Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Руфус гуфтааст, ки агар андар ноҳияҳои сари каси ба саръ гирифтор барас падид ояд, бар ҳал шудани моддаи саръ ва бар шифо ёфтан далолат кунад. Бисёр бошад, ки саръ кушода шуда, ба фалаҷ ва молихулиё гузарад.
Касоне, ки барои пазируфтани саръ омодаанд: Саръ касонеро ориз гардад, ки ё чун кӯдакону бачагон ба синну сол тармизоҷанд ва ё чун худовандони хом мондани таом ва бошандагони кишварҳои дорои боди ҷанубӣ ба тадбир тармизоҷ буванд, аз баҳри он ки ҳамаи инҳо сарро пури рутубат кунанд. Саръ занон, бачагон ва ҳамаи касони камхуну рагборикро камтар рӯй диҳад.
Нишонаҳои синфҳои [саръ]: Мо бигӯем: Аз ҷумлаи нишонаҳое, ки барои бештари гурӯҳҳои ба саръ гирифторшудагон муштарак аст, зардии забон ва кабуд шудани рагҳои зери он мебошад. Аксар вақт (80) пеш аз [саръ] мизоҷи тан бигардад ва андар сар, хусусан ҳангоми хашмгин шудан ва ё дамидани шикам, гаронӣ ба амал ояд.
[Низ] пеш аз он суст ҳаракат кардани забон, хобҳои шӯрида, фаромӯшхотирӣ ва ё тарс, бим, тарсончакӣ, вайрон нафас гирифтан,117 тангии сина, хашм ва тезӣ зоҳир гарданд.
На ҳар гуна синфи [саръ] илоҷпазир аст. Навъи озордиҳандаи [саръ] онест, ки пеш аз он ларзиши сахт ва изтироби зиёди қавӣ ба амал омада, сипас аз паси он оромии пурраи давомдори ниҳоят рӯ ба афзоиш буда ва зиён дидани нафас рӯй диҳад. Ҳамаи ин бар зиёдии модда ва нотавонии қувват гувоҳӣ диҳад. Агар донистан бихоҳӣ, ки иллат андар мағз аст ва ё андар андомҳои дигаре, бибин, ки оё андар сар гаронии ҳамешагӣ ва гижа, андар чашм торикӣ, андар забону ҳисҳо гаронӣ ва андар ҳаракатҳо изтироб ва андар рӯй зардӣ ҳастанд ё не. Ҳар гоҳ инҳоро ҳамроҳ бо парешонақлӣ, ё фаромӯшхотирии доимӣ, ё кундӣ ва ё гӯлӣ дарёбӣ ва агар инҳо ҳангоми тиҳӣ будани шикам, падид омадани нармии табиат ва бо ёрии доруҳои истифроғоваранда кам шуда, коҳиш наёбанд, пас, ҳукм бар он бикун, ки ин гуна [саръ] танҳо аз мағз аст. Сипас, агар андар андомҳои асабнок, андар испурч, андар ҷигар ва андар ягон дасту пой ва пайвандгоҳҳо осебе наёбӣ ва на низ бемор чизеро ҳис кунад, ки аз [дигар] ҷой ба сӯи сар бирасад, туро чунин дуруст шавад, ки осеб андар мағз аст.
Нишонаи саръи сабук ин аст, ки бояд аразҳо сабуктару солимтар бошанд, бояд худованди он зуд ба ҳуш ояд ва баробари ҳушёр шудан хиҷил шавад ва бояд доруҳои атсаовар, бӯиданиҳо ва қайоварандаҳое, ки онҳоро андар гулӯ бидароранд, аз ғайри қай омадан ва ё наомадан ҳушёр шуданашро битезонанд. Нишонаи саръи душвор ба сахтӣ дам задан, изтироби давомдор ва баъди он ҳолати мурдагии дароз ва аз тариқи истеъмоли доруҳои бӯиданӣ ва атсаовар камтар ба ҳуш омадан бувад. [Саръи] аз ин ҳам бадтар онест, ки ҳангоми он изтироб дер давом кунаду ҳолати мурдагӣ дер давом накунад ва ё ҳолати мурдагӣ давомноку изтироб кӯтоҳ бошад. Нишонаи саръе, ки сабабаш боди ситабри [андар мағз] падидоянда аст, чунин аст, ки ҳангоми он ва ё ҳангоми наздик расидани он гароние ҳис карда нашавад, балки бонг задани гуш ва азҳамкашидагӣ дарёфта шавад ва ташаннуҷи он сахт набошад. Нишонаи [саръе], ки сабабаш балғам аст, чунин

аст, ки оби даҳон гарми кафкӣ, ситабр ва зиёд бигардад, андар пешоб чизе шабеҳ ба обгинаи гудохта падид ояд, ҳангоми ин гуна [саръ] тарсуӣ ва бим, беҳавсалагӣ, гаронӣ ва фаромӯшхотирӣ афзоиш ёбанд. Инчунин онро аз тариқи қай, ранги кафк ва ранги хун ва низ аз тариқи синну сол, кишвар, сабабҳои гузаштае аз қабили ғизоҳо ва тадбирҳо, аз тариқи он чи ки далели оромӣ ва осудагист ва аз тариқи ранги рӯю чашм ва дигар чизҳо, ки андар «Қонун» донистӣ, ин [намуди саръро] муайян кунанд.
Агар баробари ин балғам хом ва сард бошад, фаромӯшхотирӣ, кундии ҳис, гаронии сару тан ва хоби сахт рафтан бештар гарданд ва саръ бештар сустию нотавонӣ оварад. Ин навъи [саръ] сахт бад аст. Аммо ҳангоми саръе, ки аз балғами шӯр хезад, хоболудӣ камтар, сардии мағз сабуктар ва ҳаракатҳо дурусттар буванд.
Нишонаи [саръе], ки сабабаш савдост, чунин аст: савдое қай карда шавад, ки ё шабеҳ ба хуни сиёҳ, ё тези сӯзанда ва ё чандон туруш бошад, ки аз он замин биҷӯшад; табъи худованди он ба шӯридагии зеҳн ва ба ҳолате чун молихулиё бигарояд ва ақлаш баъди рафтани [саръ] норавшан бошад. Инчунин аз тариқи ранги рӯю чашм, аз тариқи хушкии бинию забон ва тадбири падидоварандаи савдо савдоро бишиносанд. Агар савдо дурди хуни табиӣ бошад, саръ ба истирхо, камсуханӣ ва бо оромӣ зуҳур кунад ва худованди он дорои андешаҳои орому оҳиста бувад. Агар савдо аз ҷинси сафрои сӯхта, яъне тез бошад, парешонақлии [бемор] ба шакли девонагӣ буда, ба изофаи он бисёр сухан гуфтану дод задан ҷой дошта бошанд ва саръаш серизтиробу зудгузар бувад. Гоҳе баробари саръ, хусусан агар савдояш тунук бошад, таб ба амал ояд. Ҳар гоҳ [саръ] аз савдои хунӣ бархезад, ҳолатҳои бемор бо ханда зуҳур кунад. Ту гавҳари савдоро аз тариқи қай метавонӣ бишиносӣ: агар он дурди хунро монад, пас, савдои табиист, ё агар дурушт ва тунд буда, гулӯро бизанад, ин далели бағоят сард ва хушк будани он аст, ё (81) агар туруши тунук ва бо кафк бошад, ин савдое бошад, ки бар рӯи замин биҷӯшад ва ё савдо ситабри бекафк [низ] шавад.
Нишонаи [саръе], ки сабабаш хун аст, чунин бувад:
Мо бигӯем, ки агар хун бо ҷӯшишу ҳаракат, на бо камият, саръро ба амал оварад, чунин саръ андар ранги [рӯй] ва видоҷҳо чандон таъсир накунад ва ҳолате чун гирифтани дам гоҳ-гоҳе пеш аз саръ зоҳир нагардад, вале ҳангоми он гаронӣ, кундии ҳис, истирхо, бисёр омадани оби даҳону хилми бинӣ ба тавре ки ҳангоми балғам чунин бошад, падид оянд. Лекин ҳамаи инҳо бо гармӣ, сурхии чашм ва бархостани бухори хунӣ бар сар ҷой дошта бошанд. Агар хун бо камият боиси [саръ] шуда бошад, ба изофаи ин нишонаҳо дамидагии видоҷҳо ва пеш аз он ба амал омадани ҳолате чун ихтиноқ вуҷуд хоҳанд дошт.
Нишонаи он саръе, ки ба сабаби моддаи сафровист ва ин хеле кам ба амал ояд, чунин аст, ки ҳангоми он газанду тоса сахттар ва ташаннуҷ камтар буда, муддати ин [гуна саръ] кӯтоҳтар, вале ҳаракатҳо ҳангоми он ниҳоят серизтироб буванд. Қай, афрӯхтагӣ, ниҳоят парешон будани ақл ва зардии рангу чашм аз он гувоҳӣ диҳанд.
Аммо нишонаҳои саръе, ки сабабаш аз меъда бошад, паридани даҳони меъда, хусусан ҳангоми дер расидани ғизо, такон, [42] ларзиш ва ҷунбиш ҳангоми саръ, дод задан хусусан ҳангоми саркашӣ мебошанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ