Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳар гоҳ ин [сафро] андар ҷигар падид ояд, ду бахш шавад: бахше аз он ҳамроҳи хун биравад ва бахши дигаре аз он андар заҳра полуда бигардад. Бахши ҳамроҳи хун рафта аз барои зарурат ва манфиат ҳамроҳи он биравад. Аммо зарурат он бошад, ки боистӣ вай андар ғизо додани андомҳое бо хун омехта бошад, ки сазоворанд то андар ғизои эшон ҷузъи солеҳе аз сафро ба ҳасби миқдори барояшон қисматшуда ҷой дошта бошад. Масалан, шуш [чунин эҳтиёҷ дорад]. Аммо манфиат[аш] бад-ин гуна аст, ки он бояд хунро рақиқ намуда, онро аз гузаргоҳҳои танг бигузаронад.
Бахши андар заҳра полудаи сафро низ майл ба зарурату манфиат дорад. Зарурат ё ба ҳасби тамоми тан аст, ки он пок намудани тан аз фазла бувад ва ё ба ҳасби яке аз андомҳои тан аст, яъне барои ғизо додани заҳра бувад.
Аммо манфиат бар ду қисм аст: якум ин ки вай рӯдаҳоро аз фазла ва балғами часпак бишӯяд; ва дуввум ин ки рӯдаҳову мушакҳои меъдаро бигазад, то ки ҳоҷат ҳис карда шавад ва эҳтиёҷи ба ҳоҷат бархостан падид ояд. Бинобар ин, гоҳо баста шудани роҳи аз заҳра ба рӯдаҳо фурудоянда боиси қулинҷ бигардад.
Қисме аз сафрои ғайритабиӣ он бошад, ки аз табиат берун омадани вай ба сабаби берунаи бо вай омехта ба амал ояд ва қисми дигаре аз он бошад, ки аз табиат берун шудани вай ба сабаби андар гавҳари хеш ғайритабиӣ будан, яъне ба сабаби андар вай ҷойдошта ба амал ояд.

  1. Бахше аз қисми якум чизест, ки маъруф ва машҳур аст. Вай сафроест, ки чизи бегонаи бо вай омехташуда балғам буда, аксар вақт андар ҷигар тавлид гардад. Бахши дигаре аз он камтар шуҳрат дошта, сафроест, ки чизи бегонаи бо вай омехтагардида савдо бувад. Бахши маъруфу машҳур ё талхаи зард аст ва ё талхаи ба зардии хояи мурғ монанд. Чунки аз балғаме, ки бо вай биомезад, гоҳе қисми якум падид ояд ва гоҳе агар ситабр бошад, қисми дуввум, яъне сафрое падид ояд, ки ба зардии хоя монанд аст. Аммо бахше, ки камтар маъруф аст, сафроест, ки «сафрои сӯхта»-аш номанд ва пайдоиши вай бар ду рӯй бувад: якум ин ки сафро андар хештан сӯхта, андар вай бахши хокистарӣ падид ояд ва саранҷом бахши тунук аз бахши хокистарӣ ҷудо гардида, фарқ накунад, балки бахши хокистарӣ андар вай банд бимонад, ки ин бад бувад; дуввум ин ки савдо аз берун ба он ворид шуда, биомезад ва ин қисм безарартар бувад. Ранги ин синфи сафро сурх аст, лекин равшану баланд нест, балки ба хун монандӣ дошта, рақиқ аст ва рангаш ба сабабҳои гуногун бигардад.
  2. [Бахши дуввум, ки] андар гавҳари хеш аз табиат берун омадааст, як қисм аз он чизест, ки ҳар чи бештар андар ҷигар тавлид шавад ва қисми дигар аз он чизест, ки ҳар чи бештар андар меъда тавлид ёбад. Оне, ки ҳар чи бештар андар ҷигар тавлид шавад, аз як синф иборат аст. Яъне вай қисми тунуки хунест, ки бахши ситабри он сӯхта, савдо гардидааст. Оне, ки ҳар чи бештар андар меъда тавлид гардад, бар ду қисм аст: ганданогун ва зангорӣ. Сафрои ганданогун шояд аз сӯхтани сафрои ба зардии хоя монанд падид ояд. Зеро агар вай сӯхта гардад, сӯзиш андар он сиёҳиеро ба амал оварад, ки омехта ба зардӣ буда, сипас аз миёни ин ду ранг сабзӣ падид ояд. (16) Аммо зангорӣ бошад, шояд аз сафрои ганданогун ба амал ояд, яъне бад-ин тариқ ки сӯзиши вай шиддат гирифта, ба дараҷае бирасад, ки тарии ин биравад ва ба иллати хушкӣ сафедчатоб бинамояд. Чунки гармӣ андар ҷисми тар нахуст сиёҳӣ ба амал оварад, сипас аз он чун тариро барҳам занад, сиёҳиро кашида биандозад. Агар ин корро ба ифрот бирасонад, он ҷисмро сафед хоҳад кард. Инро андар чӯби тар тааммул бинамо. Вай нахуст ангиштгун гардида, баъд хокистарӣ бигардад. Чунки гармӣ андар [чӯби] тар сафедӣ ва андар зидди он сиёҳӣ ба амал оварад. Ин ду ҳукм андар баёни сафрои ганданогун ва зангорӣ тахмини ман аст.
    Ин навъи зангорӣ гармтарин, бадтарин ва қотилтарин навъи сафро бувад. Гӯянд, ки он аз гавҳари заҳрҳо ба амал ояд.
    Аммо савдо бошад, бахше аз он табиӣ ва бахше фазлаи ғайритабиист. Савдои табиӣ дурди хуни сутуда, шин ва тирагии он аст. Мазаи вай миёни шириниву тундмазаист. Ин [савдо] чун андар ҷигар тавлид шавад, бар ду пора бигардад. Як пора аз он ҳамроҳи хун биравад ва пораи дигар ба сӯи испурч гузарад. Порае, ки ҳамроҳи хун нуфузкунанда аст, барои зарурат ва манфиат нуфуз кунад.
    Зарурат ин аст, ки бояд ба миқдори лозимӣ барои ғизо додани ҳар як андоме бо хун биомезад, ки андар ғизои вай воқеъ будани баҳраи дурусте аз савдо воҷиб аст. Масалан, устухонҳо [чунинанд]. Аммо манфиат ин аст, ки савдо хунро мустаҳкам, қавӣ ва ситабр намояд.
    Пораи ба сӯи испурч равандаи он савдоест, ки хун аз он бениёз буда, ин чиз низ барои зарурат ва манфиат нуфуз кунад. Аммо зарурат ё ба ҳасби тамоми тан аст ва он пок сохтан аз фазла бувад ва ё ба ҳасби андом буда, ин ғизо додани испурч бувад. Манфиат бошад, ҳангоме ба амал ояд, ки ин савдо [аз меъда] ба сӯи даҳони меъда кашида шавад.
    Ин манфиат бар ду рӯй аст: якум ин ки вай даҳони меъдаро мустаҳкам карда, зич ва қавӣ созад; дуввум ин ки вай даҳони меъдаро бо ёрии турушӣ хор-хор намуда, гуруснагиро ба ёдаш оварад ва иштиҳоро бедор кунад.
    Бидон, ки чунончи сафрои ба заҳра ҷалбшаванда [он қисм аз] сафроест, ки хун аз вай бениёз бошад ва сафрои аз заҳра берунраванда он қисм аз сафроест, ки заҳра аз вай мустағнист, ҳамчунин савдои ба испурч ҷалбшаванда савдоест, ки хун аз вай бениёз аст ва савдои аз испурч беруншаванда савдоест, ки испурч аз он бениёз бувад. Чунонки ин сафрои охир қувваи аз зер ронандаро бедор кунад, ҳамчунин ин савдои охир қувваи аз барсӯ кашандаро бедор созад. Пок аст он Худое, ки беҳтарини офаридгорон бувад!
    Аммо савдои ғайритабиӣ чизест, ки на ба тариқи тагшин шудану нишастан, балки ба тариқи хокистар гаштану сӯхтан падид ояд. Ба ростӣ, аз чизҳои тари омехта бо [бахши] хокӣ, бахши хокӣ бар ду рӯй ҷудо бигардад: ё бар ҷиҳати тагшин шудан ва мисоли ин барои хун савдои табиист, [ки онро «хилти савдоӣ» хонанд]; ё бар ҷиҳати сӯхтан аст, яъне ба ин тариқ, ки [бахши] тунук ҳал гардида, [бахши] ситабр боқӣ бимонад ва мисоли ин барои хун ва [14] хилтҳо савдои фазлавиест, ки онро «талхаи сиёҳ» гӯянд.
    Тагшинӣ ҷуз хунро нест, зеро аз балғам ба сабаби чун равған часпанда буданаш чизе тагшин нагардад. Сафро бошад, ба сабаби тунукии хеш ва кам будани [бахши] хокӣ андар вай, ба сабаби пайваста ҳаракат кардани он ва ба са баби камии миқдори он чизе аз он, ки андар тан аз хун ҷудо мегардад, ягон чизе аз вай тагшин нашавад, ки қобили мулоҳаза бошад.
пешина
аз 1215
навбатӣ