Қонуни тиб

Азбаски қафаси сина шуш, дил ва дигар андомҳои бад-онҳо вобастаро андар бар гирифтааст, воҷиб омад, ки андар муҳофизати онҳо ниҳоят сахт эҳтиёт карда шавад, зеро таъсири осебҳои ба онҳо рӯйдиҳанда аз ҳама бузургтар аст. Бо вуҷуди ин аз ҳама сӯ қалъабандӣ кардани онҳо [бояд ба тавре бошад], ки ба онҳо тангӣ оварда, зиён нарасонад.
Бинобар ин, ҳафт паҳлуи забарин чунон офарида шудаанд, ки чизҳои андар зери худ бударо фаро бигиранд [ва] ба наздики сари сина бо ҳам вохӯрда, андоми сарварро аз ҳама сӯ иҳота кунанд. Аммо он паҳлуҳое, ки аз паси андомҳои ғизогирӣ оянд, чун нигаҳбонон аз пушт, аз ҷое офарида шудаанд, ки дидбонии ҳисси биноӣ то ба он ҷо расидан наметавонад. Онҳо аз сӯи пеш пайваст нестанд, балки тадриҷан кӯтоҳтар бигарданд. Бинобар ин, барсӯтари онҳо аз ҷиҳати масофае, ки андар миёни сарҳои баромадаи онҳо ҷой дорад, наздиктар ва фурӯсӯтари онҳо дуртар буванд. Ин аз он сабаб чунин аст, ки то ба изофаи муҳофизат намудани андомҳои ғизогирӣ, аз қабили ҷигар, испурч ва ғайра барои макони меъда дорои фарохшавӣ бошанд ва ҳангоми аз ғизоҳо ва аз дам пур шудани меъда ба он фишор наоваранд.
Ҳафт паҳлуи забарин «паҳлуи сина» ном доранд. Онҳо аз ҳар як тараф ҳафтоианд. Ду миёнгини онҳо аз ҳама бузургтару дарозтар ва канориҳо кӯтоҳтар буванд. Чунки ин шакл андар фаро гирифтани чизи мавриди фарогирӣ аз ҳама шомилтар аст. Ин паҳлуҳо нахуст бо каҷиҳои худ ба фурӯсӯ бигароянд, сипас гӯё аз ҳоли хамӣ рост шуда, ба барсӯ баргарданд ва ба сари сина, ба тавре ки мо онро баъд тавсиф хоҳем кард, бипайванданд, то ки макони фарогирии онҳо ҳар чи бештар фарох бошад. Аз ҳар яки онҳо ду фузунӣ андар ду мағокии ҳар як боли бар рӯи муҳраҳо буда бидароянд ва саранҷом пайвандгоҳи дучандие ҳосил бигардад. Ин ҳафт паҳлуи забарин бо устухонҳои сари сина низ ҳамин гуна [робита доранд]. Аммо панҷ паҳлуи боқимондаи кӯтоҳшаванда бошанд, онҳо устухонҳои пушт ва паҳлуҳои дурӯғинанд. Сарҳои онҳо бо куркуракҳо пайваста офарида шудаанд, то ки ҳангоми мусодамот аз шикастан эмин бошанд ва то ки бо андомҳои нарм ва ҳиҷоб на бо сахтии худ, балки ба воситаи ҷирме вохӯранд, ки андар миёни онҳо ва андомҳои нарм андар сахтию нармӣ миёна бувад.
Фасли понздаҳум андар ташреҳи сари сина
Сари сина аз ҳафт устухон таркиб ёфтааст ва аз барои
он манфиате, ки мисоли онро андар дигар мавзеъҳо донистӣ, аз як устухон офаридашуда нест. Низ то бо бештар нарм
будани худ андар кори васеъшавии он андомҳои нафасгирие ёрӣ бирасонад, ки гирди онҳоро печидааст. Бинобар ин
[устухонҳои] он нарми пайваста ба куркуракҳое офарида
шудаанд, ки бо ҳаракати оҳистаи худ, ҳарчанд пайвастгоҳҳои онҳо беҳаракатанд, ёрӣ хоҳанд расонд. Онҳо мувофиқи шумораи устухонҳои паҳлуи ба онҳо пайваст ҳафтто офарида шудаанд. Ба бахши фурӯсӯи сари сина устухони куркураки паҳне пайвастааст, ки каронаи поёни он рӯ ба гирда шудан дорад. Ин устухон ба сабаби ба ханҷар монанд будан «ханҷарӣ» ном дорад. Вай муҳофизаткунандаи даҳони меъда буда, андар миёни сари сина ва андомҳои нарм миёнҷӣ бувад ва аз ин роҳ пайвастани сахт бо нарм, чунонки борҳо гуфтем, хуб бианҷомад.
Фасли шонздаҳум андар ташреҳи чанбари гардан
Чанбари гардан устухонест, ки ба ҳар як аз ду тарафи бахши барсӯвини сари сина ҷойгир буда, ба тавассути хамии он андар назди гардан тиҳигоҳе падид ояд, ки андар вай рагҳои ба сӯи мағз бароянда ва асабҳои аз он фурудоянда нуфуз кунанд. Сипас ба [25] тарафи берун гароида, ба сари шона бирасад ва бо шона баста бигардад. Бозу бо ҳар дуи онҳо бастаааст.
Фасли ҳафтдаҳум андар ташреҳи шона
Шона барои ду манфиат офарида шудааст. Яке аз онҳо ин аст, ки то бозуву даст ба он овехта бошанд ва бозу ба сина часпида, боиси гум шудани нармии ҳаракати як даст ба сӯи дасти дигар ва боиси музояқат нагардад. Балки он аз устухонҳои паҳлу озод офарида шуда, (34) ба он имконияти ба тарафҳо ҳаракат кардан дода шудааст.
Дуввум ин ки то он муҳофизаткунанда ва нигаҳбони андомҳои андар сина гирдомада бошад. Вай андар ҷое ба ҷои дандонаҳову болҳои муҳраҳо қоим шудааст, ки андар он ҷой на муҳраҳоеанд, ки мусодамотро муқовимат кунанд ва на ҳавосе, то онҳоро дарк кунанд. Шона аз сӯи берунии худ тунук шуда, [аз сӯи дарунӣ] ситабр бигардад ва андар тарафи берунӣ мағокии начандон жарфе ба амал омада, сари гирдаи бозу андар он нишинад.
Шонаро ду фузунист. Яке рӯ ба барсӯ ва пас буда, «ахрам»
(бурида) ва «минқори зоғ» ном дорад. Пайвастани дӯш бо охурак ба миёнҷии ӯст ва ҳамон аст, ки бозуро нагузорад то ба барсӯ баромада биравад. Дуввумӣ аз дарун буда, рӯ ба фурӯсӯст ва ин низ сари бозуро аз баромадан боз дорад.
Баъд, шона ҳар қадар ки бештар ба сӯи андарун биравад, паҳнтар бигардад, то ки фарогирандагии ҳимоякунандаи он бештар бошад. Бар пушти он мисли секунҷа фузуниест, ки асоси он ба тарафи берунӣ буда, сари он ба тарафи дарунист, то ки ба ҳамвор будани пушт халал нарасонад, чунки агар асос ба тарафи дарунӣ мебуд, пӯстро мебардошт ва он ҳангоми мусодамот озор медид. Ин фузунӣ ба ҷои дандонаҳои муҳраҳост, ки барои муҳофизат офарида шудааст ва онро «теғаи шона» номанд. Паҳншавии шона андар назди куркураке ба анҷом бирасад, ки бо он муттасил буда, каронаҳояш гирдашакланд ва пайвастагии он ба ин [куркурак] ба иллатест, ки андар дигар куркуракҳо ёд шуд.
Фасли ҳаждаҳум андар ташреҳи бозу
Устухони бозу гирдшакл офарида шудааст, то ки ҳар
чи бештар аз пазируфтани осебҳо эмин бошад. Тарафи
болоии он кӯзӣ дошта, барои ба амал овардани пайвандгоҳи ниҳоят сусти ғайри устувор андар мағокии шона ҷой гир аст ва аксар вақт ба иллати ин сустӣ онро баромадан ориз бигардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё