Қонуни тиб

Онро бо фатросолиюн ва тухми газари даштӣ бидиҳанд. Агар онро бо маҳмуда биомезанд, исҳол овардани онро ба ҳаракат оварад ва онро қавӣ созад. Миқдори маҳмударо барои ҳар як драхмии он се убулус бигиранд. Гоҳе ду дирамсанги ратаро гирифта, бикӯбанд ва андар шароби ширин ва ё сикангубин карда, то муддате бигузоранд. Сипас он шароб ва ё сикангубинро бо наск ва ё бо ҷав ва гӯшти мурғ биҷӯшонанд. Оби онро дам кашанд. Бо он маҳмуда биомезанд.
Табҳо: Аз табҳо ва хусусан табҳои чаҳоррӯзӣ судманд аст.
Заҳрҳо: Рата тарёки газидагии каждум ва ғунда аст.
Бояд аз қишри бахши болоии он ба қадри як наск гирифта, андар даҳони маҳалли газидагӣ ниҳод.
666. РОВАНД1 – РОВАНД
Rheum officinale Baill. seu R. palmatum L., var.
tanguticum maxim.
Моҳият: Гурӯҳе чунин тасдиқ кунанд, ки рованд бехҳои баҳман буда, андар Чин [бирӯяд] ва аз он ҷо онро ба [дигар] кишварҳо бибаранд. Гоҳе онро бад-ин гуна мағшуш созанд, ки онро ҷӯшонида, бахши обии онро бигиранд, фишурдаи онро бихушконанд ва баъд аз он гавҳари онро хушк карда, чунонки ҳаст, бифрӯшанд. Лекин бад-ин шакл будани он зич ва бештар гиранда аст ва холиси он ковок ва камтар гиранда буда, ба ҳангоми хоидан мазаи заъфарон кунад.
Хосиятҳо: Гавҳари растании он аз [бахшҳои] обию бодӣ сиришта шуда ва дорои [бахши] хокиест, ки бар асари таъсири [гавҳари] оташӣ талх бувад. Ҳамчунин ковокию гирандагии он аз бахши хокии он аст ва андар гирандагии он гавҳари хокӣ ҳамроҳӣ дорад, балки андар ин кор нофеъ буда, феъли он ба тавассути кайфияти гавҳари хокӣ тамомият ёбад. Рованди холис камтар қабз кунад.
Оростагӣ: Агар онро бо сирко тило кунанд ва ё бо он истифроғ созанд, кунҷида ва пайҳои бар пӯст боқимондаро суд бахшад.
Омосҳо: Онро бо баъзе рутубатҳо бар омосҳои гарм зимод кунанд.
Решҳо: Агар онро бо сирко тило кунанд, аз парюнҳо судманд бошад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Рованд аз афтидагӣ ва латхӯрдагӣ сахт судманд аст. Хузистонӣ гуфтааст, ки як ошомидании он ду дирам ва бо тилои омехта бувад. Агар онро бо шароби райҳонӣ бидиҳанд, аз даридагиҳои [мушакҳо суд бахшад]. Агар бо равғани он аз барои даридагии мушакҳо ва дардҳои онҳо ва аз барои азҳамкашидагӣ равғанмолӣ кунанд, низ чунин бошад. Рованд аз фатқ судманд аст.
Андомҳои сина: Аз дамкӯтоҳӣ ва хун партофтан суд дорад.
Андомҳои ғизокашӣ: Рованд аз барои ҷигару меъда, нотавонию дардҳои онҳо, аз дардҳои андарунӣ ва аз ҳукак суд дорад ва испурчро пажмурда созад.
Андомҳои ронанда: Аз дарунрав, печиши ноф, зусанториё, дарди гурдаву2 обгаҳ, дардҳои раҳм ва хун
равӣ судманд аст.
Табҳо: Аз табҳои деррав ва табҳои дорои давраҳо суд дорад.
Заҳрҳо: Аз газидани ҷондорҳо судманд аст ва андозаи як ошомидании он ба қадри як ошомидании ғориқун буваду бас.
667. РОЗИЁНАҶ1 – РОЗИЁНА, БОДИЁН
Foeniculum vulgare Mill.
Моҳият: [Розиёнае, ки] тухми он ба тухми карафс монанд аст, аз ҷиҳати қувва ба [розиёнаи] даштӣ наздикӣ дошта, заифтар аст, вале қавитар аз даштии бузург бувад2.
Табъ: Розиёнаи даштӣ3 аз ҷиҳати гармӣ ва хушкӣ қавӣ буда, қариб ба дараҷаи севвум бирасад. Аммо гармии розиёнаи бӯстонӣ андар дараҷаи дуввум аст.
Хосиятҳо: Розиёна суддаҳоро бикушояд.
Андомҳои чашм: Розиёна ва хусусан самғи он биноиро тез кунад ва ҳангоми оғоз ва фуруд омадани об суд бахшад. Ба наздики Димуқротис4 ҷунбандагони зиёнкор аз барои қавӣ гардидани биноияшон тухми тари розиёнаро бихӯранд ва афъиҳо ва морҳо чашмони худро ҳангоми баъди зимистон аз хонаҳояшон берун омадан ба он бимоланд, то чашмҳояшон равшан бигарданд.
Андомҳои сина: Розиёнаи тар ва хусусан бӯстонии он (430) бо тарангубин ширро фаровон кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар розиёнаро бо оби сард бидиҳанд, аз маниши гаштан ва афрӯхтагии меъда судманд бошад. Он дергувори сахт бадғизост.
Андомҳои ронанда: Розиёна пешоб ва хуни ҳайзро битозонад. Хусусан розиёнаи даштӣ сангро хурд бисозад. Андар розиёнаи даштӣ ва рӯдии он аз барои гурда ва обгаҳ манфиат ҳаст ва хусусан даштии он аз қатрақатра омадани пешоб суд бахшад ва занони андар нифос бударо пок кунад. Агар бехи розиёнаро бо тухмаш бихӯранд, шикамро бибандад.
Табҳо: Розиёна аз табҳои деррав судманд аст ва онро чун бо оби сард биошоманд, аз маниши гаштан ва афрӯхтагии меъда ба ҳангоми табҳо суд бахшад.
Заҳрҳо: ҷӯшонидаи он бо шароб аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор судманд аст. Бехи онро кӯфта, бар газидагӣ саги девона тило кунанд, нафъ кунад.
668. РОМАК1 – РОМАНГЕЗ
[Моҳият: Ин фишурдаи мозуст]2.
Табъ: Сарди хушк аст.
Хосиятҳо: Гиранда, латиф ва банданда буда, моддаҳоро таровидан нагузорад ва гармиро фурӯ нишонад.
Андомҳои ғизокашӣ: Агар онро бо оби мурд бидиҳанд, меъдаро нерӯманд бигардонад.
Андомҳои ронанда: Шикамро бибандад.
669. РУТАБ1 – ХУРМОИ ТАР
Fructus phoenicis (phoenix dactylifera z.
Ихтиёр: Аз ҳар навъе [беҳтарин нав]чидаи он аст.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарм ва андар якум тар аст. Гуфтаанд, ки гармии он бештар аз тарияш аст. Ҳамаи намудҳои он яксон нестанд, балки ҳар андоза бисёр тар ширин бошанд, ҳамон андоза бештар гарм буванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор