Қонуни тиб

Бо оби дарё наск аз барои хӯра, намла, сурхбод ва кафидагиҳое, ки аз сармо ба амал омада бошанд, [суд дорад].
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Наск аз барои асабҳо бад аст ва агар онро бо пист бар ниқрис зимод кунанд, судманд бошад. Бисёр истеъмол кардани он ҷузом падид орад.
Андомҳои чашм: Ҳар кӣ наскро зиёд бихӯрад, ба иллати хушкифизоӣ чашмашро торикӣ оварад. Агар наскро бо шоҳафсар, биҳӣ ва равғани гул зимод кунанд, омосҳои гарми чашмро ниҳоят беҳ кунад.
Андомҳои сина: Бо наски андар оби дарё ҷӯшонида бар омосҳои пистон, ки аз иҳтиқони хун ва шир падид омада бошанд, зимод кунанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Наск душворгувор буда, барои меъда бад аст, бод биангезад ва гаронӣ оварад. Агар сӣ донаи онро пӯст канда, фурӯ бибаранд, чунонки гуфтаанд, аз истирхои меъда суд бахшад. Бо наск набояд ширинӣ биомехт, аз баҳри он ки бад-ин гуна ӯ андар ҷигар суддаҳои зиёде ба мерос бигузорад. Яке аз он чизҳое, ки оид ба наск бофтаанд, ин аст, ки гӯё он аз истисқо судманд будааст ва шояд ин ба иллати хушкиоварии он бошад.
Андомҳои ронанда: Агар наскро бе пӯст биҷӯшонанд ва ё агар бо пӯст андар об ҷӯшонида, оби якумашро бирезанд, (чаро ки оби якум шикаморанда аст), шикамро бибандад. Наски бо пӯст пухта, ки оби онро рехта бошанд, бештар аз наски муқашшар шикамро бибандад, аз баҳри он ки андар қишри он қувваи гирандаи ниҳоят сахт ҷой дорад. Агар онро бо коснӣ, аспғул, хурфа ва якҷоя бо чугундаре, ки ба иллати ниҳоят сабзӣ «сиёҳ» ном дорад, ё бо гул ва ё бо чизе аз гирандагон биҷӯшонанд, шикам бастани он қавитар бигардад. Пеш аз ин онро бояд хуб ҷӯшонид, вагарна шикамро ба ҳаракат оварад. Бо наск, шоҳафсар, биҳӣ ва равғани гул омоси мақъадро зимод кунанд ва агар он бузург бошад, онро ҳамроҳ бо чизе [зимод кунанд], ки сахттар қабз кунад. Наски даштӣ, ки он наски талх аст, исҳоли хунӣ оварад. Наск пешобу хуни ҳайзро кам кунад, (402) аз баҳри он ки наск хунро ситабр хоҳад кард. Бинобар ин, худованди офати пешоб, яъне чакра-чакра омадани он, зинҳор наскро ба кор набарад.
Аммо наски талх пешобу хуни ҳайзро биронад ва онҳоро битозонад. Агар наски даштиро бо сирко ба кор баранд, аз душвории пешоб кардан суд бахшад ва заҳиру печиши нофро ором кунад.
546. АСАЛ – АНГУБИН
Mel
Моҳият: Ангубин шабнами ноаёнест, ки бар гулҳо ва ғайри онҳо биафтад ва магаси ангубин онро ҷамъоварӣ кунад. Ангубин бухорест, ки бархоста андар ҳаво бипазад, дигаргун бигардад ва ба шаб ситабр гардида, ба намуди ангубин биафтад. Гоҳе ангубин, чунонки ҳаст, бар кӯҳҳои Қасрон биафтад. Ангубин ба ҳасби дарахтҳову сангҳое, ки бар онҳо биафтад, гуногун бошад. Бештари ангубини ба чашм намоёнро одамон ҷамъоварӣ кунанд ва ноаёни онро магаси ангубин фароҳам оварад. Ба гумонам коркарди магаси ангубинро андар он таъсир ҳаст.
Магаси ангубин онро аз баҳри он ҷамъ сохта, захира кунад, ки то онро ғизои хеш созад. Ҷинсе аз ангубин тези заҳрнок аст.
Ихтиёр: Беҳтарин ангубин он аст, ки ба ростӣ ширин ва хушбӯй бошад, ба тезию сурхӣ бигарояд, сахт буда, начандон тунуки часпак бошад, ки бурида нагардад.
Беҳтарини он ангубини баҳорӣ, сипас тобистонист. Ангубини зимистонӣ, чунонки гуфтаанд, бад бувад.
Табъ: Ангубини занбӯр андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст. Ангубини табарзад ва най андар дараҷаи якум гарм буда, хушк нест ва шояд андар дараҷаи якум тар бошад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Қувваи ангубин зудоянда буда, даҳонаҳои рагҳоро бикушояд, рутубатҳоро аз қаъри тан бикашад ва гӯштро гандидану табаҳ шудан нагузорад.
Оростагӣ: Андудани он шупушу ришк задан нагузорад ва онҳоро бикушад. Ангубинро бо қуст ва хусусан талхи онро1 ҳамчун молиданӣ аз барои кунҷида ва бо намак аз барои осори бодинҷонгунию латхӯрдагӣ [ба кор баранд].
Решҳо: Ангубин решҳои чиркноки амиқро пок кунад.
Ангубине, ки онро то дараҷаи ситабр шудан пухта бошанд, ҷароҳатҳои тозаро бичаспонад. Агар ангубинро бо шибит бимоланд, парюнҳоро беҳ кунад.
Андомҳои сар: Ангубинро бо намаки андаронӣ омехта, нимгарм андар гӯш бичаконанд, гӯш ва решҳои онро пок сохта, бихушконад ва шунавоиро қавӣ бигардонад.
Бӯидани ангубини тези заҳрнок ақлро бибарад, пас, хӯрдани онро [аз ин қиёс бидон], ки чӣ гуна аст.
Андомҳои чашм: Ангубин торикии чашмро бизудояд.
Андомҳои нафаскашӣ: Бо ангубин ком ширин кардан ва ғар-ғара кардани он хуноқҳоро беҳ кунад ва бодомакҳоро [суд бахшад].
Андомҳои ғизокашӣ: Оби ангубин меъдаро нерӯманд кунад ва иштиҳо оварад.
Андомҳои ронанда: Ангубини найшакар шикамро нарм кунад, вале ангубини табарзад нарм накунад. Ангубине, ки рӯи онро нагирифта бошанд, бод биангезад ва шикам орад ва агар бигиранд, ин корҳо аз он камтар ояд.
Ангубини пухта шикам наорад, балки бисёр бошад, ки худовандони мизоҷи балғамиро шикам бибандад ва ғизо бештар бидиҳад. Ангубине, ки онро бо об пухта бошанд, пешобро бештар битозонад. Мо гӯем, ки ангубин ва оби онро агар гузарондани ғизо муяссар шавад, шикамро бибанданд. Агар меъдаро ноором ва ғизоро барои гузаштан камтар омода дарёбанд, табиат хоҳанд кушод.
Заҳрҳо: Агар ангубинро гарм карда, бо равғани гул биошоманд, газидагии ҷунбандагони зиёнкор ва каси афюн ошомидаро судманд бошад. Лесидани он газидагии саги девона ва хӯрдани саморуғи футри қаттолро муолаҷа кунад. Ангубини пухта аз барои заҳрҳо судманд аст ва бо он қай овардан аз [зиёни] харбақ раҳо кунад. Ангубини тезе, ки бӯидани он атсаовар аст, якбора ҳушро бибарад ва арақи сард оварад. Илоҷи он хӯрдани моҳии шӯр ва ошомидани оби ангубин ва бад-ин восита қай овардан аст.
547. УШАР – УШАР Asclepias gigantea R.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо