Қонуни тиб

Аммо устухони ҳаштум бошад, устухонест, ки андар қивоми ду радаи хурдаи даст иштирок намеварзад, балки барои муҳофизат кардани асабе офарида шудааст, ки аз паси каф ояд.
Радаи дуввумро аз ҷамъшавии сарҳои устухонҳояш каронае ҳосил шавад, ки андар мағокии андар ду сари зандҳо буда (мо онро ёд кардем) нишинад ва аз он пайвандгоҳи бозу баста шудан ба амал ояд. Фузунии ёдшудаи занди фурӯсӯвин андар мағокии устухонҳои хурдаи даст, ки аз паси он омадааст, фурӯ биравад ва бо ҳамин пайвандгоҳи печидану густурда шудан падид ояд.
(36) Фасли бисту дуввум андар ташреҳи мушти панҷа
Мушти панҷа низ аз устухонҳои зиёде иборат аст, то ки агар вайро зиёне бирасад, ҳамаро фаро нагирад ва то ки бо ёрии онҳо ҳангоми эҳтиёҷ ба гирифтани чизҳои ҳаҷмашон гирдшакл ва нигоҳ доштани чизҳои моеъ андар вай хамча шудани каф мумкин гардад. Пайвандгоҳҳои ин устухонҳо устувор буда, баъзеяшон бо дигарашон сахт баста буванд, то ки ҳангоми андар каф нигоҳ доштани чизи андар вай буда онҳо парешон шуда, суст нагарданд. Пӯсти каф агар кашида шавад, ҳамаи ин устухонҳо ба тавре пайваста дарёфта шаванд, ки пайвандҳои онҳо ба ҳис андар наоянд.
Бо вуҷуди он ки пайванд баъзеи онҳоро бо баъзеи дигар хеле устувор бастааст, вале андар онҳо як навъ фармонбардориест, то ки дарҳамкашидашавие осон гардад, ки боиси хамча шудани дохили панҷа бигардад.
Устухонҳои мушт чаҳор ададанд, зеро онҳо бо чаҳор ангушт пайвастаанд. Онҳо аз тарафе, ки аз паси хурдаи даст ояд, бо ҳам наздиктаранд, то ки бо устухонҳое, ки мисли ба ҳам часпидаю пайваст бинамоянд, хубтар пайваст бигарданд. Онҳо аз сӯи ангуштон каме кушода буванд, то ки пайвастагии онҳо бо устухонҳои кушодаву аз ҳам дур хубтар бошад. Онҳо аз дарун ба сабабе, ки онро донистӣ, хамидаанд. Пайвандгоҳи хурдаи даст бо мушт ба тавассути мағокиҳое пайваст бигардад, ки андар сарҳои устухонҳои хурдаи даст ҷой дошта, луқмаҳои устухонҳои мушт, ки бо куркуракҳо пӯшида шудаанд, андар онҳо бидароянд.
Фасли бисту севвум андар ташреҳи ангуштон
Ангуштон афзорҳоеанд, ки андар гирифтани ашё ёрӣ бирасонанд ва гӯштии аз устухон холӣ офарида нашудаанд, ҳарчанд ки агар чунин мебуданд, бо вуҷуди он мисли бисёре аз ҳайвонҳо, аз қабили кирм ва моҳӣ ба таври суст бошад ҳам, ҳаракатҳои мухталиф кардан мумкин буд. Ин аз он сабаб чунин аст, ки то феълҳояшон суст ва нотавонтар аз [феълҳои] раъшадорон набошанд.
[Низ] аз як устухон офарида нашудаанд, то ки феълҳояшон ба душворӣ наанҷоманд, чунонки баъзе [касони дасташон] хушкшударо чунин рӯй диҳад. [Ангушт] барои он бо се устухон тамомият ёфтааст, ки агар шумораи онҳо зиёд мебуд ва он боиси фузунии шумораи ҳаракатҳои онҳо гардида, андар ин ҳол ночор [ин кор] ба ҳангоми нигоҳ доштани чизе, ки боистӣ сахт нигоҳ дошта шавад, боиси сустию нотавонӣ мегашт. Ҳамчунин, агар аз се устухон камтар, масалан, аз ду устухон офарида мешуд, устуворӣ бештар шуда, ҳаракатҳо аз дараҷаи кифоят камтар мешуданд. Эҳтиёҷи [ангуштон] ба иҷро намудани корҳои гуногун муҳимтар аз эҳтиёҷ доштан ба устувории беш аз андоза аст.
Онҳо аз устухонҳое офарида шудаанд, ки бунашон паҳнтару сарҳояшон бориктаранд. Фурӯсӯвинҳои онҳо ба тадриҷ бузургтар буда, бориктарини онҳо сарҳои ангуштон бувад. Ин аз он сабаб чунин аст, ки то нисбати бардоранда ба бор хуб бошад. Устухонҳои онҳо барои аз офат эмин будан гирдшакл офарида шудаанд ва сахт буда, тиҳигӣ ва мағз надоранд, то ки ҳангоми ҳаракатҳо ва ҳангоми доштану кашидан бештар истодагӣ кунанд.
Онҳо дарунхаму кӯзпушт офарида шудаанд, то ки чизи ба чанг овардаро хуб нигоҳ дошта тавонанд ва чизи молиш медодагию зер мекардагиро хуб молиш дода, зер кунанд.
Баъзе бахшҳои онҳо андар баробари баъзе бахшҳои дигар дорои хамию кӯзӣ нестанд, то ки ҳангоми эҳтиёҷ ба он, ки аз онҳо кори устухони ягона ба амал ояд, бо якдигар ҳамчун як чизи ягона хубтар пайвастан битавонанд. Вале каронаҳои берунаи онҳо мисли нарангушт ва ангушти хурд аз баре, ки бо ангушти [дигар] дучор намеояд, кӯзӣ доранд, то ки ҳангоми ҷафс шудан маҷмӯи онҳо шабеҳ ба ҳайати гирдшакле бошад, ки аз осебҳо нигоҳ дорад. Шиками ангуштон гӯштӣ сохта шудааст, то ки барои онҳо такягоҳ бошад ва зери чизҳои андар чанггирифта осуда бошанд. Аз тарафи пушт чунин нестанд, то ки гаронӣ наоваранд ва маҷмӯи онҳо силоҳи дардоваре бошанд.
Сарангуштҳо сергӯштанд, то ки ҳангоми вохӯрӣ чун чизи часпида ба ҳам нағз ошно бошанд. Ангушти миёнгин аз ҳама дарозтар буда, баъди он ангушти бинсир, сипас ангушти шаҳодат ва баъди он ангушти хурд оянд, ки ҳангоми қабз сарҳои онҳо баробар шуда, фароғие боқӣ намонад.
Илова ба ин онҳо барои он чунинанд, ки то даруни панҷа бо чаҳор ангушт бар рӯи чизи гирдашакли қабзшаванда хамча бигардад.
Нарангушт миёнаи тамоми чаҳор ангушт аст. Агар вай андар ғайри ҷои худ гузошта мешуд, ба таҳқиқ суде намедошт. Чунки агар андар шиками каф ҷой мегирифт, аз бисёр корҳое, ки моро ба ёрии каф сурат мегиранд, маҳрум мемондем; агар андар бари ангушти хурд ҷой медошт, ҳар ду даст ҳангоми гирифтани чизи гирифташаванда якдигарро истиқбол кардан наметавонистанд; ва агар аз пушт ҷойгир мешуд, аз ин ҳам бадтар мебуд. Нарангушт аз сӯи дигар бо мушт пайваст нест, то ки (37) масофаи байни он ва дигар ангуштҳо кӯтоҳ набошад. Бинобар ин, ҳар гоҳ ҷаҳор ангушт аз як сӯ шомили чизе гарданд ва аз сӯи дигари он нарангушт [кори] онҳоро пурра кунад, панҷа имконият ёбад, ки чизи бузургро андар худ бигирад. Нарангушт аз ҷиҳати дигар чун сарпӯш чизи андар панҷа гирифташударо бипӯшонад ва дар айни ҳол ангуштони хурд ва шаҳодат чун пӯшиш [27] ба зер биистанд.
Ҳамаи устухонҳои ангуштон бо шерозаҳову мағокиҳое бо ҳам пайваст шудаанд, ки онҳо бо рутубати часпак пур бошанд. Пайвандгоҳҳои онҳоро пайвандҳои қавие фаро гирифтаанд ва бо пардаҳои куркуракӣ ба ҳам вохӯранд.
Тиҳигии андар пайвандгоҳҳои онҳо ҷойдоштаро ба мақсади бештар устувор гардидан устухонҳои хурде пур кардаанд, ки «кунҷидӣ» ном доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё