Қонуни тиб

Хосиятҳо: Анори туруш ва хусусан шароби он зардаро хомӯш кунад ва фазлаҳоро ба сӯи андомҳои андарунӣ таровидан нагузорад. Андар ҳамаи гунаҳои анор ҳатто андар туруши он зудоиш якҷоя бо қабз ҷой дорад.
Оростагӣ: Нордона бо ангубин тилои нохунхора бувад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Нордона бо ангубин тилои решҳои палиди дурушт аст. Кулоҳакҳои он ва хусусан агар сӯхта бошанд, аз ҷароҳатҳо [судманданд]. Гулнор бо гармии хеш ҷароҳатҳоро бичаспонад. Анори ширин нармкунанда аст. Ҳамаи бахшҳои он ғизои кам, вале хуб доранд.
Лекин донаи он бад бувад. Гирандатарин бахши он кулоҳакҳои он аст ва донаи анор чи ширин ва чи ғайри ширин ҳама гиранда буванд.
Андомҳои сар: Донаи анор бо ангубин аз дарди гӯш судманд аст ва он тилои андаруни бинист. Донаи анори кӯфтаи бо ангубин сиришта ба тариқи тило аз қулоъ суд дорад. Агар анори ширинро бо шароб пухта, сипас онро, чунонки ҳаст, кӯфта, ба гӯш зимод кунанд, аз омоси он суди некӯ бахшад. Шароб ва рубби анор, хусусан рубби анори туруш аз хумор судманд аст.
Андомҳои чашм: Фишурдаи анори туруши бо ангубин аз нохуна суд бахшад. Фишурдаи анори ширин ва майхуш бо ангубин, ки онро як чанд рӯз офтоб дода бошанд, гармии чашм ва рӯзкӯриро судманд аст.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Анори туруш гулӯ ва синаро дурушт кунад ва ширин ҳар дуро нарм ва синаро қавӣ созад. Агар донаи анорро андар оби борон ниҳода, биошоманд, хунпартоиро манъ кунад. Ҳамаи [бахшҳои| анор из хафақон судманд аст ва дилро (фуод) бизудояд.
Андомҳои ғизокашӣ: [Ҳамаи гунаҳои] анор хубкимус ва аз барои меъда хубанд, анори майхуш аз афрӯхтагии меъда суд бахшад, ширин ба сабаби дорои гирандагии латиф будани хеш аз барои меъда созгор аст ва анори туруш меъдаро зиён дорад. Вале бо вуҷуди он донаи анор аз барои меъда бад ва сӯзанда аст. Писти анор аз барои сарторикии занони ҳомила созгор аст. Рубби анор ва хусусан туруши он низ чунин бувад. Агар каси ба таб гирифтор баъд аз ғизо анорро бимакад, он бухорро ба барсӯ баромадан нагузорад, ин беҳтар аз он бошад, ки онро пеш аз таом истеъмол кунад, зеро андар ин ҳол моддаҳоро аз сӯи фурӯсӯ бигардонад. Ҳамаи [гунаҳои] анор камғизост. Анори майхуш гоҳе аз барои меъда судмандтар аз себ ва биҳӣ бувад.
(432) Андомҳои ронанда: Анори туруш бештар аз ширин пешоб битозонад, вале ҳар ду тозонанда буванд. Донаи анор бо ангубин аз решҳои меъда нофеъ аст ва туруши он меъдаву рӯдагонро зиён дорад. Писти он аз исҳоли сафровӣ суд дорад ва меъдаро қавӣ созад. Пӯстҳои бехи анорро, агар, чунонки ҳастанд ва ё ҷӯшонида, бо набиз бихӯранд, кирмҳо ва кирми кадудонаро берун кунад.
Табҳо: Анори майхуш аз табҳо ва афрӯхтагии меъда судманд аст. Аммо анори ширин бисёр вақт худовандони табҳои гармро зиён бирасонад.
676. РИБОС – ЧУКУРӢ
Rheum ribes L.
Моҳият: Ин растаниест, ки андар баҳор бар кӯҳҳо
бирӯяд ва қувваи турушаи турунҷ ва ғӯраро дорад.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум сарди хушк аст.
Хосиятҳо: Хомӯшкунандаи [гармӣ] ва бурандаи хун буда, гармиро фурӯ нишонад.
Омосҳо: Аз тоун судманд аст.
Андомҳои чашм: Агар фишурдаи онро ба чашм бикашанд, биноиро тез кунад.
Андомҳои ронанда: Аз исҳоли сафровӣ судманд аст.
Табҳо: Аз ҳасба, обила ва тоун суд дорад.
677. РИА – ШУШ
Pulmo
Хосиятҳо: Ғизои он кам буда, майл ба [табиати] балғамӣ дорад, вале ин мавриди баҳс аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Агар шуши шутурро гармогарм бар саҳҷи аз мӯза падидомада биниҳанд, шифо бахшад.
Шуши хукҳо низ чунин кунад ва онро аз омосидан боз дорад.
Андомҳои сина: Шуши рӯбоҳро агар бихушконанд ва биошоманд, аз дамкӯтоҳӣ суд бахшад.
Андомҳои ғизокашӣ: Гувориши он ба осонӣ бигузарад.
Андомҳои ронанда: Шуш шикамро бибандад.
678. РАХМА – КАРГАС
Gyps fulvus
Андомҳои сар: Заҳраи онро бо равғани бунафша андар паҳлуи мухолифи дарди нимсара ва андар гӯши мухолифи гӯши дардманд бичаконанд. Ҳар гоҳ бачагонро «риҳу-с-сибён» рӯй диҳад, онро андар бинӣ ва ё гӯши эшон бичаконанд.
Андомҳои чашм: Заҳраи онро бо оби сард аз барои сафедии чашм бар чашм бикашанд.
Андомҳои ронанда: Гуфтаанд, ки саргини он ба тариқи бахур кардан ҷанинро биафтонад.
Заҳрҳо: Ибни Батриқ гуфтааст, ки заҳраи онро андар зарфи обгина ниҳода, андар соя бихушконанд ва онро бар чашме, ки аз тарафи газидагии афъист, бикашанд, вале ман ба ин бовар надорам. Баъзеҳо гуфтаанд, ки он аз барои заҳри каждум, мор ва занбӯр доруи санҷидашуда аст. Ба гумонам молидани он бояд [судманд бошад].
679. РАСОС – АРЗИЗ
Stannum
Моҳият: Андар боби сурб гуфта шуд1 ва ин қалъӣ бувад. Аммо сафеда ва чизҳои гуногуни аз он ҳосилшавандаро андар Қарободин2 ёд хоҳем кард.
Ихтиёр: Латифи он арзизи сӯхта [ва] сафеда аст. Ба ҳангоми сӯхтани он бояд аз бӯи он эҳтиёт шуд.
Табъ: Сарди тар аст.
Хосиятҳо: Сӯхтаи он дорои хусусияти латифӣ, нармкунандагӣ ва ҳал кардан буда, хунро бибурад. Сафедаи он часпонандаи сардифизоянда буда, қувваташ чун қуввати тӯтиёи сӯхта аст. Рими арзиз андар қувват чун арзизи сӯхта бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Агар онро бо шароб ва ё ғайри он ва ё бо ягон фишурдаи сард бисованд, омосҳоро нафъ кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Арзиз аз решҳои палид ва ха занда судманд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор