Қонуни тиб

Чун ба дилу мағз бирасад, саръ ба амал ояд. Ҷолинус гӯяд: «Агар пеш аз навбати [беморӣ] соқи ӯро бо тасма сахт мебастанд, пеши онро мегирифт ва ё сабукӣ меовард». Мо аз ҳамин боб чизҳои шигифтоваре мушоҳада кардем. Бархе аз ин [беморонро] бар нарангушт ва бархеро бар ангушти дигаре, ки бухор аз сӯи он бихезад, чун доғ ниҳоданд, шифо ёфтанд. Аз ҳамин боб саръест, ки ба сабаби кирм ва «кадудона» ориз гардад. Гунае аз саръ бо беҳушӣ якҷоя бошад ва пизишкон инро қариб аз қатори саръ берун ҳисобидаанд, дар сурате ки аз ҷумлаи саръ ва навъе аз он бувад. Аз ин қабил [саръест], ки онро «ихтиноқи заҳдон» хонанд ва он чунин бошад, ки чун занро бемаҳал хуни ҳайз баста гардида, ҷамъ шавад ва ё ба иллати тарки ҷимоъ мании ӯ боздошта бигардад, инҳо андар заҳдони ӯ ба кайфияти заҳрӣ табдил ёбанд ва ба шакли даврӣ ва ғайри даврӣ ҳаракатҳо намуда бухорҳо бароранд. Гоҳе чунин рӯй диҳад, ки бухорҳои онҳо бархоста, ба дилу мағз бизананд ва оқибат ин занро саръ падид ояд. Ҳамин гуна мардро ҳам чунин иттифоқ афтад, ки андар мӯриҳои мании ӯ мании зиёде рӯиҳам рафта, ҷамъ гардад ва сард гардида, ба кайфияти заҳрӣ мубаддал шавад ва мардро ба ҳамон гуна [саръ] гирифтор созад. Ҳамчунин зани обистанро низ саръ иттифоқ афтад, вале чун бача ниҳод ва моддаи бади ҳайзӣ берун шуд, он [саръ] нест шавад. Ба мо аз саръҳое ҳикоят карданд, ки аз сутунмуҳра, аз шона ва ғайра бихезанд.
Саръе, ки аз меъда, мароқ ва ба сабаби хом мондани ғизо хезад, андар рагҳо судда оварад. Бинобар он рагҳо ғизои сутуда пазируфтан натавонанд, хилт андар онҳо табаҳ шавад ва ё ғизои сутуда ба сабаби судда андар онҳо банд гардида табаҳ шавад. Бисёр бошад, ки ин [чизи табаҳшуда] ба меъда баргашта, ғизои тозаи сутударо низ табаҳ кунад. Бад-ин сабаб аксар вақт таоми ногуворида қай карда шавад. Ба ҳар ҳол саръ хоҳ ба анбозӣ бошад, хоҳ аз ғайри анбозӣ, сарчашмаи наздики он мағз, шиками пешини мағз якҷоя бо дигар шикамҳои мағз бувад, аз баҳри он ки нахустин осеби қобили мулоҳаза андар ҳисси биноӣ ва шунавоӣ ва андар ҳаракатҳои мушакҳои рӯю пилкҳо биафтад, вале дигар ҳисҳо ва андомҳои ҳаракаткунанда андар осеб анбозӣ кунанд. Агар ҳамаи шикамҳои [мағзро] андар осеб анбозӣ доштан намебуд, ҳуш бекор намешуд (79) ва нафасгириро зиён намерасид. Андар бештари ҳол пеш аз саръ ташаннуҷ ва баъд аз он саръ падид оянд. Ин бад-он сабаб аст, ки ҳар гоҳ ташаннуҷ мустаҳкам гардад, саръ ба амал ояд ва ҳар гоҳ сабаби озордиҳанда бартараф шавад ва ё бод ҳал бигардад, феълҳои ҳиссию ҳаракатӣ боз оянд. Гоҳе хилти рондашуда, ба таври бармало андар бинию гулӯ намудор гардад. Бисёр бошад, ки саръ бидуни ташаннуҷи намоёне падид ояд. Аз баҳри он ки моддаи ба амал оварандаи он тунук буда, аз тариқи пурӣ, на аз тариқи бад[гавҳарии] зиёде амал кунад.
Саръе, ки кӯдаконро рӯй диҳад, бисёр вақт ба сабаби рутубати эшон бошад. Бинобар ин, гоҳе эшонро ҳангоми нав зода шудан зоҳир гардад ва гоҳе баъд аз инкишоф ёфтан. Агар эшонро тадбири дуруст кунанд, [саръ] биравад
ва агар не, боқӣ бимонад. Бояд кӯшиш кард, ки саръ пеш аз рӯидани [риш] бартараф гардад. Дуртарини кӯдакон аз саръ касонеанд, ки андар ноҳияи сарашон решҳову омосҳо рӯй диҳанд ва оби бинияшон рафта истад. Мағзро андар асли офариниш рутубатест, ки бояд пок шавад.
Ин гоҳе ҳангоми андар заҳдон будани [кӯдак] пок шавад ва гоҳе баъд аз зода шудан. Агар ин [рутубат] пок нагардад, ночор бояд саръ ба амал ояд. Бештарини саръе, ки кӯдаконро бирасад, муолаҷааш осон аст ва агар бадтадбирие ба амал наояд ва тарки муолаҷа карда нашавад, баробари ба синни балоғат расидан бартараф гардад.
Саръ гоҳе барноёнро рӯй диҳад ва агар баъд аз бисту панҷсолагӣ [41] ба иллате ба амал ояд, ки андар мағз ва хусусан андар гавҳари он ҷой дошта бошад, доимӣ бимонад ва бартараф нашавад. Ниҳояти кори муолаҷаи эшон ин бошад, ки хуруҷи онро сабуктар ва навбатҳояшро дероянда гардонанд. Буқрот гуфтааст, ки саръи эшон то мурдан боқӣ бимонад. Пиронро саръи суддавӣ ниҳоят кам ба амал ояд.
Гоҳе дигар сабабҳои берунӣ аз қабили аз андоза берун хӯрдану ошомидан, хом мондани ғизо ва бисёр офтоб хӯрдан аз тариқи моддаҳоро ба сӯи сар кашидан ба сабабҳои ҳаракатдиҳандаи саръ ёрӣ расонанд. Ин аз он сабаб бошад, ки моддаҳоро аз паҳн шудан ба ду ҷиҳати тан боз доранд ва онҳоро ба барсӯ равона кунанд. Ҷимоъи зиёд яке аз сабабҳои саръ аст. Аз ҷумлаи сабабҳои он низ зиндагии осуда, оромӣ ва кам варзиш кардан ба шумор бираванд. Инчунин яке аз сабабҳои он бо шиками пур варзиш кардан аст, чунки ин хилтҳоро аз ғайри пурра ҳал шудан ба ҷунбиш оварад ва онҳо тиҳигоҳҳоро пур кунанд.
Яке аз сабабҳои [саръ] чизҳоест аз қабили бим, афтидани чизе ва садои ногаҳонӣ, ки дилро сустӣ оварад. Дигар аз сабабҳои он рӯза доштани худованди меъдаи камқувват аст. Ошомидани шароби холис низ [сабаби саръ бошад], аз баҳри он ки меъдаро газанд орад. Ҳамаи инҳо сабабҳои дуреанд, ки муҷиби сабабҳои наздик буванд ва мо аз барои ин сабабҳо як боби ҷудогона оварем.
Гуфтаанд, ки агар каси ба саръ гирифтор пӯсти бузро баробари пӯст кашидан бипӯшад ва бевосита бо даҳон об биошомад, саръаш бигирад. Агар ӯро бо шохи буз, мурр ва хошо дуд кунанд, низ чунин бошад. Бисёр бошад, ки саръ ба сабаби табҳои гирифторомада, хусусан ба сабаби таби дароз ва беш аз ҳама ба сабаби таби чаҳоррӯзӣ кушода шавад, зеро таби [чаҳоррӯзӣ] сахт дароз аст ва низ моддаи савдовиро пазонида, ҳал кунад. Таби ларзонандаи қавӣ [низ чунин] бошад, чунки ларзиш фазлаҳои андар мағз часпидаро бикашад ва арақи аз паси ларза падидоянда онҳоро берун орад. Чунонки сакта кушода шуда, фалаҷ бигардад, ҳамчунин [бисёре аз гунаҳои саръ ба фалаҷ гузаранд]116. Бархе аз пизишкон гуфтаанд, ки барои он ларзишу изтироб ёри [саръи] балғамист, ки балғам андар зичӣ ба андозаи пурра бастани маҷроҳо намерасад. Аммо ҳангоми [саръи] савдовӣ мумкин аст маҷроҳо пурра баста гарданд ва аз ин сабаб изтироб камтар бошад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки саръе, ки ҳангоми он изтироб зиёд бошад, эҳтимоли қавист, ки сабаби он хилти миқдоран кам ва камтар андар гузаргоҳҳо нуфузкунанда бувад. Инҳо масъаларо баръакс таъбир кардаанд. Ҳеҷ аз ин ду гуфта қатъӣ нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор