Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар баробари ташаннуҷ андар андомҳои андарунӣ дил задану паридан ҷой дошта бошад, ин далели баде хоҳад буд, зеро дил задан бар яке аз ду ҳолати зерин далолат кунад: ё андар андомҳои дарунӣ омосе бошад, ки дилзании бузург ба амал оварад ва ё андар онҳо лоғарӣ вуҷуд дошта, бар асари он набзи бузурге падид ояд, ки хосси раги бисёр ҷаҳанда бувад.
Агар моддаҳои хуноқҳо рӯ ба асаб оварда, ба он гузаранд, албатга, ташаннуҷ ба амал ояд ва андар набз зоҳир шудани ҳолати ташаннуҷӣ аз он гувоҳӣ диҳад. Моддаҳои барсом агар [низ] ба сӯи асаб бигароянд, шиддат ёфтани тангии нафас ва на чандон сахт будани таб аз он гувоҳӣ диҳанд. Агар моддаи сарсом ба сӯи [асаб] бигарояд, нахуст боиси чашмак задани зиёд ва ба ҳам кӯфтани дандонҳо бигардад ва сипас чашмро аҳвал ва гарданро каҷ сохта, баъд аз он ташаннуҷ ба амал оварад.
Илоҷҳо: Ҳангоми ташаннуҷи аз кӯфтагӣ падидомада бояд пухтаковҳое ба кор бурд, ки аз кашки ҷав, бобуна, хитмӣ, орди шанбалит ва монанди инҳо сохта бошанд.
Мо ҷойгоҳи ба кор бурдани [инҳоро] андар «Қонун» баён кардаем. Аммо [ташаннуҷ], ки аз сабаби газанде падид ояд ва агар он ба иллати ошомидани чизе бошад, бояд бо он чизҳое муолаҷа шавад, ки аз бобҳои заҳрҳо хоҳӣ донист.129 Агар ин гуна [ташаннуҷ] ба иллати таб ориз шуда бошад, бояд аз тариқи чарбҳои сахт тариоварандае, ки онҳоро медонӣ, мағз, асаб ва мушакҳоро сахт тарӣ афзуда, онро муолаҷа кунанд ва [беморро] андар хонаи сард нигоҳ доранд. Агар [ташаннуҷи мазкур] ба сабаби ягон дарде бошад, баъд аз шинохтани чигунагии дард онро ором кунанд ва сабабро қатъ созанд. Агар [ташаннуҷ] ба иллати ягон газидагие бошад, онро бо доруҳое муолаҷа кунанд, ки андар бобҳои газидагиҳо баён хоҳем кард. Агар аз сабаби омос бошад, бо чизҳое муолаҷа кунанд, ки андар бобҳои муолаҷаи омосҳои асаб ёд хоҳем кард.130 Агар [ташаннуҷ] аз хушкӣ хеста бошад, илоҷи он душвор бувад ва созгортарин илоҷ барои он ба кор бурдани обзан, баъди он чарб кардани равғанҳои тарифизоянда ва якчанд бор такрор кардани ин кор аст. Ин ҳам ба шартест, ки агар таб набошад, то нимгарм кардани [равған] албатта лозим наояд. Бояд ин [муолаҷа] ҳамаи бандкушоҳоро фаро бигирад. Агар имконияти аз шир обзан омода кардан бошад, бояд чунин кунанд ва агар не, бояд андар обҳое [беморро] оббозӣ доронанд, ки андар онҳо барги бед, кашк, бунафша, нилуфар, каду ва хиёр ҷӯшонида бошанд.
Ё барои [бемор] обзане бисозанд, ки ҳамааш аз фишурдаи каду ва ё фишурдаи хиёри даштӣ иборат бошад ва ё аз гулобе, ки андар он баъзеи ин чизҳоро ҷӯшонида бошанд, ё аз оби тарбуз, ё оби бед ва ё аз чизҳои бад-инҳо монанд иборат бувад. Агар барои чунин [беморон] аз ҳамин гуна фишурдаҳо, равғанҳо ва чизҳои ҷӯшонидаи тарифизояндаву равғанӣ ҳуқнаҳо бисозанд, сахт судманд бошад. Бояд бар бандкушоҳо ва бар саргаҳи мушакҳо равғанҳое бимоланд, ки пайдарпай арақ оваранд. Баробари ин бояд ба мағз диққати ҷиддӣ дода, онро бо чизҳое тарӣ биафзоянд, ки андар [боби] тарифизоии мағз туро ёд додем. Агар андар миён таб набошад, ба бемор ба қадри

лозимӣ шири навдӯшида бидиҳанд. [51] [Инчунин] хоҳ таб бошад хоҳ набошад, [ба бемор] бояд оби ҷав, оби каду, оби тарбуз ва гулоб дод. Агар барои гузаро шудан бо инҳо каме шароби сафеди тунук биомезанд, хуб бошад.
Ҳамчунин бояд оби [беморро] бо каме аз шароб омехта сохт. Ин муолаҷаро бояд бидуни он ки бемор ҳаракат кунад ва ё бо варзиш машғул шуда бошад, давом дод.
Агар имконияти бо тамомияти баданаш ӯро андар равғани нимгарм оғушта кардан бошад, чунин кунанд. Бояд равғанҳову фишурдаҳои тарифизоянда андар бинияш афканд ва сарашро бо доруҳои тариоварандае тарифизоӣ кард, ки худ ҳамедонӣ. Бояд шаб тухми аспғул ва равғани гул истеъмол карда, бихобанд. Яке аз чизҳое, ки барои эшон ва хусусан барои кӯдакон судманд аст, ошомидани тарангубин бувад. Агар [кӯдаконро] имконияти ошомондани он набошад, бояд ба доягон бидиҳанд.
Агар худованди ташаннуҷи тар нотавон бошад, истеъмоли гӯштҳоро аз ӯ набояд қатъ кард, валекин бояд ба ӯ аз гӯштҳои хушкмизоҷе мисли гӯшти гунҷишк, кабк, чаковак ва тиҳу дода шавад. Агар қувваташ заиф набошад, ӯро аз нону ангубин ва оби нахӯд бо шибиту хардал ғизо бидиҳанд. Низ бояд ба ӯ обкома бо равғани зайтун дод ва андар чизе, ки тановул ҳамекунад, мурч афканд.
Аммо ғизои худовандони ташаннуҷи хушк [чизҳои зерин аст]: ҳар чизи тариоварандаю гармифизой; тамоми ошомҳои равғании гармиоварандае, ки аз оби ҷав, равғани бодом ва шакари беҳтарин сохта бошанд; ва оби гӯште, ки аз гӯштҳои барраву бузғолаҳо бигиранд. Агар ҳарорат бошад, андар [оби гӯштҳо] аз тараҳои тарифизой (99) чизе биафкананд, ки газанди гӯштро бишканад. Агар гармии берун аз андоза ҷой надошта бошад ва агар аз барои гузаро шудан ба онҳо андаке шароб биомезанд, бефоида нахоҳад буд. Агар шароб бо оби меошомидаи [беморон] омехта карда шавад, равост.
Оид ба чигунагии муолаҷа: бояд [ташаннуҷи] тарро бо истифроғҳову поксозиҳои қавие муолаҷа кард, ки ҳангоми чӣ гуна бо доруҳои шикаморанда ва ҳуқнаҳои тез хилти ситабрро аз асаб истифроғ намудан баён кардем.
Ҳар гоҳ нишонаҳои ғалабаи хунро ниҳоят равшан мушоҳада кунӣ ва хусусан агар сабаби пурӣ аз шароби зиёд ошомидан бошад, нахуст раг бизан ва ҳамаи он миқдор хунеро, ки ба сабаби ташаннуҷ ва ё дигар беморӣ рехтанаш мавриди эҳтиёҷ аст, ба якборагӣ нарез, балки миқдоре аз онро боқӣ бимон, ки то бо ташаннуҷ бикӯшад ва аз тариқи ҳалсозии ҳаракатҳои ташаннуҷ ба таҳлил биравад.
Яке аз роҳҳои муолаҷаи ин [ташаннуҷ] он аст, ки андар обҳои гармчашмаҳо фурӯ бираванд ва андар равғани рӯбоҳ ва кафтор, ки мо онро андар боби дардҳои пайвандгоҳҳо ёд хоҳем кард, нишинанд, зеро ин кор судманд аст. Инчунин, агар таб набошад, пиҳи кафтор ва равғани савсан чарб кунанд, [низ нофеъ аст]. Ба ғайр аз ин пухтакови сагбачаҳоро ба кор баранд, андар обҳое нишинанд, ки андар онҳо гиёҳҳои доругии латифкунандае аз қабили қайсум, барги мушки замин, наи бӯё ва барги даҳмаст ҷӯшонида бошанд ва доруҳои олуданиеро ё танҳо ва ё ба шакли мураккаб ба кор баранд, ки аз бехи хори яҳудӣ, тухми хори сафед, тухми хори мисрӣ ва фишурдаи қантуриюни борик сохта бошанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ