Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Даҳмаст барои истирхои асаб, фалаҷ ва лақва хуб аст.
Андомҳои сар: Судаи он атсаоваранда бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз омосҳои ҷигар ва испурч судманд аст.
Андомҳои ронанда: Даҳмаст аз қулинҷ суд бахшад.
180. ДАВСАР – ДУСАР, ҶАВИ ЁБОӢ
Aegilops ovata L.
Моҳият: Ин гиёҳест, ки баргаш барги гандумро монад, лекин аз он нармтар бувад. Самари он дорои ду ва ё се парда буда, бар он чизе чун мӯй ҷой дорад. Гоҳе аз он оби фишурда бигиранд ва нигоҳ доранд ва он аз [худи] гиёҳ беҳтар бошад.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар дараҷаи дуввум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Дусар дорои хушкифизоӣ ва таҳлил аст.
Омосҳо ва табишҳо: Дусар омосҳои нав ба сахтшавӣ оғозкардаро нарм кунад ва сахтшавии онҳоро боз дорад.
Оростагӣ: Яке аз хосиятҳои он чунин аст, ки «бемории рӯбоҳ»-ро бибарад.
Андомҳои чашм: Аз ғарб судманд аст.
181. ДАРДОР – ДАРДОР
Ulmus campestris L.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст, ки ин дарахтест, чун дарахти бед. Аҳли Шом инро «дардор» ва аҳли Ироқ «дарахти пашша» хонанд. Аз он кулоҳакҳои дамкардае чун анор берун оянд ва андар онҳо рутубате бошад, ки пашша бигардад ва чун бикафанд, аз он пашша берун ояд.
Ҳамчунин рутубате, ки андар ғилофакҳо ҷой дорад, чун бихушкад, аз он ҷонваре шабеҳи пашша падид ояд. Баргҳои сабзи ин дарахтро агар пухта гарданд, бихӯранд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Дардор дорои гирандагӣ ва зудудан бувад. Пӯсти он гиранда ва бехаш [низ] ба он наздик аст.
Оростагӣ: Рутубати кулоҳакҳои он рӯйро ва пӯсташ ба ҳоли тозагӣ бо сирко бинишро1 бизудояд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Пӯсти онро чун бандина бар захмхӯрдагиҳо ва ҷароҳатҳо бибанданд, онҳоро фароҳам оварад. Барги он низ чунин бувад. Аммо қишр ва шукуфаи он барои ҷароҳатҳо хуб аст. Сабӯсаки аз пӯсти он резанда ва чизе, ки аз он мисли орд бирезад ва хусусан агар ҳамроҳи як чанди худ аз анисун бо матбух сиришта шавад, хазидани [омосҳои] палидро боз доранд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Оби ҷӯшонидаи бех ва барги онро бар устухонҳои шикаста натул кунанд.
Андомҳои ронанда: Агар як мисқол аз пӯсти ситабри он бо матбух ва ё бо оби сард биошоманд, балғамро биронад.
182. ДИВДОР – ДЕВДОР
Cedrus deodara Loud. seu С. Libani Barr.
Моҳият: Девдор аз ҷинси бурс аст ва онро «санавбари ҳиндӣ» гӯянд. Шохҳои он ба шохҳои зурунбод монанданд ва он андаке тезӣ дорад. Шири девдор, ки он лабани ӯст, гарми тези ташнагифизост.
Табъ: Хушкии он андар дараҷаи севвум [ва] бештар

аз гармияш бошад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Шири он дорои тезиест, ки бисӯзонад ва андар гавҳари он гирандагист.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Девдор аз барои истирхои асаб, фалаҷ ва лақва ба андозае хуб аст, ки аз он беҳтар чизе нест.
Андомҳои сар: Аз бемориҳои сарди мағз, сакта ва саръ судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Шири он ташнагӣ биафзояд.
Андомҳои ронанда: Девдор санги гурда ва обгаҳро хурд бикунад, табиат бибандад ва андар оби ҷӯшонидаи он нишастан истирхои мақъадро бибарад.
183. ДУРДӢ – ДУРД
Sedimentum
Ихтиёр: Беҳтарин дурд ва солимтарини он дурди хамри куҳан аст, сипас он чизе бошад, ки бад-он монад.
Дурди сирко сахт қавӣ аст ва онро баъд аз хуб хушконидан чунон нарм бояд сӯхт, ки кафки дарёро андар пораи гиландуд ва ё андар дег бисӯзанд.(294) Ниҳояти сӯзондани он бояд ба андозае бошад, ки сафед гардида, ба гардҳои хурд табдил ёбад. Ҳар як дурдро чунин бикунанд. Бояд онро ҳангоми тоза будан ба кор бурд ва сӯзиши лозимаро барои он иҷро намуда, он гоҳ онро ба кор баранд, зеро кӯҳани он андар қувват заифтар бувад.
Онро бояд андар зарф пинҳон кард то ба ҳавои кушод дучор наояд. Гоҳе онро чун шустани тӯтиё бишӯянд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Дурди сирко қавитарини дурдҳост ва қувваи он зудояндаи гиранда бувад. Дурди сӯхта бо қувваи дигаре сӯзандаи уфунатоваранда аст.
Оростагӣ: Дурди сӯхтаро бо ротинаҷ бар нохунҳои сафедшуда ба кор баранд, онҳоро дуруст кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Дурди носӯхта як худаш ва инчунин бо мурд барои бодгирифтагӣ хуб аст. Он табишҳоеро, ки ҳамроҳашон реш нест, бигардонад.
Андомҳои сина: Дурди носӯхта афрӯхтагии пистонеро, ки андар он хун банд шуда бошад, хомӯш кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Дурди носӯхта сайлони моддаҳоро ба сӯи меъда боз дорад.
Андомҳои ронанда: Агар раҳмро аз берун бо дурди носӯхта зимод кунанд, аз омадани хуни ҳайз судманд бошад.
184. ДУХОН – ДУД; ДУДА
Fumus; Fuligo
Моҳият: Ин гавҳари хокии латифест, ки бо гавҳари хеш дигаргун бигардад. Ҳамаи синфҳои дуда бо гавҳари хокии худ хушккунандаанд ва андар онҳо андаке [гавҳари] оташист.
Ихтиёр: Қавитарини онҳо дудаи қатрон, сипас дудаи зифти тар, сипас дудаи майъа, сипас дудаи мурр, сипас дудаи кундур ва баъд аз он дудаи хинҷак аст. Чунин гумон биравад, ки дудаи нафт беш аз ҳама қавист.
Феълҳо ва хосиятҳо: Дуда пазонандаи ҳалкунанда аст.
Андомҳои чашм: Дудаи кундур ва дудаи хинҷак низ андар зимни доруҳои реши чашм бидароянд. Дуда рӯидани мӯй, сулоқ, хӯра шудан ва рутубатҳое, ки бидуни рамаданд ва решҳои гӯшаҳои чашмро боз дорад.

пешина
аз 1215
навбатӣ