Қонуни тиб

Агар бибинанд, ки сабаб бадмизоҷии гуногун аст, бояд сабаби он ва нишонаи онро ба ёрии он чи ки дониста шуд, бидонанд ва бо чизи зидди он муолаҷа кунанд, то ки мизоҷ мизоҷи табиӣ бигардад. Агар сабаб афтидан ва ё кӯфт хӯрдан бошад, нахуст бо чизе муолаҷа кунӣ, ки андар боби худ гуфта шудааст. Агар [кӯфтхӯрдагӣ] дуруст шаваду гижа боқӣ бимонад, гижаро бо чизе муолаҷа бисозӣ, ки баён карда шуд. Худованди гижа бояд аз нигаристан ба ҳар чизи тез гарданда парҳез кунад ва аз нигаристан ба ғорҳо, аз қуллаҳои кӯҳ ва аз бомҳои баланд дурӣ ҷӯяд. Аммо садару гижае, ки ба сабаби тиҳӣ будани меъда ба амал ояд, тановули чанд луқмае онро фурӯ нишонад, ки андар рубби меваҳои гиранда ва обҳои онҳо ва хусусан андар оби ғӯраи ангур оғушта бошанд.
Фасли дуввум андар баёни «лавъй» ки он фиҷизақ (печидгӣ) бувад
Гоҳе аз ҷиҳати падид омадани пурии думодум ва монанди он андар мушакҳову рагҳо танро ҳолате чун мондагӣ рӯй диҳад, ки ба иллати он рагҳо кашида шаванд, одам ба сабаби зиёдии бодҳову бухор зуд-зуд даҳонфожаю хамёза кунад ва ба изофаи он рӯю чашм сурх шаванд ва оқибат печидагию кашидагӣ ба амал ояд. Агар ин андар инсон бештар такрор ёбад, далолат ба пурӣ кунад. Бинобар ин, воҷиб аст, ки хилти хунӣ ва сафровӣ ба истифроғ берун карда шаванд. Бояд оби сард истеъмол кунанд, зеро он мумкин аст, ки аз тариқи фурӯ нишондани ҷӯшиш [хилтро] зуд ором кунад. (76) Агар ваҷро бихоянд, ё суда, бихӯранд ва ё биошоманд, андар бартараф кардани ин [беморӣ] хосияти [хубе] дорад ва шояд он ба сабаби боди ҷӯшишоварандаро ҳал карданаш чунин кунад. [Ба кор бурдани] кашниз бо шакар низ чунин аст.
Ходимони гармоба худованди ин [бемориро] аз тариқи бо даст сахт фишурдани раги хоб, ба ҳадде ки одам қариб аз ҳуш биравад, шифо бахшанд. Ин шояд бад-он сабаб бошад, ки рӯҳи ба ҳамлаи сахт ба сӯи мағз бароянда ва бо ҳал намудан фурӯнишонандаи моддаҳо ба шӯр ояд.
Андар ин кор хатар аст ва бояд даст рагҳоро на то андозае бифишорад, ки инсон тоб овардан натавонад ва нафасаш бигирад.
Фасли севвум андар баёни кобус
Инро «хониқ» (хафакунанда) ва гоҳе ба арабӣ «ҷосум»
ва «найдулон» хонанд. Кобус бемориест, ки ҳангоми он инсон ҳангоми ба хоб рафтан хаёли гаронеро ҳис кунад, ки бар ӯ биафтад. Ӯро фишор оварда, нафасашро танг кунад ва оқибат овозу ҳаракаташ қатъ гардида, ба иллати баста шудани масом қариб гулӯгир шавад. Чун ин (ҳол) аз ӯ биравад, якбора [аз хоб] бедор хоҳад шуд. [Кобус] муқаддимаи яке аз се беморист: ё саръ, ё сакта ва ё мониё.
Ин ҳангоме бошад, ки аз сабаби моддаҳои рӯиҳам ҷамъшуда падид омада бошад, на аз сабабҳои дигари ғайри моддӣ. Лекин сабаби ӯ андар бештари ҳол бухори модда
ҳои ситабри хунӣ, ё балғамӣ ва ё савдовист, ки ҳангоми ором шудани ҳаракати бухорҳалкунандаи бедорӣ якбора ба мағз бизанад. Ҳар хилте ба ранги хеш хаёлҳо оварад ва нишонаи ҳар хилте аз рӯи қонунҳои пеш ёдшуда зоҳир аст. Гоҳе [кобус] аз сардии сахте ба амал ояд, ки ҳангоми хоб якбора сарро фаро гирифта, онро фишор диҳад, зичӣ оварад ва қабз кунад ва аз он айнан ҳамин гуна хаёлҳо падид оянд. Низ [кобус] ҷуз ба сабаби нотавонии мағз, ки аз гармӣ ва ё бадмизоҷии он бошад, ба амал наояд.
Илоҷ: Илоҷи ин раг задан ва бо доруҳое исҳол овардан аст, ки ҳар гуна хилтро берун оварад. Агар хилтҳо ситабру зиёд бошанд, доруҳои шикаморандаи зерин судманданд: агар қувват қавӣ бошад, ба миқдори як дирам харбақ, сеяк дирам сақмуниё, чаҳоряк дирам дилаи ҳанзал ва ду донг анисун гирифта, [истеъмол кунанд] ва агар [қувват қавӣ] набошад, ҳабби лоҷувард, ҳабби устумахиқуни афитимунӣ, ёраҳои бузург, ёраи хиёри даштӣ ва хусусан ёраи Руфусро [ба кор баранд]. Баъд сарро бо чизҳое, ки аз «Қонун» ҳамедонӣ, қавӣ созанд. Яке аз доруҳое, ки барои ин [беморӣ] судманд аст, пайваста ошомидани ҳабби фовониёст. Агар сабаби он сардие бошад, ки ба мағз расида, боиси ба амал омадани ин хаёл гардида бошад, бояд равғанҳои гарми гармибахшандаи гиранда, зимодҳои сурхиоваранда ва дигар чизҳо ба кор бибаранд. Бояд мо гуфторро андар ин бобат ба дарозо накашем, зеро он чи ки лозим аст, пеш ёд карда шуд.
Фасли чаҳорум андар баёни саръ
Саръ иллатест, ки андомҳои нафсиро аз корҳои ҳиссию ҳаракатӣ ва рост будан ба таври нопурра боз бидорад. Ин ба сабаби воқеъ шудани судда бувад. Бештари [саръ] ба иллати ташаннуҷест, ки аз осеби ба шиками пешини мағз расида бархезад ва бар асари он суддаи нопурра ба амал омада, қувваи ҳиссу ҳаракатро аз гузаштан ба [мағз] ва андомҳо тамоман, вале аз ғайри ба куллӣ бурида шудан, боздорад. Ин [ҳол] имконияти бархостан надиҳад ва нагузорад, ки инсон тани худро рост нигоҳ дошта биистад. Азбаски ҳар ташаннуҷе, чунонки баён кардем, ё аз пурист, ё аз хушкӣ ва ё аз қабзшавие, ки ба сабаби озордиҳандае вобаста аст, саръ низ ҳамчунин бувад, лекин аз хушкӣ ба амал наояд, аз баҳри он ки саръ якбора ва ташаннуҷи хушк на якбора падид оянд. Азбаски мағз андар хушкии худ ба ҷое нарасад, ки ба ташаннуҷи бисёр гарифтор ояд, зеро тан пеш аз он ҳалок хоҳад шуд, бинобар он чунин бармеояд: 1) Сабаби [саръ] ё фишурда шудани мағз аз барои рондани ягон чизи озордиҳанда буда, ин ё бухор, ё кайфияти газандае ва ё тарии бадгавҳар аст ва ё хилтест, ки андар шикамҳои мағз ва ё буни растагоҳҳои асабҳо суддаи нопурра ба амал оварад.
Ин [судда] ба сабаби ҳаракати мавҷие, ки андар хилт биафтад ва ё ба сабаби ба ҷӯш омадани гармии беандозае рӯй диҳад, ки андар чизи ба судда гирифторшаванда воқеъ шуда, қувваи ҳиссу ҳаракат ба таври табиӣ гузаштан натавонад. Азбаски судда пурра нест, як қисм аз ин [қувваҳо] ба андозае бигузарад, ки андомҳо тамоман беҳиссу ҳаракат намонанд. 2) Ё ин ки [сабаби саръ] боди ситабрест, ки ба ақидаи файласуфи бузург Аристотолис (77) андар гузаргоҳҳои рӯҳ банд бигардад ва ӯ инро яке аз сабабҳои саръ пиндорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор