Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андомҳои чашм: Судоб ва хусусан фишурдаи он бо фишурдаи розиёна ва ангубин аз тариқи ба чашм кашидан ва хӯрдан биноиро тез кунад. Гоҳе онро бо пист аз барои дарди дилзанандаи чашм зимод кунанд. Агар аз он бо розиёна, мурр ва ангубин тило сохта, гирди чашмро бо он тило кунанд, аз нотавонии биниш суд бахшад.
Андомҳои сина: Ҷӯшонидаи тозаи он бо шибити хушк, чунонки Руфус бад-он гувоҳӣ додааст, аз барои дарди сина ва душвор нафас гирифтан нофеъ аст. Он аз барои дардҳои шуш ва бар, аз сурфа ва дарди устухони паҳлуҳо судманд бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Судобро бо анҷир аз барои истисқои гӯштӣ ва машкӣ зимод кунанд ва шароберо низ бидиҳанд, ки андар он судоб ҷӯшонида бошанд. Агар аз як дирам то ду дирам тухми он (389) барои ҳукаки балғамӣ биошоманд, онро фурӯ нишонад. Судоб хушгузар ва иштиҳоовар буда, меъдаро қувват бахшад ва аз [бемориҳои] испурч судманд аст.
Андомҳои ронанда: Судоб маниро хушк карда, қатъ созад ва шаҳвати боҳро бишканад. Ҳар ду синфи он табиат бибандад ва печиши нофро ором кунад. Бо судоб ва равғани зайтун аз барои дардҳои қулинҷ ҳуқнарезӣ кунанд. Судобро бо ангубин бар решҳои меъда ниҳанд.
Онро бо равғани зайтун бирён кунанд ва аз барои кирмҳо биошоманд. Ҳар ду гунаи судоб фазлаҳои танро аз тариқи тозонидани [пешоб] берун кунанд ва бад-ин сабаб табиатро бибанданд. Онро бо барги даҳмаст аз барои омосҳои хоя бар хоя зимод ниҳанд. Агар онро бо ангубин сиришта, бар фарҷи зан то мақъадаш бимоланд, ё агар зан онро ба зер баргирад, аз дарде суд бахшад, ки ба иллати он ихтиноқи раҳм ориз гардад.
Табҳо: Хӯрдани он ва молидани равғани он аз табларза судманд аст.
Заҳрҳо: Судоб бо заҳрҳо бикӯшад. Касе, ки бими ошомидани заҳр ва ё газидани чизеро дорад, як дирам тухми онро якҷоя бо баргаш бо шароб биошомад ва хусусан онро ба анҷир ва гавз як ҷо кӯфта, биомезад ва ошомад. Аз даштии он зиёд истеъмол кардан марговар аст.
506. САҚАНҚУР1 – САҚАНҚУР, РЕГМОҲӢ
Scincus officinalis
Моҳият: Ин варали нилист, ки ба Миср онро сайд кунанд ва гуфтаанд, ки он бачаи тимсоҳ аст, ки андар хушкӣ зода шуда бошад.
Ихтиёр: Беҳтарин чизе, ки андар он аст, ҳамон бахши аз ноҳияи гурда будаи он бувад.
Андомҳои ронанда: Сақанқур боҳро ба андозае биангезад, ки онро танҳо бо ошомидани ошоми коҳу ва наск ором тавон кард.
507. САЙСАБОН1 – САЙСАБОН
Sesbania aegyptica рers.
Табъ: Қариб муътадил аст.
Хосиятҳо: Нармкунанда аст.
Андомҳои сина: Сина ва гулӯро нарм кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Сайсабон ва хусусан тухми он [бо сангисбӯя]2 ташнагиро фурӯ нишонад.
Андомҳои ронанда: Шикамро нарм кунад.

508 САРМАҚ – САРМАҶ, САРМА, ИСФОНОХИ
РУМӢ
Atriplex hortensis L.
Моҳият: Ин қатаф аст1. Ин тараи маъруф ва ду гуна бувад: яке даштӣ ва дигар бӯстонӣ. Гоҳе онро, ки кадоме аз ин ду гуна набошад, пухта бихӯранд.
Табиат: Андар дараҷаи якум сарди тар ва ба наздики баъзе [пизишкон] муътадил бувад.
509. СОМ АБРАС1 – КАРБАС
Lacerta
Моҳият: Ин карбоса аст ва [низ] ғайри он гуфтаанд.
Оростагӣ: Кӯфтаи онро чун бар хор ва пайкон ва бар озахҳо зимод кунанд, онҳоро бикашад ва чун бар озахҳои мисморӣ [зимод] кунанд, онҳоро бирезонад. Гуфтаанд, ки агар хушккардаи онро бо равғани зайтун бисириштанд, бар маҳалли мӯйрехтаи сар мӯй бирӯёнад.
Хосиятҳо: Агар андар ҷӯшонидаи пешобу хуни он бинишинанд, аз барои фатқи бачагон ба таври шигифтовар суд бахшад. Гоҳе андар пешоб ва ё хуни он андаке мушк афканда, онро андар мезанойи бача бикунанд, аз фатқ бағоят суд бахшад.
Андомҳои сар: Гуфтаанд, ки ҷигари он дарди дандонҳои курсиро ором кунад ва агар сари онро кӯфта, бар маҳалли кирмхӯрдаи дандонҳо биниҳанд, дарди онҳоро зуд фурӯ нишонад.
Заҳрҳо: Онро пора карда, бар [маҳалли] каждумгазида биниҳанд.
510. СУЛҲАФОТ – САНГПУШТ
Testudo et Chelonia
Моҳият: Сангпушт ду намуд аст: баррӣ ва дарёӣ.
Андомҳои сар: Гуфтаанд, ки хуни сангпушти баррӣ ба тариқи бирён аз саръ судманд аст. Заҳраи сангпушт аз барои қулоъ хуб аст ва онро андар сӯрохҳои бинии шахси ба саръ гирифтор бичаконанд.
Андомҳои сина: Хояи онро аз барои сурфаи бачагон [ба кор баранд] ва заҳраи он аз барои хуноқ молидании [хуб] бувад.
Заҳрҳо: Хуни сангпушти дарёӣ1 бо панирмоя аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор ва аз барои касе, ки ба ӯ шири исфидакшир дода бошанд, хуб аст.
511. СУМОНО – БУДАНА
Coturnix coturnix
Моҳият: Ин маъруф аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз хӯрдани гӯшти он бими тамаддуд ва ташаннуҷ аст, на аз он ки ғизои он фақат харбақ аст, балки ин қувва андар гавҳари он ҷой дорад ва ба гумонам харбақро ғизои худ кардани он ба сабаби ҳамшаклии мизоҷ бувад.
512. СУККАР1 – ШАКАР
Saccharum (S. officinarum L.) Моҳият: Найшакар табиати шакарро дорад, вале беш аз он нармӣ биоварад.
Табъ: Сардтарин шакар табарзад аст ва он латифтар бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ