар бихоҳӣ, ки дорчиниро бисанҷӣ, пораи аз як бехи ягона иборатро бигир. Бад-ин гуна санҷидани он осон бувад, зеро аз ҳам резандаи он дорчинии омехта хоҳад буд». Низ ӯ бигӯяд: «Аз ҷумлаи дорчинӣ як синфест, ки «дорчинии дурӯғин» ном дорад. Ин то андозае бӯй дошта, дурушт аст ва қувваташ заиф бувад». Навъе аз дорчиниро «дорчинии зинҷӣ» номанд. Он ба намуди зоҳирӣ монанди дорчинист, вале бо гаронбӯйӣ аз ҳам фарқ кунанд. Аммо дорчиние, ки ба «қирфа» маъруф аст, бо бехи худ ва сергиреҳӣ дорчиниро монад. Ин дорчинии чӯбӣ буда, дорои чӯбчаҳои дарози сахт аст ва хушбӯияш хеле камтар аз хушбӯии дорчинӣ бувад. Бархе аз мардум чунин тасдиқ кунанд, ки қирфа ҷинси дигар ва ғайри дорчинист ва он аз табиати дигари ғайри табиати дорчинӣ бувад. Гоҳе аз дорчинии дурӯгин равған бигиранд ва ҷогаҳ кунанд».
Ихтиёр: Беҳтарини дорчинӣ онест, ки хушбӯй, мазааш тези бе газандагӣ ва рангаш холиси ғайри омехта бо
шад. Дисқуридус гуфтааст, ки беҳтарини ин синф [дорчинӣ] онест, ки сиёҳи моил ба ранги хокистарӣ ва сурхчатоб бувад, ҳамвор бошад, [шохаҳои] борики он баҳам наздик бошанд, дорои ширинӣ, шӯрӣ ва газандагии андаке бошад ва бисёр резонак набошад. Яке аз [нишонаҳои] хубии дорчинӣ ин аст, ки бар ҳар як бӯи ғайраш буда ғолиб ояд ва ҳамроҳи он [бӯи бегона] ҳис карда нашавад. Дорчинии бад ё [бӯи] ушна, ё кундур, ё салиха ва ё бӯи бад кунад. Дорчинии сафеди азҳамрезанда ва инчунин дорчинии фишурдаи ҳамвори бехаш дурушт бад аст. Қувваи дорчиниро ба ин тариқ нигоҳ доранд, ки онро баъд аз кӯфтан қурс созанд. Вагарна баъд аз гузаштани понздаҳ сол ва ё камтар аз он заиф бигардад. Аз миёни дорчинӣ онеро бояд интихоб кард, ки як бех бошад ва оне, ки парешон аст, мағшуш бувад, зеро бахши хуби он андар оғози санҷиш биниро бо бӯи хеш пур кунад ва бинобар он нагузорад, ки бахши бади он шинохта шавад.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Дисқуридус гуфтааст, ки қувваи ҳар дорчиние нармкунандаи кушоянда аст. Он аз ғояти латифӣ ва кашандагии хеш ҳар гуна гандагӣ, ҳар гуна қувваи табаҳкунанда ва ҳар гуна хилти римии фосидро ба ислоҳ оварад. Равғани он ниҳоят ҳалкунандаи гарм ва гудозанда бувад.
Оростагӣ: Дорчиниро бар доғи кунҷида ва кунҷидаи сурхи наскмонанд зимод кунанд ва бо сирко аз барои табишҳои ширӣ [ба кор баранд].
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Аз барои парюн ва решҳо созгор бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Равғани дорчинӣ, аз барои раъша бисёр аҷиб аст.
Андомҳои сар: Дорчинӣ аз зуком судманд аст. Равғани он сарро гаронӣ оварад ва он ба сабаби кашидани рутубатҳои мағз онро пок кунад. Дорчинӣ аз ҷумлаи чизҳо ест, ки дарди гӯшро фурӯ нишонад ва андар зимни доруҳои он бидарояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо