Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бидон, ки ҳар гоҳ ташаннуҷ ба ғайр аз андомҳои рӯй тамоми танро фаро гирифта бошад, пизишкон бо зимодҳову чарбҳо оҳанги муолаҷаи муҳраҳои гардан кунанд ва агар ташаннуҷ андар андомҳои рӯй ҳам ҷой дошта бошад, ба изофаи он оҳанги муолаҷаи мағз низ кунанд. Агар ташаннуҷ аз сабаби анбозии меъда бархоста бошад ва агар нишонаҳои ёдшударо мушоҳада кунӣ, зуд ба қай овардани ин гуна бемор бипардоз, зеро мумкин аст зардаи тез ва ё хилти гандида қай намуда, бо ҳамин зуд шифо ёбад.
Фасли панҷум андар баёни тамаддуд ва кузоз

Тамаддуд бемории афзориест, ки ҳангоми он қувваи ҳаракатдиҳанда ба иллати падид омадани осебе андар мушакҳо ва асабҳо андомҳоеро, ки корашон кашида шудан аст, андар ҳам кашидан натавонад. Аммо лафзи «кузоз»-ро бар маъниҳои гуногун ба кор баранд: Гоҳе «кузоз» гуфта, ҳолатеро бихоҳанд, ки аз мушакҳои чанбари гардан бархоста, онҳоро ба сӯи пеш, ё пас ва ё ба ҳар ду сӯй бикашанд. Гоҳе «кузоз» гуфта, ҳар гуна азҳамкашидагиро гӯянд, гоҳе «кузоз» гуфта, худи ташаннуҷро гӯянд ва гоҳе ташаннуҷи хосси гарданро гӯянд. Гоҳе бо он азҳамкашидагиеро хоста бошанд, ки аз ду ташаннуҷ ва ё аз ду кашидагӣ аз пеш ва аз пас иборат аст. Гоҳе ба исми «кузоз» он кашидагиеро махсус гардонанд, ки ба сабаби сардии фишурдагиоваранда падид омада бошад.
Тамаддуд, ба ҳақиқат, зидди ташаннуҷ аст, вале ҳамчун афтидани ду зидд андар таҳти як ҷинс вай андар зери ҷинси ташаннуҷ бидарояд. Ба як сабаб нисбат доштани ҳар ду (101) ба таври зиддиятнок аст. Вале ташаннуҷ ба як ҷиҳат ба амал ояд ва ҳар гоҳ ки ду ташаннуҷ ба ду ҷиҳати ба ҳам зидд бо ҳам ҷамъ ояд, тамаддуд хоҳанд буд. Чунончи, як касро ҳам аз пеш ва ҳам аз пас ташаннуҷ падид омада, бар асари он аз ду ҳаракати ба ҳам зидд андар тани ӯ тамаддуд ориз гардад. Модом ки ин тамаддуд ташаннуҷи дучандист, бояд сахттар аз ташаннуҷи сода бошад ва буҳронаш ҳам тезтар бирасад. Гоҳе мумкин аст ин ташаннуҷи дучандӣ на аз ду ташаннуҷ, балки аз ду тамаддуд иборат бошад. Андар бештари ҳолатҳо ташаннуҷ аз сӯзиши сахт холӣ нест.
Сабабҳои кузоз аз як сӯ ба сабабҳои ташаннуҷ монанд аст ва аз сӯи дигар мухолиф. Аммо мушобаҳаташон аз баҳри он аст, ки кузоз гоҳе аз сабаби пурӣ, гоҳе аз хушкӣ ва гоҳе аз ранҷе падид ояд, ки андомҳои асабиро расида бошад. [Низ] гоҳе аз сабаби омосҳо ориз гардад. Мухолафаташ бад-ин гуна аст, ки ташаннуҷ бисёр ба нудрат аз бод падид ояд, вале кузоз аксар вақт аз боди азҳамкашидагиоваранда ба амал ояд, балки гузашта аз он кузозе, ки аз ду ташаннуҷ мураккаб аст, аксар вақт аз бод ҳангоми бар тамоми тан ғолиб омадани он падид ояд. Ба изофаи ин кузоз бемории душвор аст, вале ташаннуҷи сода андар як андом аз бод ориз бигардад ва мумкин нест душвор бошад. Аз баҳри он ки ин гуна [кузоз] ба сабаби бар тамоми тан ғолиб омадани бод падид ҳамеояд. Дар сурате ки агар баробари ташаннуҷи сода бод ғолиб мебуд, андар ин ҳол хатар ва нишонаи марг ҷой медошт, пас, ба ҳангоми [ташаннуҷи] дучандӣ чӣ гуна чунин набошад.

Онҳо аз ҷиҳати дигаре [низ] ба ҳам мухолифанд. Яъне ҳангоми ташаннуҷи моддӣ сабаб андар маҳалле аз асаб бар ҳайъате биафтад, ки густаришро боз дорад, зеро ӯ лифро бар паҳно аз ҳам бикашад ва ё онро ба сӯи бехаш андаркашида, боиси ташаннуҷ бигардад. Аммо сабаб ба ҳангоми кузози моддӣ баръакс биафтад, зеро он рутубати кузозоваранда 1) ё андар миёни лиф бидарояд, сипас фишурда шуда, бар ҳолати сахтӣ боқӣ бимонад ва бинобар ин дубора андаркашида шудани [лиф] душвор бигардад ва ё якбора падид омада, аз ғайри он ки нисбаташ аз нисбати лиф фарқе дошта бошад, лифро пур кунад. Гузашта аз ин [рутубат] ба дарозои лиф ҷойгир шуда, на танҳо бидуни коҳиш ёфтани дарозо ориз гардад, балки бо фароғиро пур карданаш дарозоро ба ҳоли хеш нигоҳ дорад.
Ҳангоми ташаннуҷ моддаи ба амал оварандаи андар миёнаҳои асаб ҳар гуна ҷойгиршуда андар он на ба таври яксон ва начандон дарунтар бидарояд. Чунин бинамояд ки нуфузи моддаи кузози бар ин гуна сифат буда ба нуфузи моддаи истирхо монандӣ дорад, вале он модда тунуки ковокиоваранда аст ва ин фишурдаи сахт буда, андомро намегузорад, ки хам шуда, андар хеш кашида шавад.
2) Ё ин ки модда ҳангоми кузоз андар миёни мушакҳо, ватар ва асаб наафтад, валекин андар саргаҳи онҳо биафтад. Бинобар ин, асаб ва ё ватарро дарозӣ афзудааст ва он наметавонад, ки андар хеш кашида бигардад. Ё андар он ҷой омосе ҷой дорад ва ё модда андар миёнаҳои лиф тавре афтидааст, ки ҳар гоҳ [асабҳо] андаркашида шаванд, эҳтиёҷ бад-он дошта бошанд, ки лифашон таҳти фишор қарор гирифта, ранҷ бинад ва дард кунад. Ё сабаби дардоваранда ва ранҷдиҳанда модда ва ё ғайри модда буда, андар саргаҳҳои мушакҳо ва ватарҳо афтидааст ва онҳо аз вай ба дарозо бигурезанд, чунонки навъе аз кузоз пас аз қаи сахт ва истирхои пурранҷ ба сабаби ранҷ дидани ватарҳову асабҳо аз тарафи меъда падид ояд.
Баъд, агар сабаби кузоз хушкӣ бошад, пас, ин бад-он гуна бошад, ки мушакҳо чун ба сабаби ҳал шудани рутубатҳо бар паҳно коҳиш ёбанд, дарозиашон биафзояд ва аз ин гузаргоҳҳо фишурда гардида, қувваи ҳаракатдиҳанда андар онҳо ба душворӣ гузарад ва бинобар ин, андомҳоро ба шакли дарҳамкашида даровардан натавонад, хусусан агар сахтшавие андар ин кор ёварӣ кунад, ки аз хушконидани асабҳо падид омада бошад. Ба ҳамин монанд яке аз намудҳои ташаннуҷи хушк аст, ки ҳангоми он [асаб] ба тариқи бирён шудан134 ҳам аз дарозо ва ҳам аз паҳно бикоҳад ва бинобар он ташаннуҷи хушк бадтар аз кузози хушк бувад. Чунонки истирхо мумкин аст гоҳе ба сабаби буриш биафтад, ҳамчунин тамаддуд ҳам гоҳе метавонад ба иллати ҷароҳат биафтад, зеро ҳар гоҳ ҷароҳат рӯй диҳад, мушакҳо аз он ранҷ дида, аз андарҳам кашида шудан боз монанд.
Гоҳе як навъ кузози бисёр қавӣ ба ягон сабаби қавӣ ва ба сабаби моддаи қавии бисёр ба амал ояд ва гоҳе мумкин аст ба тариқи (102) падид омадани ташаннуҷ ба иллати карахтии аз пурӣ баамаломадае рӯй диҳад, ки роҳҳои рӯҳро баста, андомҳоро азҳамкашида нигоҳ дорад ва онҳо андар худ кашида нашаванд, чунонки андомҳои қабзшуда то роҳи баромад ёфтани рӯҳ наёзида боқӣ бимонанд. Ин аксар вақт баъд аз хоб ба амал ояд, зеро рӯҳ андар ин ҳолат бештар ба сӯи андарун майл кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ