Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар ҳамаи онҳо андар каф ҷамъ меомаданд, ҳароина каф ба иллати фаровонии гӯшт гирифтори гаронӣ мешуд. Азбаски аз миёни онҳо мушакҳои хурдаи даст аз ангуштон дур ҷойгир шудаанд, бинобар он, ватарҳои онҳо ба зарурат дароз гашта, бо пардаҳое муҳкам пӯшида шудаанд, ки аз тамоми ноҳияҳо [ба сӯи онҳо] гирд омадаанд. Ватарҳои онҳо гирдаю қавӣ офарида шудаанд ва то вақте ки ба андом омада нарасанд, паҳн нашаванд. Онҳо баъди [ба андом омада расидан] паҳн бигарданд, то ки андоми ҳаракаткунандаро хубтар фаро бигиранд.
Ҳамаи мушакҳои ангуштонро бозкунанда андар соид ҷойгиранд ва мушакҳои ангуштонро ба поин ҳаракатдиҳанда низ чунинанд. Яке аз мушакҳои бозкунанда мушакест, ки андар миёнҷои пушти соид ҷойгир шудааст. Он аз бахши пешбаромадаи сари поёнии бозу раста, ба сӯи чаҳор ангушт ватарҳоеро равона кардааст, ки онҳо [ангуштонро] боз кунанд.
Аммо аз мушакҳои ба поин майлдиҳанда сето андар ҷониби мушаки [зикршуда] ба якдигар пайваст буванд. Якеи онҳо аз бахши миёнгини сари берунии бозу аз байни ду фузунии он бирӯяд ва ба сӯи ангушти хурд ва бинсир ду ватар бифиристад.
Саргаҳи як мушак аз маҷмӯи ду мушаки дучандӣ, ки ҳар ду аз ҷумлаи ин се мушаканд, аз фурӯсӯи ду фузунии ба сӯи дарун будаи бозу ва аз каронаи занди фурӯсӯвин оғоз ёфта, ба сӯи ангуштҳои миёнгин ва ишорат ду ватар равона кунад.
Мушаки дуввуми ин [ҷумла] мушаки севвум буда, саргаҳи он аз бахши барсӯвини занди забарин аст ва он ба сӯи нарангушт як ватар фиристодааст.
Ба наздики ин мушакҳо як мушакест, ки он яке аз он ду мушаки андар зимни мушакҳои хурдаи дастро ҳаракатдиҳанда ёд шудаанд. Саргаҳи вай аз миёнҷои занди зерин буда, ватари он нарангуштро аз ангушти шаҳодат дур созад.
Як қисм аз мушакҳои таҳкунанда бар соид ва як қисм андаруни каф ҷойгиранд. Онҳое, ки бар соиданд, се мушак буда, якеашон бар дигарашон болои ҳам чида ва андар миёнҷо ҷойгир шудаанд. Шарифтарини онҳо, ки аз ҳама фурӯсӯтар аст, андар зер пинҳон буда, ба устухони занди фурӯсӯвин муттасил бувад, зеро кори он аз ҳама шарифтар буда, бинобар ин воҷиб омад, ки ҷойгоҳи вай аз ҳама эминтар бошад. Ибтидои он аз миёнҷои сари берунии бозу ба сӯи дарун оғоз ёфта, сипас [аз он ҷо] бигузарад. Ватари он паҳн шуда, ба панҷ ватар тақсим бигардад ва ҳар яке аз онҳо ба ҷиҳати дарунии як ангушт биравад. Он ватарҳое, ки ба назди чаҳор [ангушт] оянд, ҳар яке аз онҳо пайвандгоҳи якум ва севвуми [ангуштро] таҳ кунад. Якумро барои он [таҳ кунад], ки бо пас баста шуда, атрофи онро печида бошад. Севумро барои он таҳ кунад, ки сари он ба он ҷой рафта бипайвандад.
Аммо мушаки ба сӯи нарангушт гузаранда бошад, пайвандгоҳи дуввум ва севвуми онро таҳ созад, зеро ин бо ҳардуи онҳо пайваста бувад.
Мушаки дуввумӣ, ки аз забари якумист, аз он хурдтар аст ва аз сари дарунии бозу баромада, бо занди забарин каме пайваст бигардад. Вай аз ҳадди андар миёни ҷониби берунӣ ва дарунӣ муштарак, ки он сатҳи барсӯвини занди (49) забарин аст, гузашт кунад. Чун ба ноҳияи нарангушт бирасад, ба сӯи дарун гашта, ба пайвандгоҳҳои миёнгини чаҳор

ангушт ватарҳои [худро] бифиристад, то ки онҳоро таҳ кунанд. Ба нарангушт танҳо як шоха меояд, ки на аз ҷониби ватарҳои он, балки аз мавзеи дигаре расидааст. Саргаҳи мушаки якум ба изофаи оне, ки ёд шуд, сари зандҳои зерин ва забарин низ бувад. Саргаҳи мушаки дуввумӣ сари занди зерин аст. Нарангушт чунон [вазъ] шудааст, ки ҳангоми таҳшавӣ ба як мушак эҳтиёҷ дорад ва чаҳор [ангушти дигар] бо ду мушак таҳ бишаванд, зеро беҳтарин кори чаҳор ангушт таҳ шудан аст ва беҳтарин кори нарангушт боз шудан ва аз ангушти ишорат дур гардидан аст.
Мушаки севвум аз барои таҳ кардан нест, лекин он бо ватари худ ба даруни каф даромада, ба паҳноӣ густурда бигардад, то ки ба он эҳсос бахшида, аз рӯидани мӯй андар вай боз дорад ва то ки даруни кафро мустаҳкам намуда, онро барои иҷрои амалиёти хеш тавоно созад. Ин буд он мушакҳое, ки андар хурдаи даст ҷой доранд.
Аммо он мушакҳое, ки андар худи каф ҷойгиранд, ҳаждаҳ мушаки андар ду рада болои ҳам хобидаанд. Радаи зерин аз дарун ва радаи забарин аз берун ба сӯи пӯст воқеъ шудаанд.
Шумораи мушакҳое, ки андар радаи зеринанд, ҳафт аст.
Панҷто аз онҳо ангуштонро ба сӯи боло майл диҳанд. [Мушаке], ки аз ҷумлаи онҳо ба нарангушт тааллуқ дорад, аз устухони якуми хурдаи даст рӯяд. Мушаки шашум кӯтоҳи паҳн буда, лифи он ба вуреб аст ва сари он ба пушти панҷа, ба ҷое алоқаманд аст, ки баробари ангушти миёнгин қарор дорад. Ватари он ба нарангушт пайваст буда, онро ба поин майл диҳад. Ҳафтуми онҳо ба наздики ангушти хурд аз устухони аз паси он будаи пушти панҷа сар шуда, [ангушти хурдро] ба фурӯсӯ майл диҳад. Ягон мушак аз ин ҳафт барои таҳ кардан нест, балки панҷто барои бардоштан ва дуто барои фуруд овардананд.
Аммо мушакҳое, ки андар радаи забарин, андар зери мушаки бар шиками кафи даст густурдашуда ҷой доранд ва онҳо мушакҳоеанд, ки танҳо Ҷолинус онҳоро шинохтааст, аз ёздаҳ мушак иборатанд. Ҳар як ҷуфти ҳаштои онҳо ба пайвандгоҳи якуми чаҳор ангушт болои ҳам пайваст бигарданд, то ки ин пайвандгоҳро таҳ созанд. Мушаки зерини онҳо баробари таҳ кардан паст фурорад ва забарини онҳо бошад, баробари таҳ кардан каме ба сӯи боло бардорад. Агар ҳар ду якҷоя амал кунанд, [пайвандгоҳро] рост хоҳанд кард. Аз ҷумлаи онҳо се мушак ба нарангушт хос буда, чунонки медонӣ, яктои он барои таҳ кардани пайвандгоҳи якум ва дутои он барои таҳ кардани пайвандгоҳи дуввумист.
Ҳамин тариқ, мушакҳои бозкунандаи панҷ ангушт панҷто, мушакҳои пастфурорандаи [ҳамаи ангуштон], ба ғайр аз нарангушт ва ангушти хурд, барои ҳар як ангушт яктогӣ, вале барои нарангушт ва ангушти хурд дутогӣ буда, мушакҳои таҳкунанда барои ҳар як ангушт чортоӣ ва мушакҳои ба боло майлдиҳанда барои ҳар як ангушт яктогӣ буванд.
Фасли бистум андар ташреҳи мушакҳое, ки сутунмУҳраро ба ҳаракат оваранд

Мушакҳои сутунмуҳра [ду навъанд]: яке он аст, ки сутунмуҳраро ба сӯи пас хам диҳад ва дуввум он аст, ки ба
сӯи пеш хам дода, ҳамаи ҳаракатҳои [сутунмуҳра] аз он шо ха бигиранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ