Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ё масалан, дар Покистон таҳти сарпарастии олими маъруф Ҳаким Муҳаммад Саъид «Ҷомеаи тибби шарқӣ» амал мекунад, ки дар он ҷо ҳар сол зиёда аз ҳафтод донишҷӯ ба таври махсус аз рӯи «ал-Қонун» таҳсили тиб мекунанд. Вале шарқиён ҳарчанд «ал-Қонун»-ро таҷлил накарда бошанд ҳам, ба сабаби ақибмондагии асрӣ ва пастии дараҷаи тараққиёти моддию маънавӣ аз он ба таври шоиста истифода бурда натавонистаанд ва дар беҳтарин ҳолатҳо муставои фаҳмиши онҳо аз дараҷаи «ал-Қонун» боло нарафтааст.
Ғарб дар ибтидои бедории худ ва шиносоӣ бо тамаддуни Шарқ, ки мутаассифона, ин шиносоӣ бо ҷангҳои салибӣ ва бахшидани дарду ситонидани дармон оғоз ёфта буд, ба «ал-Қонун» ошноӣ пайдо кард. Бори аввал онро Ҷерарди Кремонӣ (1114–1187) дар асри ХІІ ба лотинӣ ба таври нопурра тарҷима кард, ки минбаъд дигарон ин тарҷимаи ӯро такмил додаанд. Ин тарҷима дар миёни аврупоиён чунон аҳаммият пайдо кард, ки баробари ихтирои дастгоҳи чоп ва ба роҳ мондани санъати китобчопкунӣ онро дар радифи аввалин китобҳои барои худ муҳим, аз қабили Китоби Муқаддас, соли 1473 ба табъ расониданд.
Инчунин қисматҳои алоҳидаи «ал-Қонун» дар солҳои гуногун ва ба забонҳои гуногуни ҳозираи аврупоӣ, аз қабили англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, румонӣ ва ғайра тарҷима ва нашр шудааст. Барои иттилоъи муфассал дар ин бора метавон ба феҳристҳои Қанавотӣ ва Маҳдавӣ муроҷиат кард.
Тарҷимаи аз ҳама дақиқи лотинии «ал-Қонун» ба қалами Племпий тааллуқ доштааст, ки онро соли 1658 дар Лвов ба табъ расондаанд.
Ба ғайр аз ин, «ал-Қонун» чанд маротиба ба забони ибронӣ тарҷима ва нашр шудааст. Аз ҷумла, аввалин бор онро ба таври пурра Гаммати соли 1279 дар Рум тарҷима карда буд, ки сипас ба тавассути Юсуф Ларки соли 1491 дар Неапол ба табъ расид ва ин баъди тарҷимаи лотинӣ дуввумин тарҷимаи комили «ал-Қонун» ба шумор меравад.
Ба ҳамин тариқ, «ал-Қонун» дар Аврупо шӯҳрат пайдо карда, қариб 40 маротиба ба шакли комил ва чандин бор қисман чоп шудааст, ки онро то нимаи дуввуми қарни 17 дар тамоми донишгоҳҳои тиббии Аврупо ҳамчун китоби дарсӣ меомӯхтанд.
«Ал-Қонун» бешубҳа дар пайдоиш ва ташаккули тафаккури тиббии аврупоиён нақши бағоят бузург бозидааст ва аз ин рӯ, метавон гуфт, ки кохи азими тибби ҳозиразамон бар фарози пойдевори «ал-Қонун» ниҳода қомат рост кардааст.
Аҳаммияти тиббии «ал-Қонун»
Ҳар гоҳ мо ба прогресси илмию техникии замон ва азамати он назар меафканем, гузаштаи мо дар баробари он бисёр ҳақиру нотавон ба назар мерасад ва мо аз ин роҳ ба хато рафта арзиши ҳақиқии онро шинохтан наметавонем.
Бинобар ҳамин, беҳуда нагуфтаанд, ки «тааҷҷуб офати ақл аст». «ал-Қонун» на фақат ифтихори миллист ва на танҳо аҳаммияти таърихӣ дорад, балки тибби ҳозира аз бисёр ҷиҳатҳо ҳанӯз муҳтоҷи «ал-Қонун» ва маслиҳатҳои бебаҳои муаллифи он мебошад. Аҳаммияти кунунии «ал-Қонун» шохаҳои зиёд дорад, вале умдатарини онҳоро метавон ба ду даста тақсим кард: аҳаммияти ом ва аҳаммияти хос. Аҳаммияти ом дар навбати худ ба ду бахш аст:
аҳаммияти масъалагузорӣ ва аҳаммияти усулӣ.
Аҳаммияти масъалагузорӣ яке аз ҷиҳатҳои устувор ва муҳимми «ал-Қонун» буда, дар дараҷаи аввал меистад ва аз ҳамин ҷиҳат «ал-Қонун» дар оянда ҳам метавонад сарчашмаи илҳом ва раҳнамои хуби мутахассисон бошад.
Зеро ҳар як давраро як фазилат хос аст, ки ба сабаби он такрорношуданист. Андешаи донишмандони пешин бисёр сода, озод ва муҷаррад аз ҳар гуна алоиқ буд. Фарзанди ин андеша, ки имрӯз бо номи прогресси илмию техникӣ маъруф аст, дар он ҳангом чандон ба камоли дастёрӣ нарасида буд, то ки асокаши падари худ бошад ва аз тарафи дигар андеша ҳам чандон пиру чашмтира набуд, ки муҳтоҷ ба асокаш бошад. Ӯ ҳанӯз ба қувва ва ғурури модарзодии худ эътимоди комил дошт. Бинобар он, донишмандони пешин (қадимӣ) агарчӣ дар таҷзияву таҳлили ашё бисёр пиёда буданд ва махлуқи андешаи онҳо ҳоло ба дараҷаи дастёрӣ нарасида буд, вале ба фазилати назари сатҳӣ ва андешаи муҷарради худ имконияти баланди дарк кардани робитаҳои ниҳоят дақиқи миёни аҷзоро доштанд ва чизҳоеро метавонистанд кашф кунанд, ки чандин аср мавзӯи таҷзияву таҳлили ояндагон қарор гирад. Бо ҳамин фазли гузашта бар оянда пайваста пойдор аст ва «ал-Қонун» аз ин фазл бархурдории комил дорад.
Масалан, яке аз назарияҳои бисёр пуровозаи замони мо, ки то рафт дар биология умуман ва дар тиб хусусан нуфуз пайдо карда истодааст, назарияи изтироб ва ё алоими хӯгирӣ (мутобиқатӣ)-и донишманди маъруфи канадӣ Ганс Селье мебошад.
Асоси ин назарияро мафҳуми нерӯи мутобиқатӣ ташкил медиҳад ва худи назария ҳамчун маҷмӯи роҳҳову усулҳои чӣ гуна харҷ шудани ин нерӯ ба қалам дода шудааст. Агар мо ба таъриф ва тавсифи мафҳуми нерӯи хӯгирӣ ончунон ки худи муаллиф овардааст, назар афканем, пайдост, ки ин айни «гармии модарзодӣ»-и дар «ал-Қонун» ёдшуда мебошад, вале бо ин тафовут, ки он дар «ал-Қонун» бисёр бадеҳӣ ва бо таъбирҳои хеле сода омадааст.
Ибни Сино дарозию кӯтоҳӣ ва хубу бад гузаштани умри инсонро ба ҳолати ин гармӣ ва чӣ гуна харҷ шудани он вобаста медонад. Гузашта аз ин, ба ақидаи ӯ ҳадафи асосии илми тиб аз он иборат аст, ки харҷи ин гармӣ дар дараҷаи муътадил нигоҳ дошта шавад ва мурод аз тамоми тадбиру чорабиниҳои бешумори тиббӣ он аст, ки тани инсон бемориҳо ва ҳолатҳои душвори пешомадаро бо ҳарчӣ камтар сарф кардани гармии модарзодии худ аз сар гузаронад.
Бинобар ин, ғояи гармии модарзодӣ ҳамчун як хатти сурх саросари китоби «ал-Қонун»-ро фаро гирифтааст.
Чунонки ҳувийяти моддии гармии модарзодӣ дар «ал-Қонун» маҷҳул аст, ҳамчунин асоси моддии нерӯи хӯгирии Селье низ то ҳол номаълум мондааст ва он танҳо ба сифати як фарзия бинои таълимоти оламшумули ӯро бар фарози худ нигоҳ медорад.

пешина
аз 1215
навбатӣ