Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

[Бояд] бо зимодҳои гармиоварандаи маъруфе, ки мо онҳоро такроран ёд нахоҳем кард ва бо миҳҷама ниҳодан бар сар бидуни буриш, вале бо ёрии доруҳои сурхкунанда [сарро] битафсонад. Гоҳе мумкин аст эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки андар паси пушти [сар] ду доғ ниҳода шавад ва обҳое ба кор бурда шаванд, ки андар онҳо бобуна, шоҳафсар ва почаи буз ҷӯшонида бошанд. Аз равғанҳо равғани савсан, наргис, хайрӣ ва ғайраро ба кор бибаранд.
Агар [табаҳ шудани хотира] аз сабаби моддаи дорои сардию рутубат бувад, онро баъд аз пазонидан бо чизе, ки худ ҳамедонӣ, истифроғ соз. [Бемор] бояд андар хонаи хуб равшан нишинад ва бояд нахуст аз истифроғ сохтан бо доруҳое оғоз кард, ки мисли ёра, дилаи ҳанзал ва гунди бедастар сабуктаранд ва баъд ба тадриҷ ба истеъмоли ёраҳои бузург бояд гузашт. Сипас агар аз бадмизоҷии гарм бим надошта бошӣ, маъҷуни балозурро ба кор бибар, чунки он барои нерӯманд гардонидани зеҳн ва бахшидани хотира қавитарин доруст. Дигар доруҳои гармиоварандаеро аз қабили доруҳои сурхиоваранда ва ғарғаравӣ ва бӯиданиҳоеро низ ба кор бибар, ки ҳамедонӣ. Ба хушконидани [рутубат] шитоб накун, балки ба тадриҷ амал кун ва эҳтиёт бош, то хушкониданат ба андозаи нест шудани рутубатҳои аслӣ нарасад ва бар асари он сардии мизоҷ ба амал наояд. Ин яке аз чизҳое бувад, ки нисёнро биафзояд.
Бояд аз мастӣ, маҳалли вазиши бодҳо ва пурии [меъда] парҳез кард. Бояд бехӣ аз шустушӯй бо об бипарҳезанд: аз оби гарм барои он ки сустиоваранда аст ва аз оби сард барои он ки карахтӣ оварда, рӯҳи ҳассосро зиён расонад. Агар чунин беморонро пурӣ ориз бигардад, баъди он тадбири латиф сохтани ғизои эшонро бинанд ва бояд эшонро аз ғизоҳои сактаовар, гарониовар, карахткунанда ва бухорангез парҳез фармоянд. Аммо шароб бошад, ба серӣ ошомидани он ниҳоят зиён дорад, вале андаки он нафсро нишот бахшад, рӯҳро нерӯманду гузаро созад ва аз бисёр об ошомидан бениёз гардонад. Бисёр ошомидани [об] барои чунин [беморон] зиёнвартарин чиз бувад.
Хоби нимрӯзии зиёд ва умуман хоби зиёд, хусусан агар баъд аз пурии бисёр бошад, барои эшон зиён дорад. Бехобии ба ифрот низ рӯҳро нотавон ва ҳал кунад ва ба изофаи он мағзро пур аз бухорҳо созад.
Барои эшон ваҷи парварда ва дорфилфили парвардаро санҷидаанд ва ин ҳар ду [доруро] чунин дарёфтаанд, ки хотираро ба таври намоён биафзоянд. (63) Низ доруи зерин санҷида шудааст: ба қадри баробар кундур, мушки замин, мурчи сафед, заъфарон ва мурр бигиранд ва бо ангубин сиришта, ҳар рӯзе як дирамсанг аз он бихӯранд.
Ин дору ҳам санҷида шудааст: аз мурчи сафед ва заъфарон миқдори баробар бигиранд ва онро сиришта ҳар рӯзе як дирам тановул кунанд96. Низ [доруи зерин] санҷида шудааст: ду бахш мурчу зира ва се бахш шакари табарзад.
Инчунин ҳар рӯз ношито ошомидани як мисқол [доруе] санҷида шудааст, ки андар он се чаҳоряк кундур ва як чаҳоряк мурч бувад. Низ [доруеро ба кор баранд, ки андар

он] панҷ бахш зира, як бахш мурч, ду бахш ваҷ, ду бахш мушки замин, ду бахш ҳалилаи сиёҳ, як бахш ангубини балозур ва ду чанди ҳамагон ангубин бошанд. Бояд ба доруҳои содае муроҷаат кард, ки андар Китоби дуввум навишта шудаанд ва ҷойгоҳи онҳо «Лавҳи бемориҳои сар»
мебошад. Бояд қароргоҳи чунин [беморон] хонаи равшанирас бошад.
Аммо табоҳии хотираеро, ки аз сабаби омосҳои мағз ба амал ояд, бо чизе муолаҷа кунанд, ки андар баёни фаронитус, лисарғус ва «хоббедорӣ» гуфта шуд.
Фасли ҳафтум андар баёни табаҳ шудани тахайюл

Ин беморӣ айнан аз он сабабҳо ва нишонаҳое бархезад, ки андар бобҳои дигар тавсиф шуданд, вале маҳалли он андар бахши пешини мағз бувад. Фасоди [тахайюл] ё бад-ин гуна аст, ки [бемор] чизҳои набударо ба хаёл орад ва чизҳои вуҷуд надоштаро пеши назар бибинад. Ин ба иллати ғалабаи заҳра бар бахши пешини мағз ва ё ба иллати ғалабаи бадмизоҷии гарми бемодда чунин бошад, ё бад-ин гуна аст, ки тахайюл коҳиш ёфта, [бемор] чизҳои тахайюлиро ба хаёл оварда натавонад ва хобу хаёл набинад ва агар бинад, хеле кам дида, фаромӯшаш кунад.
Суратҳои чизҳои ҳисшавандаро ҳар гунае, ки набошанд, фаромӯш кунад ва онҳоро ба хаёл овардан натавонад.
Сабаби ин айнан сабаби коҳиш ёфтани хотира бувад, вале табаҳ шудани хотира аксар аз сардию рутубат ва гоҳе аз хушкӣ бувад. Аммо ҳол андар ин ҷой бозгуна аст, аз баҳри он ки ин афзор нарм офарида шудааст, [33] то чизи ба хаёл ояндааш зуд андар он баста бигардад ва он [афзор бошад], сахт офарида шудааст, то ба сахтӣ аз чизи андар худ нақш баста раҳоӣ ёбад. Бинобар ҳамин ҳолатҳои онҳо бар зидди [якдигаранд].
Фасоди хотира андар маъниҳои чизҳои ҳисшаванда биафтад ва ба сабаби таркиби онҳо бувад, вале фасоди тахайюл андар мисолҳои чизҳои ҳисшаванда ва шабаҳҳои онҳо биафтад. Инро аз тариқи синоати дигаре бидонанд97.
Аз ҳама далели қавие, ки бар будани беморӣ аз рутубат ва ё хушкӣ гувоҳӣ диҳад, ҳолати хобу бедорхобӣ, ҳолати хушк шудани бинию чашм ва тар будани онҳо, ҳолати ранги забон, рутубат ва ё хушкии он бувад. Агар иллат фасоди тахайюл бошад, на коҳиш ёфтани он, ту метавонӣ аз тариқи он чи, ки андар баёни ӯ гуфта ва дониста шуд, низ бидонӣ, ки оё вай аз савдост, ё аз сафро ва ё аз мизоҷи гарми сода.
Муолаҷаҳои [ин беморӣ] ба ҳасби муолаҷаҳоест, ки андар зимни иллатҳои гузашта омаданд, вале бояд илоҷ андар ноҳияи саргаҳҳои ҳис ба кор бурда шавад ва агар эҳтиёҷ ба молидан ва ё миҳҷама гузоштан биафтад, бояд бахши пешини мағзро муолаҷа кард.
Фасли ҳаштум андар баёни мониё ва «бемории саг»

Тафсири «мониё» ҷунуни ваҳшиёна аст. «Бемории саг»
навъе аз он аст, ки ҳамроҳи хашми омехта бо бозию беҳудагӯии фосид ва изо додани омехта бо бахшишпурсист,
чунонки табъи сагон ҳамин гуна бувад. Бидон, ки моддаи бафеъловарандаи ҷунуни ваҳшиёна аз гавҳари моддаест, ки молихулиёро ба феъл орад, аз баҳри он ки ҳар ду савдовиянд, вале фоили ҷунуни ваҳшиёна савдои сӯхтаи аз сафро ва ё аз савдо падидомада аст, ки он аз ҳама бадтар бошад ва фоили молихулиё савдои табиии зиёд ва ё савдои сӯхта аст, лекин аз балғам ва ё аз хуни хуш ҳосил шуда бошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ