Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ихтиёр: Зарди он қавитар ва сафеди он обии камқувват бувад.
Табъ: Андар аввали дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Зудоянда, кушоянда ва хушк аст. Гули он андар ин корҳо қавитар аст. Табъи бехи он наздик ба табъи тухми он бувад. Бехи он ва хусусан хушки он қавитар аст. Булус гуфтааст, ки андар он қувваи аз умқи тан кашидан буда, ҳатто пайконро берун бикашад.
Омосҳо: Аз омосҳои сахт, андар куҷое набошанд, судманд аст.
Ҷароҳатҳо: Агар онро бо мумравған ба кор баранд, ҷароҳатҳоро фароҳам оварад. Оби он бо мумравған низ чунин бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Харкоҳуро бо решаҳояш бар ниқрис зимод кунанд. Онро инчунин бо сирко бар қавин биниҳанд.
Андомҳои сар: Фишурдаи онро чун андар бинӣ кунанд, сарро пок кунад ва онро агар бо ангубин аз барои қулоъ ба тариқи андудан ба кор баранд, нафъ кунад.
Андомҳои чашм: Хушки он паи андар чашм боқӣ монда ва ситабрии табақаҳоро пок кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Харкоҳу ҷигарро пок кунад ва андар сирко хобондаи он чи аз тариқи хӯрдан ва чи зимод кардан барои испурч судманд аст.
Андомҳои ронанда: Хуни ҳайзро ба таври қавӣ битозонад, ҷанини зиндаро бикушад ва мурдаро берун орад.
Агар онро ба зер баргиранд ва ё андар оби он бинишинанд, аз омосҳои сахти заҳдон суд бахшад. Он яке аз қавитарин тозонандаи хуни ҳайз ва созгортарин чиз [барои раҳм] аст. Як андозаи он чи барои ошомидан ва чи барои ба зер баргирифтан як мисқол бувад. Харкоҳуро бо мумравған аз барои кафидагиҳои мақъад ба кор баранд.
760. ХАРНУБ – ҶИНҶАК
Ceratonia siliqua L.
Ихтиёр: Созгортарини он ҷинҷаки шомии хушконида аст.
Табъ: Ҷинҷаки набатӣ бештар хушк ва сард аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ҷинҷаки шомӣ хушкиоваранда ва гиранда аст. Самари он низ чунин бувад, вале андар он ширинӣ буда, бо вуҷуди он шикамро бибандад. Ҷинҷаки набатӣ беш аз ҳама хушки хушкифизоянда буда, бегазанд аст ва тари онро бихӯранд. Хилти он бад ва гарон аст.
Оростагӣ: Агар озахҳоро бо ҷинҷаки норасидаи набатӣ сахт молиш диҳанд, онҳоро биравонад.
Андомҳои сар: Бо ҷӯшонидаи он мазмаза кардан аз барои дарди дандонҳо хуб аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Ҷинҷаки шомии сабз аз барои меъда бад аст ва он гуворида нагардад. Хушки он дертар гуворида гардад ва дертар фурӯ равад. Ҷолинус гуфтааст: «Кош ин самарро ба кишварҳои дигар набурдандӣ». Янбут1 аз барои ярақон хуб аст.
Андомҳои ронанда: Андар оби ҷӯшонидаи он нишастан мақъадро қавӣ кунад ва хусусан бо шираи ангур парваридаи он тозонандаи [пешоб] аст. Ҷинҷаки шомии тар шикамро бикушояд. Хушки он шикамро бибандад ва аз дарунрав суд бахшад. Ҷинҷаки набатӣ чи ба тари

қи хӯрдан ва чи ба зер баргирифтан аз сайлони беандозаи хуни ҳайз судманд аст. Янбут аз барои печиши ноф ва исҳол хуб аст.
761. ХАЗАФ – САФОЛ
Ostrakon
Хосиятҳо: Сафол ва хусусан сафоли танӯр хушккунандаи зудоянда аст. Латифтарини сафолҳо сафолаки харчанги дарёист. Хишти пухта андар табиат чун сунбода бувад.
Оростагӣ: Сафолаки харчанги дарёӣ ба шакли хушккарда доғи кунҷида ва кунҷидаи сурхро бизудояд.
Омосҳо: Аз сафол барои ханозир мумравған бисозанд, онро суд бахшад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Марҳами аз сафол сохта сахт фароҳамоварандааст. Сафол аз решҳо суд дорад ва хусусан сафолаки (460) харчанги дарёӣ гарро бизудояд.
Андомҳои чашм: Сафоли гили чинии кӯфта бо равғани пунбадона нохунаи дерравро биканад ва сафолаки харчанги дарёӣ бо сангнамак нохунаро суд дошта, сафедии аз сабаби фароҳамоии реш [андар чашм] падидомадаро биканад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Сафоли танӯрро бар ниқрис тило кунанд.
762. ХАФФОШ – ШАБПАРА
Plecotus auritus
Моҳият: Гуфтаанд, ки ширзақ шири он аст ва [баъзеҳо] гуфтаанд, ки пешоби он бувад.
Табъ: Ширзақ зудоянда буда, сахт гарм аст.
Оростагӣ: Равғани шабпара пистонҳои дӯшизагонро бузург шудан нагузорад ва чунонки гуфтаанд, мӯйро аз рӯидан боз дорад, вале ин дуруст нест.
Андомҳои чашм: Мағзи он бо ангубин аз оғози фуруд омадани об андар чашм судманд аст ва хокистари он биноиро тез кунад. Ширзақ аз барои нохуна ва сафедии [чашм] суд дорад.
763. ХОНИҚУ-З-ЗИЪБ – ГУРГКУШ
Aconitum lycoctonum L. seu A. napellus L.
Хосиятҳо: Ин доруест, ки гург, хук ва сагонро хафа карда, бикушад ва сахт гандагиоваранда аст. Онро на аз дарун ва на аз берун ба кор набаранд.
Заҳрҳо: Ин қотилу-з-зиоб (кушандаи гургон) аст ва андар баёни он андар боби «қоф» гуфта шуд1.
764. ХОНИҚУ-Н-НИМР – ПАЛАНГКУШ
Aconitum lycoctonum L.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин растаниест, ки дорои шохаҳои борики дароз ва душворшикан аст. Онро баргҳоест, ки шабеҳ ба барги печак буда, вале нармтар аз онанд. Онҳо тезгӯшаи гаронбӯй ва пур аз рутубати часпаки зарданд. Ин [растаниро] самарест шабеҳ ба шамшераки боқилӣ ва ба дарозии ангушт, ки андаруни он донаҳои хурди сахти сиёҳ ҷой доранд.
Хосиятҳо: Барги ин растаниро агар бо пиҳ биомезанд ва бо нон пухта, ба гург, саг, рӯбоҳ ва палангон бидиҳанд, онҳоро бикушад. Он қувваи ин [ҷонваронро| баро бари хӯрдан заиф гардонад.

пешина
аз 1215
навбатӣ