Қонуни тиб

Бо об ҷӯшонидаи онро аз барои заҳир ва исҳол [ба кор баранд]. Равғани он аз барои омосҳои мақъад хуб аст ва онро низ хусусан бо обкома пеш аз таом хӯрдан аз барои заҳир ва печиши ноф ҳуқна бирезанд. Шанбалид ба сабаби тезии худ хусусан бо ангубин барои рондани бироз амал кунад, вале набояд зиёд ба кор бурд, то сӯзиши сахт ба амал наоварад. Ҷӯшонидаи он бо ангубин рутубатҳои ситабрро аз рӯдагон фурӯ ронад ва пешобу хуни ҳайзро битозонад. Онро бо пиҳи мурғобӣ ба зер баргиранд, аз сахтии раҳме суд бахшад, ки ба иллати хушкии хеш сахтзоиш аст. Он аз барои худовандони бавосир хуб аст. Бирозро хушбӯй кунад ва пешобу арақро бадбӯй. Шанбалид аз ҷиҳати ба душворӣ берун шудан ба дараҷаи боқилии мисрӣ намерасад.
258. ҲИРЗАВН – СУСМОР
Stellion
Моҳият: Ҳирзавн сусмор аст ва табъаш ба табъи варал наздик буда, бо ғизобахшии худ шабеҳи варал бувад.
Андомҳои чашм: Саргини он аз барои сафедӣ ва хориш [судманд аст] ва биноиро тез кунад.
259. (321) ҲАЛАЗУН – ЛЕСАК
Helix pomatia Z.
Моҳият: Ин аз ҷумлаи садафҳост.
Феълҳо ва хосиятҳо: [Гармии] хунро хомӯш кунад.
Андомҳои чашм: Сӯхтаи он барои решҳои чашм [судманд аст].
260. ҲАВР РУМӢ1 – САФЕДОРИ РУМӢ
Populus nigra L.
Моҳият: Инро «акирус»2 хонанд.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум3 сахт гармӣ бидиҳад ва андар дараҷаи якум хушкӣ физояд. Шукуфаи он беш аз ҳама гармӣ бидиҳад ва самғи он андар ғояти гармидиҳӣ бувад.
Андомҳои сар: Меваи он бо сирко аз саръ судманд аст.
261. [ҲУНБАЗ]1 – ГУНБАД
Flos granati (Punica granatum Z.) Моҳият: Баъзеҳо гӯянд, ки ин гулнори хузистонист.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Асабро зиён дорад ва ташаннуҷ падид орад.
262 ҲАШИШАТУ-З-ЗУҶОҶ – «ГИЁҲИ ОБГИНА»
Parietaria officinalis L.
Моҳият: Ин гиёҳест, ки бо он обгинаро бизудоянд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Он ба изофаи рутубатнокӣ гиранда, часпонанда, поккунанда ва нармкунанда аст.
Омосҳо ва табишҳо: «Гиёҳи обгина» омосҳоро фурӯ нишонад ва барги онро аз барои оташак, оташсӯхта ва омосҳои балғамӣ биошоманд. Фишурдаи онро бо сафедаи арзиз бар намла ва сурхбод [ниҳанд] ва бо он ҳангоми варами бодомакҳо ғарғара кунанд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: «Гиёҳи обгина»-ро бо мумравған бар ниқрис [тило кунанд].
Андомҳои сар: Фишурдаи онро бо равғани гул аз ба
рои дарди гӯш [ба кор баранд]. «Гиёҳи обгина» ва фишурдаи онро ҳангоми омоси бодомакҳо ба ком ниҳанд.
Андомҳои нафаскашӣ: Фишурдаи онро аз барои сурфаи деррав дам кашанд.
Андомҳои ронанда: «Гиёҳи обгина» бавосирро нест кунад.
263. ҲАРБА1 – «НАЙЗА», САРАХСИ НАЙЗАДОР
Aspidium lonchitis SW.
Моҳият: Инро «лунхитис»2 гӯянд. Ин тухмест, ки мисли найза сегӯша аст ва баргаш [низ] сегӯша буда, ба барги сақулуфандариюн3 монанд аст.
Табъ: Бӯстонии онро гармӣ андак аст ва даштии он андар дараҷаи дуввуми гармист.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: «Найза»-и тоза ҷароҳатҳоро фароҳам орад.
Андомҳои ғизокашӣ: Пӯсти онро бо сирко бар бемории испурч [гузоранд] ва барги хушки онро агар биошоманд, бемории испурчро беҳ кунад.
Андомҳои ронанда: «Найза» ва хусусан барги он, ки шабеҳ ба барги сақулуфандариюн аст, пешобро битозонад.
264. ҲОЛИБӢ1– ҲОЛИБӢ, «МЕЗАНОӢ»
Aster atticus Call
Моҳият: Ин растаниест, ки онро «мезанойӣ» гӯянд, зеро зимод кардан ва ё овехтани он барои омосҳои мезаной хосияти шифобахшӣ дорад. Он мисли гул аз чанд қувва таркиб ёфтааст.
Табъ: Ҳолибӣ баробари гармӣ қувваи сардкунандагӣ дорад.
Хосиятҳо: Ҳолибӣ ҳалкунанда аст ва дорои қувваи сардкунандаи ронанда бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Зимоди ҳолибӣ он тараф, ҳатто овехтани он беморӣ ва омоси андар мезаной падидояндаро шифо бахшад. [Онро астеротиқус хонанд ва андар [фасли] ҳарфи «алиф» ёд карда шуд]2.
265. ҲАЗО – ДИНОРӮЯ
Echinophora tenuifolia Z.
Моҳият: Ин зуфаро1 ва динорӯя2 аст ва мо андар [бобҳои] гузашта онро ёд кардем.
266. ҲОСИС1 – ХАШХОШИ САФЕД
Silene vulgaris (Moench) Darke.
Моҳият: Ин дору арманист ва низ гӯянд, ки он форсист. Хузистониён гӯянд, ки он аз уфурбиюн2 қавитар аст ва агар як ошомидании онро беш аз як дирам бигиранд, бикушад.
Табъ: Андар дараҷаи чаҳорум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Сӯзонанда ва бетаъм аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Меъдаро бисӯзонад ва қай оварад.
267. ҲАББУ-Л-БОН – ДОНАИ БОН
Semen Moringae.
Моҳияти он: Ин андар боби «бо» [ба ҳангоми зикри «бон»] ёд карда шуд1.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо