Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳар гоҳ андар лифи ин рагҳо паҳн бигардад, чунон бошад, ки гӯӣ ҷигар бо тамомияти хеш ҳамаи ин килусро дарёфтааст. Бинобар он феъли ҷигар андар [килус] сахттару тезтар буда, онро бипазонад. Ҳангоми ҳар як чунин пазиш чизе чун сарҷӯш ва чизи дигаре чун дурд падид оянд. Гоҳе агар пухтанаш ба ифрот бирасад, ҳамроҳи ин ду чизе падид ояд, ки ба сӯхтагӣ бигарояд [15] ва ё агар пухтан нотамом бимонад, чизе ба амал ояд, ки мисли чизи норасид бошад.
Пас, сарҷӯш сафросту дурд савдо ва ҳар ду табииянд.
Қисми латифи сӯхтагӣ сафрои бад ва қисми ситабри он савдои бад аст ва ҳар ду ғайри табиӣ буванд. [Қисми] норасид балғам аст. Аммо чизи ба шакли пухта аз ин ҷумла покгардида хун бувад. Вале вай баъд аз муддате андар ҷигар истодан ба сабаби фузунии [унсури] обие, ки ба иллати ёдшуда мавриди ниёзмандист, беш аз андоза тунук бигардад. Лекин ин қисме, ки хун аст, чун аз ҷигар ҷудо шавад, баробари ин ҷудошавӣ низ аз [унсури] обии зиёдатие пок гардад, ки ба сабаби аз миён рафтае мавриди эҳтиёҷ буд. Ин [оби зиёдатӣ] андар раги ба сӯи гурдаҳо фурӯдоянда аз хун ҷабида шавад ва он ҳамроҳи худ аз хун чизеро кашида бибарад, ки бо камият ва кайфияти худ қобили ғизо додани гурдаҳост. [Бахши] пиҳӣ ва хунии ин [унсури] обӣ гурдаҳоро ғизо диҳад ва боқимондаи он ба обгаҳ [ва аз он ҷо] ба сӯи пешоброҳа биравад.
Аммо хуни хуби қивомёфта ба сӯи шоҳраги аз кӯзии ҷигар раста ронда шавад. Баъд, варидҳои аз он ба шохаҳо ҷудошуда, сипас ҷӯйҳои варидҳо, баъди он ҷӯйчаҳои ҷӯйҳо, баъд пистонҳои ҷӯйчаҳо ва сипас рагҳои нахмонанди борикро тай карда, саранҷом ба тақдири [Парвардигори] бузургу ҳаким аз даҳони онҳо андар андомҳо пош хӯрад.
Сабаби фоилии хун гармии муътадил, сабаби моддии он миқдори муътадиле аз хӯрданиҳову ошомиданиҳои хуб, сабаби сурии он пухтагии хуб ва сабаби ғоявии он бо ғизо таъмин намудани тан бувад.
Сабаби фоилии сафро андар бахши табиӣ он, ки сарҷӯши хун аст, гармии муътадил ва андар бахши сӯхтагии он, хусусан агар андар ҷигар бошад, гармии оташии сахт аст.
Сабаби моддии вай он қисмати ғизоҳоест, ки латиф, гарм, ширин, равғанӣ ва тез аст. Сабаби сурияш ба ифрот расидани пухтагӣ ва сабаби ғоявиаш зарурат ва манфиатест, ки ёд шуданд.
Сабаби фоилии балғам гармии нотамом, сабаби моддии он бахши ситабр, сард, тар ва часпони ғизоҳо, сабаби сурияш нотамомии пухтагӣ ва сабаби ғоявиаш зарурат ва манфиате бошанд, ки ёд шуданд.
Сабаби фоилии савдо андар бахши тагшинии он гармии муътадил ва андар бахши сӯхтагии он гармии аз ҳадди эътидол гузашта ва сабаби моддияш қисми сахт, ситабр ва камрутубати ғизоҳост. Қисми гарми ғизоҳо андар ин кор қавитар бувад. Сабаби сурии он дурди тагшиншудае аст, ки бар яке аз ду рӯй аст: ё равон нест ва ё ҳал нагардад. Сабаби ғоявиаш зарурат ва манфиати ёдшудаанд.
Савдо ба сабаби гармии ҷигар, ё ба сабаби нотавонии испурч, ё ба сабаби шиддати сардии сахткунанда, ё ба сабабҳои эҳтиқони дарозмуддат ва ё ба сабабҳои бемориҳои бисёри давомноке афзун гардад, ки ба иллати онҳо хилтҳо хокистар шуда бошанд. Савдо ҳар гоҳ фузун гардида, андар миёни меъдаву ҷигар биистад, ба иллати вуҷуди он тавлиди хун ва хилтҳои хуб кам шуда, хун коҳиш ёбад.
Бояд бидонӣ, ки гармию сардӣ ҳар ду ҳамроҳи дигар сабабҳо сабаби пайдоиши хилтҳоянд. Лекин гармии муътадил хун, гармии зиёд сафро ва гармии аз ҳад зиёд ба сабаби ба ифрот сӯхтанаш савдо тавлид кунанд. Сардии балғам (19) ва сардии беандоза зиёд ба сабаби ях бастанаш савдо падид оваранд.
Лекин баробари қувваҳои фоилӣ бояд қувваҳои мунфаилиро ба назар гирӣ ва лозим нест танҳо ба чунин эътиқод кифоят кард, ки ҳар як мизоҷ шабеҳи худро тавлид кунад ва зидди [худро], агар худ ба зот набошад, ба араз тавлид натавонад кард. Ба дурустӣ мизоҷро бисёр иттифоқ афтад, ки зиддро падид оварад. Мизоҷи сарди хушк тарии бегонаро падид оварад, ки на ба сабаби ҳамонандӣ, балки ба сабаби нотавонии гувориш бошад. Ин гуна одам лоғар, бандкушоҳояш суст, аз чизи эҳсоси сардидиҳанда тарсон ва рагҳояш нарми борик буванд. Ба ҳамин монанд он бошад, ки пирӣ балғам тавлид кунад, зеро мизоҷи пирӣ ба ҳақиқат сард ва хушк аст.
Бояд бидонӣ, ки хун ва ҳар чи ки ҳамроҳи хун андар рагҳо бигарданд, дорои гувориши севвуманд ва ҳар гоҳ ки бар андомҳо парешон шаванд, андар ҳар андоме бояд ба гувориши чаҳорум ноил гарданд. Фазлаҳои гувориши якум, ки андар меъда ба амал оянд, аз роҳи рӯдаҳо берун андохта шаванд ва бештари фазлаҳои гувориши дуввум, ки он андар ҷигар ба амал ояд, бо пешоб ва боқимондаи он аз сӯи испурч ва заҳра ронда шаванд. Фазлаҳои ду гувориши боқимонда ба воситаи ҳалшавие, ки дида намешавад, ба воситаи арақ, ба воситаи чирке, ки баъзеаш аз роҳҳои ҳисшаванда, мисли бинӣ ва сӯрохии гӯш ва ё ғайриҳисшаванда, мисли сӯрохиҳои пӯст ва баъзеи дигараш аз [тариқи ғайри] табиӣ, мисли омосҳои сароваранда берун ояд ва ё ба воситаи чизҳои зиёдатии андар тан рӯянда, мисли мӯй ва нохун, берун ронда шаванд.
Бидон, ки ҳар киро хилтҳояш тунук шаванд, берун шудани онҳо боиси нотавонии вай бигардад ва агар масомҳои вай васеъ бошанд, ба сабаби васеъгии онҳо азоби пастшавии қувват хоҳад кашид, зеро ҳал шудан боиси нотавонӣ бигардад ва хилтҳои тунук ба осонӣ берун рафта, ба таҳлил харҷ хоҳанд шуд. Ҳар чи ки ба осонӣ ҳал шуда, берун гардад, ҳангоми ҳал шудан рӯҳро ҳам ба осонӣ берун бикашад, ки ин [низ] ҳамроҳи вай ба таҳлил харҷ гардад.
Бидон, ки чунон ки ин хилтҳо андар зода шудани хеш дорои сабабҳоянд, ҳамчунин андар ҳаракатҳои худ дорои сабабҳое ҳастанд. Ҳаракат ва чизҳои гарм хун ва сафроро ба ҳаракат оваранд ва бошад, ки савдоро ҳаракат дода, қавӣ бигардонанд. Лекин оромӣ балғам ва синфҳое аз савдоро қувват бахшад. Худи ваҳмҳо [низ] хилтҳоро ба ҷунбиш оваранд. Масалан, ба чизҳои сурх нигаристан боиси ҷунбиши хун бигардад. Бинобар ҳамин шахси ба хуни бинӣ гирифторро аз нигаристан ба чизҳои сурхтоб боз доранд.
Ин буд он чизе, ки андар баёни хилтҳо ва зода шудани онҳо гуфтанӣ будем. Аммо [ба] мухосаматҳои шахсоне [пардохтан], ки муқобили дурустии ин [гуфтаҳоянд], ба ҳакимон алоқа дорад, на ба пизишкон.

пешина
аз 1215
навбатӣ