Қонуни тиб

Ҳамин тариқ, як нуктаи хурди дар «ал-Қонун» омада ҷавҳари як масъалаи бузурги замони моро ташкил мекунад. Ин масъала қариб ним аср аст, ки мавриди таҷзияву таҳлили донишмандон қарор гирифта, як институти махсус бо номи «Институти байналмилалии омӯзиши изтироб» дар Монреал барои ҳалли он машғули кор аст ва олимони гуногуни ҷаҳон дар ин муддат дар атрофи масъалаи мазкур зиёда аз 80 ҳазор асари тадқиқотӣ таълиф кардаанд. Ҳарчанд дар ин миён ёде аз аз «ал-Қонун» ва муаллифи он нарафтааст, боке надорад, зеро халқ гуфтааст, ки «некӣ куну дар об андоз».
Хулоса, мо боварӣ дорем, ки ба ҳамин монанд боз чандин масоили дигари ҳалталаб дар «ал-Қонун» ҷой доранд ва дар интизори муҳаққиқони борикбини имрӯзу оянда мебошанд.
Аҳаммияти услубии китоби «ал-Қонун» кам нест ва тибби имрӯза ба мушкилиҳои зиёде рӯбарӯст, ки ҳалли онҳо аз табиб омӯхтан ва дар амал татбиқ намудани усули синоии муолаҷаро тақозо мекунад.
Одатан, дар таърихи тиб усули қадимии муолаҷа, яъне усулеро, ки аз замони Буқрот (460–377 қабл аз милод) то давраи навин дар тиб роиҷ буд, усули буқротӣ меноманд.
Азбаски тибби синоӣ танҳо тақлиди муҷарради тибби буқротӣ нест, балки шакли бисёр мукаммал ва зинаи аз ҳама инкишофёфтаи он мебошад ва гузашта аз ин, заминаи инқилоби тибби навинро дар Аврупо маҳз «ал-Қонун»
ба вуҷуд овард, бинобар ин, ба кор бурдани таъбири «усули синоӣ» ба фикри мо дар ин маврид бисёр баҷост. Усули синоӣ на танҳо айни усули буқротист, балки як шакли бисёр инкишофёфтаи он мебошад.
Асри ҳозира инсонро дар гирдоби дигаргуниҳои азим андохтааст. Ҳаракату тағйирёбӣ дар осудатарин муставоҳо нуфуз карда, ҳамаро ба маҷрои худ мекашад. Зарурат ҳар дам инсонро маҷбур месозад, ки муҳити унсгирифтаи худро тарк кунад, аз иқлим ба иқлими дигар равад, Бо мардумони гуногун биомезад, урфу одатҳои анъанавии худро бебозгашт фаромӯш кунад, аз як сохти иқтисодӣ ба сохти дигар ва аз як шакли идеологӣ ба шакли дигари он гузарад.
Ҳамаи ин рӯз ба рӯз боиси дигаргун шудани мизоҷи аслии инсон ва ҳарчӣ бештар ба муҳит вобастагӣ пайдо кардани ҷисми он мегардад. Ҳатто дар шароити ҳозира барои дигаргун шудани мизоҷ шарт нест, ки инсон ба тағйироти маконию замонии ҷиддие дучор ояд, балки дар ҷои худ ва шароити муқаррарӣ низ аз ин дигаргунии мизоҷии берун аз андоза дар амон нест. Масалан, агар мо имрӯз палав пухтанӣ шавем, дар он аз биринҷи Ҳиндустон сар карда то гӯшти Зеландияи Навро ба кор мебарем.
Оё ҳамаи ин чизҳое, ки аз минтақаҳои гуногуни дунё бархостаанд, ба мизоҷи аслии мо мувофиқ аст? Мо бовар дорем, ки маҳсулоти ҳар минтақа муносиби мизоҷи мардумони он минтақа аст ва танҳо ба он мардумон манфиати бисёр расондан метавонад.
Хулоса, инсон дар маърази санҷиши бузург қарор гирифтааст ва ин аз ӯ беш аз ҳар вақт сабру тоқат ва бурдбории азим талаб дорад. Вале, мутаассифона, на ҳама вақт ва на ҳар кас тоби чунин санҷишро дорад. Бинобар ин, дигаргуниҳои мазкур то рафт аз сахт вобаста будани инсон ба муҳит истифода бурда, ба тандурустии ӯ таъсир мерасонад ва мӯҷиби падид омадани бемориҳои хоссу нав ба нав мегардад. Аз ин ҷиҳат, бемориҳои инсонӣ сифатан дигар шуда истодааст ва ин тибро водор месозад, ки роҳҳо ва усулҳои муборазаи худро низ сифатан тағйир диҳад. Ҳамин тариқ, вазъи кунунӣ аз табиб тақозо дорад, ки ба масъалаи тандурустии инсон танҳо аз муставои ҳуҷайраву молекула муносибат кардан дигар кифоят нест, балки бояд аз муставои берунтару ҷомеътар муносибат карда шавад. Бояд пеш аз ҳама ягонагии инсон ва робитаи он бо муҳит, хусусан муҳити иҷтимоӣ, дар мадди назари табиб қарор гирад.
Маҳз усули синоист, ки дар ин ришта яди байзо дошта, чунин муносибатро дар дараҷаи аввал мегузорад ва бартарии андешаро ба ҷамъбасту фарогирӣ, на ба таҷзияву таҳлил таъмин менамояд. Маҳз Ибни Сино иллатҳои бемориро на фақат ба мизоҷи шахсии инсон, ки ҳосил ва ифодакунандаи шароити табиию таърихӣ ва муносибатҳои иҷтимоист, вобаста медонад, балки аз ин дараҷа ҳам фаротар рафта, муҳити табиӣ, иқлим, фаслҳои сол, ҳаракати моҳу сайёраҳо ва тамоми манзумаи офтобиро омилҳои муҳим ва муассири ҳолати тандурустӣ ва бемории тани инсон меҳисобад. Инсон, ба ақидаи ӯ, тандурустии худро танҳо дар муносибат ва мувозинати муайян бо тамоми ин низоми ёдшуда нигоҳ дошта метавонад ва берун омадан аз ҳолати мувозинат муҷиби беморӣ ва ё беморипазирии тани инсон хоҳад шуд.
Ба таври дигар гӯем, дар маркази таълимоти тиббии
Ибни Сино назарияи мизоҷ меистад. Чигунагии вобастагии ҷисми инсон ба муҳит ба чигунагии мизоҷи он алоқамандӣ дорад ва муҳит танҳо ба воситаи бадмизоҷӣ ба ҷисми инсон таъсир мерасонад.
Мизоҷ ягона назарияи ҳамагониест, ки дар ҳамаи муставоҳои ҷисми зинда онро метавон татбиқ кард. Мо мизоҷро метавонем дар муставоҳои омтар аз дараҷаи андомгон гирифта, мизоҷи хонавода, мизоҷи хешовандон, мизоҷи миллӣ, мизоҷи умумиинсонӣ ва мизоҷи ҳайвонӣ гӯем ва ё дар муставои хостар аз муставои андомгон гирифта, мизоҷи андом, мизоҷи бофта, мизоҷи ҳуҷайра ва мизоҷи молекула гӯем.
Ваҳдат ва ягонагии ҳар як мавҷуди зинда танҳо дар шакли мизоҷ ифода меёбад. Масалан, молекула ба туфайли мизоҷи хосси худ молекула аст, на маҷмӯъи унсурҳои сода, ҳуҷайра ба тавассути мизоҷи хосси худ ҳуҷайра аст, на маҷмӯъи молекулаҳо, андом ба воситаи мизоҷи хосси худ андом аст, на маҷмӯъи ҳуҷайраву бофта, андомгони инсон маҳз ба воситаи мизоҷи хосси худ андомгон аст, на маҷмӯъи андомҳо ва ғайра. Дар ҳақиқат ба тавассути мизоҷ ҳар як мавҷуд на фақат дар нисбати аҷзои худ ваҳдату ягонагӣ касб мекунад, балки дар нисбати ҳамҷинсон ва табақаҳои омтар аз худ низ соҳиби фардият ва нотакрорӣ мегардад.
Маҳз ба тавассути мизоҷ мавҷудоти зинда ягонагӣ, истиқлолият ва вуҷуди худро дар муҳит нигоҳ медорад. Ҷисми зинда ҳамчун як ҳисори сарбастаи мизоҷист, ки муҳит бевосита ба он сар дароварда, таъсин карда наметавонад.
Дар ин асос, агар мо инсонро ҳамчун ҳайвон бо дигар ҳамҷинсонаш муқояса кунем, пайдост, ки ҳисори мизоҷӣ дар инсон назар ба ҳайвон хеле суст ва дорои як рахнаи азим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё