Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар андар ин кор дорую муолаҷа суд набахшанд, ӯро таъдиб кунанд, дард оваранд ва бар сару рӯяш бизананд ва бар тораки сараш доғ ниҳанд, зеро ин ҳушёраш кунад. Агар [беморӣ] такрор ёбад, ин [корҳоро] ҳам такрор кунанд.
Фасли ёздаҳум андар баёни ишқ

Ин бемории васвасакунандаи шабеҳ ба молихулиёст, ки худи шахс (72) аз тариқи андешаашро пурра ба хуб пиндоштани баъзе суратҳову чеҳраҳо равона кардан ба чунин [беморӣ] гирифтор ояд. Сипас бар ин кор шаҳваташ гоҳе ёрӣ кунад ва гоҳе не. Нишонааш нишастан ва хушкидани чашм, ҷуз ба ҳангоми гиря ашк надоштан, пайваста ҳаракат кардани пилкҳо ва чунон хандон будан аст, ки гӯӣ ба чизи лазизе менигариста, ё хабари шодиангезе мешунида ва ё ҳазл мекарда бошад. Нафасаш аксар вақт бурида шавад ва боз ояд. Зуд-зуд оҳ кашад. Ҳолаташ тағйир ёфта, ба шодию ханда ва ё ҳангоми шунидани ғазал ва хусусан ҳангоми ёдоварӣ кардани ҷудоӣ, фироқ ва дурӣ ба андӯҳу гиря табдил ёбад. Ҳамаи андомҳояш ба ғайр аз чашм пажмурда шаванд, вале [чашмонаш чунин бошанд], ки бо вуҷуди фурӯ рафтани онҳо пилкҳояш ба сабаби бехобӣ, оҳу нола ва бисёр ба сар задани бухорҳо бузурги фарбеҳ бигарданд. Намуди зоҳирии ӯ бенизом ва набзаш [низ] чун набзи андӯҳзадагон, албатта, ноҳамвори бенизом бувад. Набз ва ҳолаташ хусусан ҳангоми ёд кардани маъшуқ ва ҳангоми ногаҳон бо ӯ вохӯрдан тағйир ёбад ва аз ин ҷо агар [маъшуқаш] номаълум бошад, онро донистан мумкин аст, чунки шинохтани маъшуқи ӯ яке аз роҳҳои муолаҷаи ӯ бувад. Ҳилаи он чунин аст, ки дастро бар набзаш ниҳода, номҳои бисёреро гаштаву баргашта бигиранд. Ҳар гоҳ набз сахт ноҳамвор бигардад ва монанди набзи бурида бигардад ва боз ояд ва чун инро борҳо ба такрор бисанҷӣ, исми маъшуқро бидонӣ. Баъд ҳамчунин кӯчаҳову саройҳо, пешаҳову синоатҳо ва насабҳову шаҳрҳоро номбар кун ва набзро дошта, инҳоро ба исми маъшуқ изофа соз. Агар ҳангоми ба такрор ёд кардани як чиз набз тағйир ёбад, аз ин ҷо аз ном, сару либос, пеша ва хусусиятҳои маъшуқи ӯро фароҳам оварда, ӯро бишиносӣ. Мо инро санҷидаем ва бад-ин роҳ нишонаҳоеро маълум сохтем, ки барои шинохтани [маъшуқи бемор] судманданд.110 Баъд, агар ба ҷуз тадбири ҷамъ сохтани эшон ба ваҷҳе, ки дину шариат ҳалол гардонидаанд, дигар илоҷе набошад, бояд чунин кунӣ.
Мо касеро дидем, ки саломатию қувваташ дубора барқарор шуда ва гӯшти худро боз дарёфта буд. Ин шахс, ки ба сабаби суст шудани қувват ва шиддати ишқ ба ғояти лоғарӣ расида буд ва бемориҳои сахти доманадор ва

табҳои дароз ӯро азоб медоданд, чун висоли маъшуқашро ҳис кард, баъди андак муддат дуруст шуд. Мо аз ин тааҷҷуб кардем ва чунин натиҷа гирифтем, ки табиат ба пиндорҳои нафсонӣ тобеъ аст.
Илоҷ: Бо ёрии нишонаҳое, ки медонӣ, тааммул кун, ки оё ҳолати бемор боиси сӯхтани ягон хилте шудааст, [ё не ва агар чунин бошад], истифроғ кун. Сипас ба тарифизоӣ, хоб овардан, ғизоҳои сутуда додан, ба шарти тарифизоии муайян гармоба кардан ва ба вориди хусуматҳо, машғулиятҳо ва низоъҳо гардонидан ва умуман ба машғул доштани эшон бипардоз, зеро ин кор гоҳе боиси фаромӯш кардани он чизе шавад, ки эшонро адо кардааст. Ё ҳилаҳо бояд кард, ки то ба ягон касе аз ғайри маъшуқаш дилбастагӣ пайдо кунад, ки шариат барояш ҳалол гардондааст ва баъд фикри ӯро аз дуввумӣ пеш аз он ки мустаҳкам гардад ва баъд аз он ки якумиро фаромӯш карда бошад, бояд бурид. Агар ошиқ аз ҷумлаи оқилон бошад, панду андарз, истеҳзову накӯҳиш ва барояш тасвир намудани он, ки ин ҳолати ӯро рӯйдода васваса ва навъе аз ҷунун аст, суди азим дорад, зеро сухан андар ин бобат коракунанда бувад. Инчунин бар вай пиразанонро бояд гумошт, то нисбат ба маъшуқ кина оваранд, аз он ҳолатҳои манфуреро ёдоварӣ кунанд, андар пеши ошиқ корҳои бад ва ҷафои зиёд кардани ӯро ҳикоят кунанд, зеро ин яке аз василаҳоест, ки ошиқро хеле ором кунад, вале баъзеҳо мумкин аст, ки аз он ғарра шаванд.
Яке аз чизҳое, ки андар ин кор судманд аст, сурати маъшуқро бо ташбеҳоти қабеҳ ҳикоят кардани пиразанон аст. Бояд андомҳои рӯяшро ба чизҳои нафратовар масал бизананд ва ин корро пайваста давом дода, ба тафсил машғул шаванд. Ба ростӣ, ин кори пиразанон аст ва эшон андар он ҳозиқтар аз мардон буванд, вале на аз хунсоҳо, зеро хунсоҳоро низ андар ин кор санъатест, ки аз санъати пиразанон камоӣ надорад. Низ эшон имконият доранд, ки бо кӯшиши хеш тадриҷан рағбати ошиқро ба сӯи ғайри маъшуқ бигардонанд ва сипас пеш аз падид омадани ошиқии дуввумӣ ҳилаи худро бас кунанд. Яке аз машғулиятҳои ёдшуда нав ба нав харидани канизон ва бо эшон муҷомаати зиёд ва тараб кардан аст. Баъзе касон аз тарабу самоъ тасалло ёбанд ва баъзеҳоро аз ин кор ишқ зиёда гардад. Инро донистан мумкин аст. Аммо шикор, навъҳои гуногуни бозӣ, саховатҳои нав ба нави шоҳон ва инчунин навъҳои гуногуни сӯгвориҳои (73) бузург ҳама тасаллодиҳандаи [ишқанд]. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он афтад, ки ин гуна беморонро чун худовандони молихулиё, мониё ва қутруб тадбир андешанд, бо ёраҳои бузург истифроғ оваранд ва бо он чи, ки аз доруҳои тариоваранда ёд шудааст, тарифизоӣ кунанд. Ин [корҳоро] ҳангоме кунанд, ки симову намуди зоҳирии тани онҳо ба сони онҳо бигардад ва туро бояд, ки ба тарифизоии баданҳои эшон бикӯшӣ.

пешина
аз 1215
навбатӣ