Қонуни тиб

- ҚАТТ – БЕДА, ришқа Medicago sativa l.
Моҳият: Ин аспист, яъне ратба аст ва он гиёҳи хӯрокии чаҳорпоён бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Равғани беда аз барои раъша беш аз ҳама судманд буда, онро нест кунад. - ҚАРАЗ – ҚАРАЗ
Acacia arabica Willd. seu A. vera Willd.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст, ки бархе аз мардум онро «ақокиё» ва бархе дигар «ақоқиё» хонанд. Ин фишурдаи дарахтест, ки андар Миср ва ғайри он бирӯяд. Он хорест, ки ба бузургӣ баробари дарахт бошад ва шоху шохчаҳои он рост набуванд. Гулҳои сафед ва самаре дорад, ки мисли боқилии мисрӣ буда, сафед ва андаруни ғилофҳост. Аз он фишурдаашро бигиранд ва андар соя бихушконанд. Агар самари он пухтагӣ бошад, ранги фишурдаи он сиёҳ хоҳад буд ва агар норасид бошад, ранги фишурдаи он андаке ба ёқутӣ бизанад. Аз ҷиҳати ранг онеро ихтиёр кун, ки рангаш каме ба ранги ёқут бизанад ва агар бо дигар бахшҳои ақоқиё онро биомезанд, онҳо хушбӯй бигарданд. Баъзе аз мардум баргҳои онро бо мевааш ҷамъоварӣ карда, фишурдаи ҳар дуро якҷоя бикашанд. Самғи арабӣ низ аз ҳамин хор ҳосил шавад. Гоҳе ақоқиёро аз барои андар таркиби доруҳои чашм ба кор бурдан бад-ин гуна бишӯянд: онро бо об бисованд ва ҳар чи ки бар сари об барояд, берун бирезанд. Ин корро то замоне пайваста давом диҳанд, ки об равшан бинамояд ва сипас аз он қурсҳо бисозанд. Гоҳе ақоқиёро андар деги гилие бисӯзанд, ки онро ҳамроҳи чизҳои [гилии] аз барои пухтан ихтиёршуда андар оташдон биниҳанд. Гоҳе онро бар фарози ахгар бирён кунанд ва ахгарро бод бидаманд. Навъи хуби самғи ин хор онест, ки [шаклан] ба кирмҳо монанд бошад ва рангаш мисли ранги обгина равшан буда, андар он бахшҳои чӯбӣ ёфт нашаванд. Баъд аз навъи хуб [андар дараҷаи] дуввум оне биистад, ки сафед бошад. Аммо он
навъ аз ақоқиёе, ки аз ҷиҳати чиркинӣ ротинаҷро монад, бад бувад, қувваи часпакиоваранда дорад ва агар бо доруҳои гарм онро биомезанд, тезии [гармии] онҳоро фурӯ нишонад. Ҳамчунин аз ҷумлаи дарахти ақоқиё як намуди дигар андар Қабодуқиё рӯида, шабеҳ ба ақоқиёест, ки андар Миср бирӯяд, вале хеле хурдтар ва серобтар аз он бувад. Ин гунаи [ақоқиё] пур аз хорҳоест, ки мисли пайконҳоянд ва дорои баргҳоест, ки барги судобро монанд. Он андар хазон тухмҳое бидиҳад, ки андар ғилофакҳои ҷуфт-ҷуфт ҷой дошта, ҳар як ғилофак аз се ё чаҳор бахш иборат аст. Тухми он хурдтар аз наск аст. Ин ақоқиё низ гиранда бувад. Фишурдаи дарахти онро, чунонки ҳаст, бикашанд.
Қувваи ин ақоқиё заифтар аз қувваи он ақоқиёест, ки ба Миср бирӯяд. Ин намуд муносиби он нест, ки андар таркиби доруҳои чашм ба кор бурда шавад. Мо онро барои он андар ин ҷо оварда, моҳияташро баён кардем, ки бархе аз мардум инро [низ] «қараз» хонанд ва ман аз бархе мардумони боварибахши Кирмон шунидам, (428) ки эшон ақоқиёро «фишурдаи қараз» меномидаанд. Лекин аз [баёни] тамоми он феълҳову ҳолатҳои он, ки ба тани [инсон] вобастагӣ доранд, мо фориғ шудем ва он чи ки [оид ба он] ёд кардем, андар фасли «алиф» гузашт1.
660. ҚАМЛ1 ҚУРАЙШ – «ШУПУШИ ҚУРАЙШ»
Semen Pini (Pinus brutia Ten.)
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст, ки «шупуши Қурайш»-ро бархе аз мардум «фитуидос»2 номанд ва он самари таннуб аст. Он андар ғилофакҳо ҷой дорад ва ин ғилофакҳоро гоҳе «[самари] санавбар» номанд.
Хосиятҳо: Қувваи он гиранда ва андаке гармиоваранда бувад.
Андомҳои сина: Агар онро танҳо ва ё бо ангубин ба кор баранд, аз сурфа ва аз дарди сина суд бахшад.
Ин буд охирин гуфтор андар баёни ҳарфи «қоф» ва маҷмӯи он доруҳое, ки андар ин фасл ёд кардем, аз панҷоҳу ду намуд иборат аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор