Қонуни тиб

Сипас, аз «ал-Қонун» нусхаҳои зиёде дар атрофу акнофи олами исломӣ паҳн шуда, дар ҳамаи марказҳои илмию фарҳангии он ҳамчун китоби дарсии тиб мавриди омӯзиш ва истифодаи пизишкон қарор гирифт. Дар ҳар асре мувофиқи талаботи замон ба ин китоб донишмандон шарҳу таълиқот навиштаанд, барои хубтар аз бар кардани умдатарин матолиби тиббӣ намунаҳои мухтасари онро ба вуҷуд овардаанд ва ҳатто ба гуфтаи муаллифи китоби маъруфи «Кашфу-з-зунун» Ҳоҷӣ Халифа Довуди Антокӣ (ваф. 1599) «ал-Қонун»-ро ба назм ҳам даровардааст.
Аввалин шореҳи «ал-Қонун» шогирди Шайх Абуубайди Ҷузҷонист ва ба гуфтаи Байҳақӣ (1105–1169) ӯ китобе дар мушкилоти «ал-Қонун» таълиф кардааст. Умдатарини шарҳҳои «ал-Қонун» аз рӯи маълумоти Ҳоҷӣ Халифа, Саъид Нафисӣ, Яҳёи Маҳдавӣ, Исмоилпошо ва Сиддиқӣ инҳоанд:
- Шарҳи «ал-Қонун» аз Алӣ Ризвон (ваф. 460ҳ./ 1164м.);
- Шарҳи ҷумали «ал-Қонун» аз Ҳаббатуллоҳи Ҷаматӣ (ваф. 594ҳ./1197м.);
- Шарҳи куллиёти «ал-Қонун» аз Фахруддини Розӣ (544ҳ./11449м.– 606ҳ./1209м.);
- аз Иброҳими Мисрӣ (ваф. 618ҳ./1221м.);
- аз Афзалуддини Хунҷӣ (ваф. 646ҳ./1248м.);
Шарҳи «ал-Қонун» аз Наҷмуддини Нахҷувонӣ (651ҳ./ 1253м.); Шарҳи куллиёти «ал-Қонун» аз Ибни Минфох (ваф. 652ҳ./1254м.); - аз Муваффақи Сомирӣ (ваф. 681ҳ./1282м.);
- аз Ибни Қиф (ваф. 685ҳ./1286м.);
- аз Ибни Нафис (ваф. 687ҳ./1288м.);
- аз Қутбуддини Шерозӣ (ваф. 710ҳ./1311м.); Шарҳи «ал-Қонун» аз Садидуддини Козарунӣ (ваф.758ҳ./1357м.);
- аз Акмалуддини Нахҷувонӣ;
- аз Муҳаммади Омулӣ (ваф.753ҳ./1332м.);
- аз Саъдуддини Форсӣ;
- аз Фахруддини Хуҷандӣ;
- аз Ҷамолуддини Ҳиллӣ;
- аз Рафеъуддини Ҳиллӣ;
- аз Яъқуби Совӣ;
- аз Ҳаббатуллоҳи Мисрӣ;
- аз Муҳаммади Оқсароӣ (ваф. 800ҳ./1397м.);
- аз Ҳаким Алии Гелонӣ; Шарҳи куллиёти «ал-Қонун» аз Зайнулъараби Мисрӣ (ваф. 730ҳ./1329м.);
- аз Қутбуддини Мисрӣ;
- аз Иззуддини Розӣ;
- аз Довуди Антокӣ (ваф. 1007ҳ./1599м.);
- аз Абулфараҷи Малтӣ; Шарҳи «Муҷази «ал-Қонун» аз Ибни Муборак;
- аз Ғиёсуддини Нишопурӣ; Шарҳи куллиёти «ал-Қонун» аз Ҳаким Шифоҳӣ (ваф. 1212ҳ./1797м.);
Шарҳи қисмати ҳуммиёти «ал-Қонун» бо номи «Ғояту-л-фаҳум фӣ тадбири маҳмум» аз Исҳоқхон ибни Исмоилхон (асри ХІІ ҳиҷрӣ);
Шарҳи китоби чаҳоруми «ал-Қонун» ба форсӣ бо номи «Кашфу-р-румуз» аз Аҳмадуддини Лоҳурӣ, ки соли 1905м. дар Лоҳур ба табъ расидааст.
Ба таври умум шарҳҳои «ал-Қонун» ду ҷиҳати хосса доранд. Ҷиҳати якум ин ки ҳамаи шореҳони шарқии «алҚонун»-ро метавон ба ду даста тақсим намуд.
Як даста аз Фахруддини Розӣ, Афзалуддини Хунҷӣ, Ибни Минфох, Муваффақи Сомирӣ, Ибни Қиф ва ғайра иборат буда, чунин ба назар мерасад, ки ҳадафи асосии онҳо на ҳалли амалии мушкилоти «ал-Қонун» ва ба таври эҷодӣ инкишоф додани назароти тиббии Ибни Сино будааст, балки эшон тавассути ҳалли мушкилот хостаанд, ки бо ҳарифони худ қувваозмоӣ кунанд ва аз ин рӯ, «ал-Қонун»-ро ба як майдони мубоҳисаҳои назарии каломимонанд ва дур аз амалияи тиббӣ қарор додаанд. Аз миёни эшон, хусусан, Ибни Қиф, бино ба маълумоти Ҳоҷӣ Халифа, куллиёти «ал-Қонун»-ро дар шаш ҷилд шарҳ дода ва зимни он кӯшидааст, ки ихтилофоти Фахруддини Розӣ, Афзалуддини Хунҷӣ ва Ибни Минфохро ҳаллу фасл кунад. Шореҳони равияи дуввум аз Абуубайди Ҷузҷонӣ, Ибни Нафис, Садидуддин Козарунӣ, Муҳаммади Оқсароӣ ва дигарон иборат буда, ғарази эшон аз шарҳу тафсироти «ал-Қонун» ҳал кардани худи мушкилоти он будааст ва нисбат ба он аз мавқеи амалия ва эҷодкорӣ рафтор кардаанд. Хусусан, Ибни Нафис (1208–1288) аз миёни ин гурӯҳ яке аз табибони мумтози замони худ ба шумор меравад ва ӯ аввалин касест, ки дар таърихи тиб гардиши шушии хунро кашф кардааст.
Ҷиҳати дуввуми хоссаи шарҳҳои «ал-Қонун» аз он иборат аст, ки аксарияти онҳо ба куллиёти он, яъне ба ҳалли мушкилоти китоби аввал бахшида шудаанд. Ин далел гувоҳӣ медиҳад, ки маҳз ҷиҳати назариявӣ ва услубии «алҚонун» бесобиқа ва барои аҳли тиб ва умуман донишмандони алоқаманд ҷиҳати ғайри маъмулӣ, тоза ва баҳсталаб буда, аз ин сабаб, асосан ин бахши «ал-Қонун» мавзӯи шарҳу тафсирҳои доманадор қарор гирифтааст.
Изофа ба ин шарҳҳои мазкур ҳошияҳову таълиқоти бешумор доранд, ки зикри онҳо дар ин ҷо аз имкон берун аст.
Ба ғайр аз ин, чунонки ёд кардем, донишмандон аз «алҚонун» мухтасарҳои зиёде сохтаанд, ки муҳимтаринашон инҳост: мухтасари Ибни Нафис, ки бо номи «Мӯҷази «ал-Қонун» маъруф аст ва барои он шаш шарҳу як мухтасари дигар таълиф шудааст; мухтасари Илоқӣ, ки бо номи «ал-Фусулу-л-илоқия» маъруф аст ва онро шогирди Ибни Сино Муҳаммад ибни Юсуфи Илоқӣ (ваф.
460ҳ./1067м.) аз куллиёт мухтасар кардааст; мухтасари Маҳмуди Чағминӣ (ваф. 745ҳ./1344м.), ки бо номи «Қонунча» маъруф аст ва дар атрофи он шарҳу ҳошияҳои зиёде таълиф шудааст.
Хулоса, эътибори «ал-Қонун» дар Шарқ хеле баланд будааст ва ин эътибор ҳанӯз ҳам побарҷост. Масалан, дар Ҳиндустон «Институти таърихи тиб ва тадқиқоти тиббӣ» бо роҳбарии донишманди маъруф Ҳаким Абдулҳамид чандин сол аст, ки ба омӯзиш ва таҳқиқи осори тиббии Ибни Сино машғул аст ва ахиран ба муносибати ҳазорсолагии зодрӯзи Ибни Сино институти мазкур қарор кардааст, ки тарҷимаи пурра ва илмии «ал-Қонун»ро ба забони англисӣ омодаи нашр кунад. Ва ба ин ғараз кормандони ин институт нахуст матни саҳеҳи «ал-Қонун»-ро дар асоси нусхаҳои муътабари чопию хаттӣ бори аввал ба усули ҳозиразамон ба табъ расонидаанд, ки ин иқдоми хеле бузург дар синошиносист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё