Қонуни тиб

Агар [беморӣ] шиддат ёфта, қавӣ гардад, тадбири мониёро ба кор бибар. Яке аз чизҳое, ки парешонии гарммизоҷи зеҳнро ислоҳ кунад, бар тораки сар молидани мумравғани сардиоварандаи аз равғани гул ва сирко [сохташуда аст], ё агар таб набошад, равғани бунафша ва шир ва ё равғани гулу хашхошро бо эҳтиёт ба кор бибаранд, то ки бухорҳо [ба сӯи сар] бар нагарданд. Агар ба замми парешонақлӣ бехобӣ [низ] ҷой дошта бошад, ҳамаи андуданиҳо бефоидаанд.
Гоҳе мумкин аст парешонақлӣ натиҷаи ҳуқнаҳои гарм бошад, ба зинҳор андар бинӣ дору наафкананд, зеро кашиши [моддаро] биафзояд, балки зуд ҳуқнаҳои нарм ба кор баранд.
Ҳангоми парешонақлие, ки ба сабаби анбозии андом ба амал омада бошад, бояд сарро тақвият дода, сард сохт ва [моддаро] ба сӯи мухолиф кашид. Ҳамаи инҳо андар зимни қонунҳои гузаштаи ҳамагонию ҷузъӣ дониста шуданд. Агар ҳамроҳи парешонӣ нотавонӣ ва нишонаҳои омосҳо ҷой дошта бошанд, бояд худованди онро сахт тапонча бизад ва ё мумкин аст гоҳе кӯфтани ӯ лозим ояд, то ки бемор ба худ ояд. Гоҳе агар ягон чиз суд набахшад, мумкин аст ба шакли чалепо доғ ниҳодани сар лозим ояд.
Яке аз чизҳои барои ин [беморӣ] судманд ин аст, ки оби каллапоча бар сар бирезанд. [32] Агар ба [чунин] беморон ҳазоргашон (фош)-ро, чунонки ҳаст, бидиҳанд ва ё андар ягон чизи дигаре аз қабили меваҳо ва шириниҳо пинҳон карда бидиҳанд, эшонро шифо бахшад.
Фасли панҷум андар баёни гӯлӣ ва ҳамоқат
Фарқ миёни парешонии зеҳн ва гӯлию ҳамоқат андар он аст, ки ҳарчанд ин ҳар ду осеби ақлӣ буда, сабаби ҳар дуро ба амал оваранда мумкин аст андар шиками миёнгини мағз ҷой дошта бошад, вале парешонии зеҳн ба ҳасби тағйири осеби феълҳои фикрист ва гӯлию ҳамоқат осебҳое ба ҳасби коҳиш ва ё бекоршавӣ буда, ҳолатест, ки шабеҳ ба ҳолати пирию кӯдакӣ бувад. Ту дониста будӣ, ки намудҳои осебҳои феълҳо се гунаанд.
Сабабҳои ин беморӣ ё сардии сода ва ё бо хушкиест, ки рӯзгори дароз шиками миёнгини мағзро фаро бигирад ва ё ин ки сардии ҳамроҳи балғам будаест, ки андар тиҳигоҳҳои рагҳо ҷой гирифта бошад. Ба таҳқиқ, аз сардӣ, на аз гармӣ будани сабаби ин зиён аз баҳри он аст, ки ин зиён бекоршавӣ ва коҳиш ёфтани [феълҳои фикрист], чунки гармӣ ба феъл оварандаи андешаест, ки он яке аз ҳаракатҳои рӯҳ буда, [рӯҳ] бо ёрии гармӣ аз бахши пешини мағз ба бахши пасин ва баръакс рафтуой кунад. Гармӣ ҳаракатро ёрӣ дода, онро битезонад, вале сармо ҳаракатро боз дорад. Бинобар ин мизоҷи ин бахши мағз моил ба гармӣ гардонида шудааст, ки то онро имконияти аз тахайюл ба тазаккур баргаштан бошад. Тахайюл ва тазаккурро андар ҷои худашон донистӣ.
Ин иллатро аз тариқи гарм сохтани мағз, агар хушк бошад, аз тариқи тар сохтан ва ё агар бо модда бошад, аз тариқи ҳал сохтани чизи андар вай буда, истифроғ намудан бо доруҳои бузург ва қай овардан бо сикангубини унсулӣ ва тухми турб муолаҷа кунанд. Бо вуҷуди он
бояд дилро бо ёрии доруҳои хосси он, аз қабили доруи мушк, масрудитус, хуррамдору ва монанди инҳо, ба худ овард. Мо бояд суханро андар ин боб ба дарозо накашем ва ваҷҳи ин гуна тадбир андар зимни қонунҳои ёдшуда дониста шуд. Бояд қароргоҳи [бемор] хонаи равшан бошад. Умуман, бедорӣ, бехобӣ, латиф сохтану кам истеъмол кардани ғизо, майл намудан ба мизоҷи хушктар ва майл ба латиф, муътадил, кам ва гарм гардонидани хун, ба андозае, ки на сахт ҷӯшону бухоровар, балки гарми латифи ноҷӯшанда бошад, яке аз роҳҳоест, ки зеҳнро тезу равшан кунад. Ҳеҷ чиз (62) барои зеҳн аз пурии ба сабаби ғизоҳо ва рутубатҳо ба амал омада душмантар нест. Хушкӣ зеҳнро на аз ҷиҳати коҳиш овардан зиён дорад, балки аз он ҷиҳат зиён дорад, ки суръати ҳаракатро ба ифрот бирасонад ва ё аз ҷиҳати ниҳоят кам будани рӯҳ ва бо андак ҳаракат ҳал гардидани он [зиёнвар бувад].
Фасли шашум андар баёни табаҳ гардидани хотира
Ин [беморӣ] назири гӯлист, вале андар бахши пасини мағз падид ояд, зеро он коҳиш ёфтани яке аз феълҳои бахши пасини мағз ва ё бекор гардидани ҳамаи онҳо бувад. Сабаби нахустини он ба наздики Ҷолинус сармост, ки он ё сода бувад, ё ҳамроҳи хушкӣ буда, бар асари он масалҳо андар [мағз] нанишинанд ва ё ҳамроҳи рутубат буда, дар натиҷа чизи андар [мағз] нишаста ҳифз нашавад. Агар [сардӣ] бо хушкӣ бошад, бехобӣ ва чунин ҳолати [бемор] аз он гувоҳӣ диҳад, ки ӯ чизҳои гузаштаро ёд доштан тавонад, вале чизҳои ҳозира ва муваққатиро андар хотира нигоҳ доштан натавонад. Агар [сардӣ] бо рутубат бошад, бад-он субот ва [ҳолати зерин] гувоҳӣ диҳад: [бемор] чизҳои гузаштаро, албатта, андар ёд надошта бошад, вале чизҳои муваққатии ҳозираро андар ёд шояд бештар аз гузашта нигоҳ дорад. Агар андар миён сардии сода ҷой дошта бошад, карахтӣ ва садар ба амал ояд.
Гоҳе [табаҳ шудани хотира] аз сабаби хушкӣ ва гармӣ бувад, ки ҳамроҳи он парешонии зеҳн ба вуҷуд ояд.
Ин ё андар ҳамон бахши худи мағз, ё андар шикаме аз он ва ё андар рагҳои мағз падид ояд. [Табаҳшавии хотира] мумкин аст ба сабаби парешонақлӣ ва ё бадмизоҷӣ андар гижгоҳиҳо ба вуҷуд омада, ба мағз бигузарад. Инро бархе аз пешиниён ёд кардаанд ва яке аз чизҳои санҷидаву мушоҳадашуда аст. Бештари он нисёну табоҳии хотира, ки рӯй медиҳанд, аз сабаби сардӣ ва рутубат рӯй диҳанд. Гоҳе аз сабаби омосҳои мағз ва хусусан омосҳои сард [низ] падид оянд. Бидон, ки агар нисён баробари тандурустӣ ориз гардад, аз ба амал омадани бемориҳои қавии мағз ба мисли саръ, сакта ва лисарғус огоҳӣ диҳад.
Нишонаҳои сабабҳо ва синфҳои он: Бояд инҳоро аз қонунҳои ёдшуда донист ва мо онҳоро ҳангоми баёни ҳар беморие ба такрор нахоҳем овард.
Илоҷ: [Табаҳ шудани хотирае], ки қарини гармию хушкист, илоҷаш осон бувад ва бо чизҳое муолаҷа кунанд, ки борҳо гуфта шуданд. Аммо ҳангоми он навъ [табаҳшавии хотирае], ки аз хушкии холис бархостааст, бемор бояд ғизоҳои тари муътадил бихӯрад, аз тариқи бо пораи дурушт молидану фишурдан ноҳияи сарро варзиш бидиҳад, дасту пойҳоро биҷунбонад ва умуман варзишеро ба кор бибарад, ки қавӣ набошад, балки ба андозае бошад, ки гуруснагӣ оварад ва ғизо хӯрдан, осудан, хобидан ва гармоба кардани бештар тақозо кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор