Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар андар ин миён ягон хилти суддаоваре бошад, аз он чиз мағз фишурда бигардад, то ки чизи озордиҳандаро берун ронад, чунонки ҳангоми ҳукаку маниши гаштан падид омадан меъдаро ва чунонки ҳангоми паридани [андомҳо] низ чунин бошад, чунки фишурдаю хурд шудан асоси рондани андом чизерост, ки биронад. Ҳар гоҳ мағз фишурда шавад, ҳаракатҳояш бетартиб гардида, аз паси он асабҳои рӯй ва ғайра кашида ва ҳаракатҳояш бетартиб бигарданд.
Ба ҳуш омадан ё ба сабаби ронда шудани хилт, ё ба сабаби ҳал шудани бод ва ё ба сабаби ронда шудани чизи нописанд ба амал ояд. Сабаби ташаннуҷи то ба андомҳо расандае, ки ёри саръ аст, он аст, ки моддаи мағзро пӯшида ва ё чизи нописанди мағзро расида низ ба асабҳо бирасад ва ҳоли онҳо чун ҳоли мағз бигардад. Ин ба се иллат вобаста аст: ба гавҳари мағз тобеъ будани асабҳо; нописандидани онҳо чизеро, ки мағз написандад ва аз хилте пур шудани сарбандҳои онҳо, ки ба сӯи онҳо ронда шуда бошад. Бинобар ин, паҳноии асабҳо афзоиш ёфта, дарозиашон бикоҳад.
Саръ аз баҳри он ба равиши ташаннуҷ, на ба равиши истирхо ба амал омада, мағзро фишурдаву кашида ҳамесозад, на сусту кушода, ки мағз ҳангоми он кӯшиш мекунад чизеро аз худ биронад ва рондан танҳо аз тариқи кашидаву фишурда шудан мумкин аст. Ҳар ташаннуҷи моддӣ аз таб суд бигирад ва саръ [40] ташаннуҷи моддист, пас саръ аз таб суд ҳосил кунад. Агар ҳангоми саръ омосҳо падид оянд, мумкин аст, ки онро бигсиланд. Бисёр бошад, ки молихулиё ба саръ ва саръ ба молихулиё гузарад. Бархе аз мардумон пиндоштаанд, ки бе он ки модда андар мағз ҳосил шавад, саръ тавонад буд. Агар бадин он мехоста бошанд, ки сабаби саръ бухоре ва ё кайфияте буда, ба мағз нописанд афтад ва андар он кашидашавии мазкурро ба амал меоварда бошад, ин гуфтаи эшонро маъное хоҳад буд, вале агар муродашон ин бошад, ки сабаби [саръ] худи мизоҷи сода буда, ҳар гоҳ, ки он андар мағз ҷой дошта бошад, боиси саръ бигардад, ин чизе бувад беасос, чунки агар мағз он кайфиятро ба худ гирифта бошад, бояд саръ лозими он кайфият бошад ва на чунин бошад, ки зуд биравад. Балки сабаби саръ он чизест, ки ногаҳонӣ ояд ва зуд биравад ва ё пирӯзӣ ёфта, одамро бикушад. Мисли ин гуна чиз кайфияти андар худи мағз ҳосилшуда нахоҳад буд, балки модда ва ё кайфиятие бошад, ки ба мағз бигузарад ва мунқатеъ гардад. Вай ночор аз андоми дигар бувад. Кафке, ки ба ҳангоми саръ ориз шавад, ба сабаби изтироби ҳаракати нафас аст, на ба сабаби гирифтагии ӯ ва ин изтироб ба изтироби ташаннуҷ вобаста бувад. Аммо ҳангоми сакта [кафк] ба сабаби гирифтагии нафас ва бад дарёфтани он ба амал ояд. Чунон аст, ки саръ ташаннуҷе бошад нахуст хосси мағз ва ташаннуҷ саръе, ки нахуст хосси андом бигардад. Ҳаракати атса низ чунин аст, ки гӯё он ҳаракати саръи сабук ва саръ атсаи бузурги қавист, вале аксар вақт атса ба иллати қавӣ будани қувва ва нотавон будани модда [моддаҳоро] ба сӯи пешгоҳ биронад ва аммо саръ онро ба ҳар сӯе биронад, ки мумкинтару осонтар аст. Аз он чи ки гуфта шуд, бояд чунин натиҷа гирифт, ки агар саръ

андар худи мағз бошад, пас сабаби он ночор моддае бувад, ки боди андар роҳҳои ҳиссу ҳаракат бандгардандаро ба амал оварад ва ё ду шиками пешини мағзро то андозае пур кунад. Ин модда ё хуни ғолибомадаи зиёд, ё балғам, ё савдо ва ё сафрост, вале [сафро] хеле кам буда, андар камӣ баъди он хуни сода биистад. Аммо хуне, ки мизоҷаш ба мизоҷи савдо ва балғам бизанад, аксар вақт сабаби [саръ] бувад, вале сабаби аз ҳама бештар рутубати холис ва ё моил ба савдост, зеро аксар саръе, ки падид ояд, аз балғам падид ояд. Буқрот гуфтааст, ки бештари гӯсфандоне, ки гирифтори саръанд, чун мағзашонро ташреҳ кунанд, андар он рутубати бади бӯйгирифта дарёбанд.
Ҳар сабаби саръ, ки мағзист, ба сустии гувориши мағз асос ёфта, берун аз ин ҳол нест: ё андар гавҳари мағз ва бахши мағзии он ҷой дорад, ки ин аз ҳама бад бошад ва ё андар пардаҳои мағз, ки ин сабуктар бувад.
Ҳарчанд саръи балғамӣ бештар аст, вале саръи савдовии қавӣ аз ҳама бад аст, чунки саръи савдовӣ роҳҳои рӯҳро бештар бандад. Саръе, ки ба наздики бархе бо номи «уммуссибён» маъруф аст, ниҳоят кушанда бувад. Агар навбатҳои саръ пайдарпай оянд, ҳалок кунад.
Саръе, ки сабабаш андар андоми дигар аст, бад-ин гуна аст: аз он [андом] ё аз ҷиҳати камият бухор ва ё боди нописанде бархоста, ба сӯи мағз ояд (78) ва аз роҳи бухор шудану касиф гаштан аз он моддаи қивомёфтае ба амал ояд, ки бо қивоми худ ва ё бо боди аз худ бархоста, таъсир расонад, ё ин ки бухоре ва ё боди озордиҳандае на бо камият, балки бо кайфият, яъне ё бо сардӣ овардан, ё бо сӯхтан ва ё бо хосияти заҳриву бадгавҳарии худ ба сӯи мағз ояд; ё танҳо кайфияти содае ба сӯи [мағз] омада расад; ва ё чизе ба сӯи мағз омада расад, ки аз ҳар ду ваҷҳ озордиҳанда аст. Аммо андоме, ки аз он бухорҳо бархоста, ба мағз бизананд ва ба сабаби зиёдии хеш саръ оваранд, ё тамоми тан, ё меъда, ё испурч ва ё мароқ бувад. Инчунин ин ҳолат андар дигар андомҳо низ биафтад. Чизе, ки бо бухоре бадгавҳару бадкайфият озордиҳанда аст, андар ҳамаи андомҳо, ҳатто андар ангушти пою даст ҳам вуҷуд дорад ва сабаби он андар гузаргоҳе банд гардидани хун ва ё хилтест, ки ӯро судда ориз гардида бошад. Бинобар ин, аз ин [хун ва ё хилт] гармии модарзодӣ қатъ гардида, он бимирад ва [хилт] ганда шуда, ба кайфияти бад табдил ёбад. Баъд ба шакли даврӣ ва ғайридаврӣ аз он моддаи бухорӣ ва ё кайфияти заҳрие бархоста паҳн гардад. Ё ин ки бар ин [андомҳо] баъзе заҳрҳое биафтанд, ки мисли газидани каждум андар асаб кора кунанд. Сипас хосияти заҳрии он ба миёнчии асаб ба сӯи мағз гузашта, онро озор диҳад ва мағз аз ин фишурдаю кашида гардида ва ҳаракатҳояш бетартибона шаванд. Ин мисли он аст, ки ҳангоми шиками тиҳӣ хӯрдани ягон чизи сӯзанда, агар даҳони меъда ҳисси қавӣ дошта бошад, меъдаро ҳукак падид ояд ва ҳукак навъе аз ташаннуҷ аст. Ҳар гоҳ мағзро аз ин гуна сабаб ташаннуҷу фишурдашавӣ ориз гардад, аз паси он ҳамаи асабҳо фишурдаю кашида шаванд.
Ҷолинус дар бораи худ гуфтааст, ки ӯ чун [маъҷуни] мурчӣ тановул мекардааст, ҳукакаш меомадааст ва баъди он шароб меошомидааст, зеро даҳони меъда аз тезии он ба дард меомадааст. Мо ба ҳамин монанд андар ғайри ӯ мушоҳада намудем. Ҷолинус ва дигарон ҳикоят кунанд ва мо низ баъди эшон чунин мушоҳада намудем, ки аксари вақт каси ба саръ гирифтор чизеро ҳис кунад, ки аз нарангушти пой ҳамчун боди сард бархоста, ба сӯи мағз ояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ