Қонуни тиб

Мақолаи панҷум
АНДАР БАЁНИ БЕМОРИҲОИ МАҒЗӢ,
КИ ОСЕБҲОИ ОНҲО АНДАР КОРҲОИ ҲАРАКАТӢ ҚАВИСТ
Фасли нахустин
андар баёни гижа
Гижа чунин гумон кардани худованди он аст, ки гӯё чизҳо бар гирди ӯ ҳамегарданд ва гӯё мағзу танаш чунон давр мезананд, ки худро нигоҳ доштан наметавонад, балки мумкин аст биафтад. Бисёр бошад, ки садоҳоро бад бинад. Ӯро аз пеши худ чунин ҳоле ориз шавад, ки каси андар гирди хеш бисёр тез чархзадаро рӯй диҳад ва худро на истода ва на нишаста нигоҳ доштан натавонад ва ё чашмашро натавонад, ки боз кунад. Ин бад-он сабаб бошад, ки рӯҳи андар шикамҳои мағз ва андар рагҳои варидию шараёнӣ бударо худ ба худ чизе рӯй диҳад, ки ин шахсро ҳангоми пайваста чарх задан низ рӯй диҳад. Фарқ миёни саръ ва гижа он бошад, ки гижа муддате давом кунад, вале саръ якбора ба амал омада, худованди он ба замин биафтад ва [баъд] ҳушёр шавад. Садар чунин аст, ки инсон чун аз ҷой бархезад, чашмонаш торик шаванд ва қариб биафтад. Навъи сахти ин ба саръ монанд аст, вале ҳамроҳи он ташаннуҷе, ки ҳангоми саръ ба амал меояд, ба амал наояд. Ин гижа [38] мумкин аст одамро аз он сабаб ба амал ояд, ки чун бар гирди хеш бигардад, бухорҳову рӯҳҳо андар ӯ ба чарх задан дароянд. Ин мисли он аст, ки ҳар гоҳ ҷоми пуробро муддате давр занонда, қарор диҳанд, чизи андаруни он то муддате чарх задан гирад.
Ҳар гоҳ ки рӯҳ гирд гардад, одам гумон кунад, ки чизҳо гирд ҳамегарданд, аз баҳри он ки нисбати ҷузвҳои рӯҳ ба ҷузвҳои олами гирди ӯро гирифта хоҳ аз ҷиҳати рӯҳ тағйир ёбад ва хоҳ аз ҷиҳати олам, фарқ надорад, чунки эҳсос кардани он андар ҳоли гардидан аст. Мумкин аст ин ба ҳасби муқобала бошад, зеро ҳар гоҳ каси ҳискунанда ҳаракат кунад, чизҳои андар муқобил буда ҳамон гуна дигаргун шаванд, ки ҳангоми ҳаракат кардани чизи ҳисшаванда [дигаргун шаванд]. Ин гижа гоҳ аз нигаристан ба чизҳое хезад, ки гирд ҳамегарданд ва он аз ҳайъати ҳисшуда андар нафс устувор шавад. Бад-ин сабаб гуфтаанд, ки ҳамаи феълҳои ҳиссӣ ба афзорҳои ҷасадии таҳти таъсир қарор гирифта вобастаанд, ки аввал ва авлотарини онҳо рӯҳи ҳассос111 бувад. Баъд аз ҷудо шудан аз ҳар як чизи ҳисшаванда, агар он қавӣ бошад, андар [рӯҳи ҳассос] ҳайъати он боқӣ бимонад, зеро ҳар як чизи ҳисшаванда андар афзори ҳискунанда ҳайъатеро ба мисли худ ба амал орад. Баъд он ҳайъат ба андозаи пазироии афзор ва қувваи чизи ҳисшаванда боқӣ бимонад ва ё бекор гардад. Шарҳи ин андар илми табиӣ оварда шудааст.
Тан ҳар қадар, ки нотавон бошад, ин таъсиргирӣ андар он ҳамон қадар қавӣ хоҳад буд, чунонки беморон ҳамин гуна буванд. Касони бемор андар ин кор ба ҳадде дур рафтаанд, ки бо андак ҳаракат сарашон бигардад, зеро эшон ба иллати нотавонӣ ҳангоми ҳаракат кардан ба такаллуфи сахте эҳтиёҷ доранд, то барояшон ҳаракат имконпазир шавад. Бинобар ин, рӯҳашонро озурдагӣ, инфиол ва ҷунбидан аз ҷой ориз бигардад.
Гижа гоҳе аз сабабҳои бадание ба амал ояд, ки андар гавҳари мағз вуҷуд дошта, ё аз бухорҳои андар рагҳои мағзу асабҳо мавҷуда ҳосил шудаанд ва ё аз ҳар гуна ҷинси хилтҳои андар [мағз] бандгардидае падид омада бошанд, ки ба андак ҳаракату гармӣ аз худ бухор бароранд. Бинобар он ҳар гоҳ он бухорҳо биҷубанд, бо ҷунбиши хеш рӯҳи нафсониеро ба ҷунбиш оваранд, ки андар он рагҳо пухта қивом ёбад, сипас андар гавҳари мағз ҷойгир шавад ва баъд аз он андар асабҳо тақсим шуда, ба сӯи тан биравад. Ё ин ки [гижа] ба сабаби бисёрии бухорҳое ба амал ояд, ки баъди бемории гарм ва ё сарди пешгузаштае аз ҷойҳои дигар ба [мағз] зада, андар он банд ва сипас ҷогир шудаанд. Пас, онҳо ба бодҳои дамишовар112 табдил ёфта, қувваи пазандаю ҳалкунанда онҳоро ба ҷунбиш оварад.
Гоҳе [гижа] мумкин аст на аз сабаби ҳаракати бухорҳои андар мағз буда ба амал ояд, балки мумкин аст ба сабаби бадмизоҷии гуногуни ногаҳоние ба амал ояд, ки аз он ҳаракати шӯрангезу бетартибе андар рӯҳ бархезад, на аз муҳаррики ҷисмонии аз қабили бухор ва ё дигар чиз будае, ки бо вай биомезад, чунонки ин гуна ҳолат ҳангоми ҳаракати гуногуни аз дучороии обу оташ бархоста падид ояд.
Мумкин аст [гижа] аз чизи берунае ба амал ояд, ки рӯҳро ҳаракат дода бошад. Масалан, задани сар ва ё шикастани косаи сар, ки боиси фишурда шудани мағз ва рӯҳи ором гардида, бар асари он ҳаракатҳои гуногуни даврию лаппишнок ба амал оянд, чунонки аз афтидани чизи гароне бар он ва (74) зарбаи сахт задан бар сатҳи он чунин ҳол падид ояд ва об мавҷҳои гирд барорад. Ин гуна ҳолат андар ҳаво ва ҷирми ҳавоӣ ба сурати авлотар ба амал ояд, лекин ба ҳис андар наояд.
Гоҳе мумкин аст [гижа] ҳангоми бархостани бухорҳои ба мағз зананда падид ояд. Ҳарчанд ки онҳо пеш аз ин андар гавҳари мағз зода ва банд нашудаанд, вале чун [бад-он сӯй] бархезанд, боиси ҳаракати [рӯҳ] бигарданд.
Ба сӯи мағз баромадани онҳо ё аз гузаргоҳҳои асаб бошад, ки андар ин ҳол онҳо аз меъда, ё ба миёнчии меъда аз заҳра, ё аз обгаҳ ё аз заҳдон ва ё аз ҳиҷоб ҳангоми гирифтори бемориҳо будан ва ба ҳаракат омадани хилтҳои он бархезанд ва ё ин ки аз тариқи рагҳои варидӣ ва шараёнии чи пинҳон ва чи намудор [ба сӯи мағз] оянд. Моддаи бухор мумкин аст сафро ва мумкин аст балғам бошад. Гижаи балғамӣ саръро монад. Бисёр вақт анбозии боиси садар ва гижа буда на аз барои моддаест, ки [бевосита ба мағз] бирасад, балки ба сабаби моддаест, ки бо кайфият ба мағз бипайвандад ва садару гижа ба амал оварад. Мисоли ин [гижаест], ки ҳангоми шиками холӣ ва гурусна будан баъзе касон ва хусусан онҳоеро ориз бигардад, ки бардошти гуруснагӣ надоранд, зеро аз гуруснагӣ даҳони меъдаашон ба сӯзиш ояд ва мағз бо он анбозӣ кунад. Гоҳе садару гижа, хусусан андар пирон, ба тариқи буҳрон ва гижаи думодум ба амал оянд, ки ин аз падид омадани сакта огоҳӣ диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор