Қонуни тиб

Бидон, ки андар обзан муддати дароз нишастан, хоҳ равған бошад, хоҳ ғайри он, ба сабаби суст шудани қувват зиён дорад. Бинобар он ба ҷои як бор дароз истодан шумораи ин корро биафзой ва [беморро] андар як рӯз ду бор бинишон.
Барои касоне, ки ба ташаннуҷи ҳамагонии бо номи «убистотонис»131 маъруф ва ба азҳамкашидагие гирифторанд, ки ҳар ду аз модда хеста бошанд, яке аз чизҳои судманд ин аст, ки ба тавре ки Буқрот ёд кардааст, бояд бемор якбора андар оби сард ғӯтонида шавад, зеро аз ин роҳ зоҳири тан фишурда шуда, гармии модарзодӣ андарун ҷамъ омада, қавӣ бигардад ва моддаро ҳал кунад.
Вале на ҳар тане қобили бехатар пазируфтани чунин [илоҷ] аст, балки тани қавии ҷавони сергӯште қобили он бувад, ки ҳеҷ гуна реш надошта бошад ва ин [ҳам ба шарте], ки андар тобистон бошад. Бисёр касон аз ин роҳ шифо ёфтаанд.
Бар ҷойҳое, ки охири ватар то ба онҳо рафта расидааст, агар [беморӣ] сабук бошад, бидуни буриш миҳҷама гузор. Агар беморӣ сабук набошад, ба буриш эҳтиёҷ пайдо хоҳӣ кард, зеро агар миҳҷама бе буриш ниҳӣ, мумкин аст, ки бо кашидани модда зиён оварӣ. Маҳаллҳое, ки бар онҳо миҳҷама гузоранд, гардан, ду паҳлуи сутунмуҳра ва ҷузвҳои мушаки сина мебошанд. Аммо бар пешгоҳи обгаҳ ва маҳалли гурдаҳо ҳангоме миҳҷама гузорем, ки бими хун [пешоб кардан] дошта бошем ва барои он ғамхорӣ кардан бихоҳем. Миҳҷама набояд бисёр ва якбора гузошта шавад. Ҷойҳои миҳҷама гузоштаро эҳтиёт ва ҳимоят кун, то бо сард шудани тан сард нагарданд.132 Низ илоҷи дигар он бошад, ки андоми ба ташаннуҷ гирифторро ба нармӣ рост кунанд. Яке аз илоҷҳое, ки ба табъи хеш биафтанд, падид омадани таби тез бувад. Бадин сабаб Буқрот гуфтааст: «Агар нахуст ташаннуҷ афтад, пас, таб ояд, беҳтар аз он бошад, ки нахуст таб ояду пас ташаннуҷ афтад». Таби чаҳоррӯзӣ ҳангоми [ташаннуҷ] ба сабаби танро ларзондан ва бисёр арақ овардани хеш судманд аст. Ҳар кӣ ба таби чаҳоррӯзӣ гирифтор шавад, кам бошад, ки гирифтори ташаннуҷ бигардад, зеро таб аз [ташаннуҷ] амон диҳад.
Яке аз муолаҷаҳои аҷибу санҷидашудаи ташаннуҷ ин аст, ки бар андоми гирифтори ташаннуҷ дунбаи гӯспанд часпонида, то бӯй гирифтан бигузоранд ва сипас онро ба дигараш иваз кунанд.
Ба ҳангоми ташаннуҷе, ки [тамоми] танро фаро бигирад, агар бо доруҳои атсаоваранда ба пок сохтани сар бипардозанд, низ манфаати азим бахшад. Барои [ин беморон низ] чунин илоҷ санҷидашуда аст, ки гарданбанди сермӯи нармеро бар гардани бемор кунанд ва ҳар чанд вақт бар он равғани гарм бипошанд. Гармобаи хушк барои эшон суди бузург дорад. Агар бар санги тофтае шароб пошида, бар он худро бидоранд ва арақ оваранд ва инчунин худро андар ҷома бипечанд,133 [ниҳоят суд дорад].
Яке аз зимодҳои барои эшон хуб марҳамест, ки аз майъаи тар, фурбиюн, гунди бедастар, муми зард ва равғани савсан омода созанд. Марҳамҳои андар Қарободин ёдшуда, пиҳҳо ва дигар чизҳо [низ хубанд]. Дурди равғани кунҷид, равғани тухми катон ва луоби шанбалит чарб кардан [низ нофеъанд]. Яке аз доруҳои барои гармибандии эшон хуб намаки тафсонест, ки бар баромадгоҳҳои асабҳо ниҳанд.
Яке аз чизҳое, ки барои [чунин беморон] судманд буда (100) таб оварад, гунди бедастар ва ангужадест, ки ҳар дуро бо ангубин сиришта, ба қадри як ҷавза аз он истеъмол кунанд. Ин ба ҳақиқат таб оварад ва ташаннуҷро зуд бикушояд. Равғани беданҷир, оби ангубин бо ангужад ва ҷӯшонидаи донаи баласон низ чунин буванд.
Яке аз чизҳое, ки барои эшон сахт судманд бошад, ошомидани тарёк ва маъҷунҳои бузург аст. Гоҳе тановул кардани чизҳои пешобтозонанда суд бахшад. Доруи зерин санҷидашуда аст: бист дирам бехи саморуғи футрро гирифта, андар ду ратл об то боқӣ мондани сеяки он биҷӯшонанд ва чаҳор уқия аз онро гармогарм бо ду дирам равғани бодом биошомонанд. Ин хусусан аз барои ташаннуҷи ба сӯи пас кашидашуда судманд аст. Гоҳе ба ҷои бехи саморуғи футр даҳ дирам донаи баласонро биҷӯшонанд ва як ошомидании он се уқия бувад. Пудинаи даштӣ низ чунин бувад.
Яке аз доруҳои ниҳоят судбахш говшир аст. Ба касони қавӣ аз он як мисқол, ба миёнаҳолон як дирам ва ба нотавонон қариб чаҳоряк дирам бидиҳанд, вале меъдаро бояд эҳтиёт кард, зеро меъда аз он сахт нотавон бигардад. Ангужад низ чунин бошад ва аз он ба андозаи як донаи говдона андар чаҳору ним уқия ангубин [гузошта бидиҳанд].
Уша низ ҳамчунин аст. Гоҳе ҳамаи инҳоро бо пухтакови зуфо ва пухтакови ангудон биошоманд. Аммо гунди бедастар беш аз ҳама суд ва камтар зиён дорад. Як ошомиданӣ аз он ба андозаи аз ду то се кафча буда, инро якчанд бор биошоманд ва бояд миқдори ошомида ба андозаи мазкур баробар бошад. Аз ҳама камзиёнтар ҳангомест, ки онро аз болои таом биошоманд ва чӣ гуна таоме, ки бошад, хатаре надорад.
Яке аз муолаҷаҳои [ташаннуҷ] ин аст, ки бо равғанҳои сахт ҳалкунандаи мазкур равғанмолӣ кунанд. Масалан, [молидани] равғани хиёри даштӣ, равғани беданҷир, равғани судоб ва равғани қуст бо гунди бедастару оқирқарҳо сахт судманд бувад. [Низ] дунбаи обкарда, равғани наргис ва равғанеро [ба кор баранд], ки ба сифати зерин аст: як қист равғани нордин, як қист равғани ҳузаз, ду уқия мум, як уқиягӣ аз гесугуна, ҳамомо, майъа ва мастако, чаҳор мисқолӣ аз мурч ва фурбиюн, як уқия сунбул ва як уқия равғани баласонро гирифта, ҳамаро бо ҳам якҷо кунанд. Яке аз зимодҳое, ки ба кор баранд, зимоди фурбиюн аст. Ин сахт судманд бувад.
Аммо ба ҳангоми ташаннуҷе, ки ширдиҳандагонро ориз бигардад, агар пайвандгоҳҳои эшонро бо ангубине зимод кунанд, ки заъфарон, бехи савсан ва анисунро бо он сиришта бошанд, кифоят кунад, вале аз бехи савсан бештар, анисун камтар ва заъфарон андак бояд гирифт. Бояд андомҳои эшонро пайваста андар обҳое гирифт, ки андар онҳо бобуна, шоҳафсар ва шанбалит ҷӯшонида бошанд. Гоҳе мумкин аст равғани бобуна ба танҳоӣ суд бахшад.
Шароби кам барои худовандони ташаннуҷи тар нофеъ аст ва ташаннуҷро чун кушодани таб бикушояд. Аммо бисёри он зиёнкортарини чизҳо бувад. Бояд [52] ба [бемор] андак шароби куҳан ва аз болои ғизои кам бидод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор