Қонуни тиб

Гоҳе аз ранҷи кирм [андар гӯш] рехтани фишурдаи коҳу, ё авсаҷ, ё афсинтин, ё ҷӯшонидаи афсинтин, ё судаи пӯсти (лиҳо) бехи кабар, ё оби мармохур, ё оби марзангӯш ва ё пешоби дер нигоҳ дошта бираҳонад.
Фасли чаҳордаҳум андар баёни омосҳое, ки андар буни гӯш падид оянд
Ин омосҳо аз ҷинси омосҳоеанд, ки андар гӯштҳои ковок ва хусусан андар гӯшти ғуддаӣ падид оянд ва онҳоро «боритус»232 ва низ «растании гӯш»233 номанд. Гоҳе шиддати дарди онҳо ба ҳадде бирасад, ки [беморро] ба ҳалокат бирасонад. Андар ин гуна ҳол аксар вақт пеш аз [омос] парешонақлӣ падид ояд. Ин навъи [омос] ва омосе, ки андар сӯрохи гӯш ба амал ояд, назар ба пирон бештар барои барноён кушандатар бувад, аз баҳри он ки вай андар пирон мумкин аст ба шакли нармтаре зуҳур кунад. Аммо барноён беш аз ҳама гарммизоҷанд ва моддаи омосҳои дардноки эшон аз ҷиҳати кайфият тезтар ва дардаш аз ҳама сахттар буда, то ҳангоми фароҳам омадан камтар аз ҳама осудагӣ диҳад.
Солимтарини омосҳое, ки андар зери буни гӯш ба амал оянд, онест, ки бар сабили буҳрони дорои нишонаҳои хуб зоҳир шавад. Аммо агар ҳангоми буҳроне ба амал ояд, ки дорои нишонаи пухтагӣ набошад ва ё агар пеш аз расидани буҳрон падид омада бошад, ин гуна [омос] бад аст.
Ин омосҳо умуман мумкин аст аз моддаи гарми сафровӣ ва ё хунӣ ва ё мумкин аст аз савдо ва аз балғам ба амал оянд. Бар навъи хунии онҳо сурхӣ, гаронӣ, ҳангоми ламс муқовамат нишон додан ва тангии маҷроҳо гувоҳӣ диҳанд. Бар омоси сафровӣ ва омосе, ки аз хуни тунук падид омадааст, дарди сӯзишноки мошаровии234 бидуни гаронию тангии маҷроҳо, вале бо афрӯхтагии сахт буда далолат кунад. Омоси балғамӣ бо сустии [гӯшт], нармӣ ва камии сурхӣ зуҳур кунад. Омоси савдовӣ бо сахтӣ ва камдард буда, аз ҷинси омосе бошад, ки ҳангоми он аксар вақт бояд ба сардифизоӣ диққат дода шавад ва агар модда ҳамчун фазлаи андоми сарвар рехта бошад ва хусусан агар ин ҳангоми буҳронҳои бемориҳои он ҷой дошта бошад, чунонки аксар вақт ҳангоми буҳрони лисарғус чунин ҳол рӯй диҳад ва мо андар Китоби умури ҳамагонӣ оид ба шинохтани он ишора кардем, [андар ин гуна ҳол] бояд модда кашида шавад, на пас гардонда.
Бинобар ин, набояд ба илоҷи он аз он ҷиҳат пардохт, ки сазовори илоҷи омос бошад, [зеро ҳангоми омос] нахуст ба қабз сохтану пасгардонӣ, сипас ба тадбири мураккаб ва баъд ба ҳал кардани холис бипардозанд, балки агар ин хусусан ҳангоми табҳо ва дардҳои сар ориз шуда бошад, бояд нахуст ба ҳар васила кӯшид, ки модда ба сӯи омос кашида шавад ва ҳатто агар зуд кашида нашавад, миҳҷама бояд ба кор бурд. Агар эҳтиёҷ ба кам кардани модда биафтад, боистӣ онро аз тариқи раг задан коҳиш
дод. Вале агар зудояндаву кашидашаванда бошад, онро бар ҳолати табиияш бигузорем, то ки дарди сахте ба амал омада, табро дучанд наафзояд. Баръакс, агар дарди сахт ҷой дошта бошад, бояд ба истеъмоли он доруҳои гарму таре иктифо кард, ки нармӣ оварда, дардро паст кунанд.
Агар [омос] бо дарди сахт оғоз ёбад, танҳо ба гармибандӣ намудан бо оби холиси хуш кифоят кун. Агар дард сабук бошад, гармибандӣ кардан бо намак ва ё ба кор бурдани доруи бобунаи говчашм, диёхилун ва марҳами момисо ва мурр кифоят бошанд. Агар чандон сабук набошад ва [омос] сар оварда бошад, бояд чизе ба кор бурд, ки мисли орди гандум ва катон бо шароби ангубин, ё оби ҳулба ва хитмӣ ва ё бобуна хусусиятҳои часпонидан, (161) афшондан ва пазонданро андар хеш дошта бошад. Агар чунин ҳадс зада шавад, ки омос ҳал намешавад, балки рим мекунад, пас, воҷиб он аст, ки рими онро ё ба воситаи таҳлили латиф, агар мумкин бошад ва ё бо таҳлили сахт, агарчи аз тариқи шикофтан ҳам бошад, берун кунанд. Яке аз доруҳое, ки римро баъд аз буридану нештар задан берун орад, доруи асмилун мебошад. Яке аз доруҳои барои ин иллат мувофиқ, ки бо хосияти худ [моддаро] кашида ҳал кунад, [83] ба кор бурдани саргини гӯспанд бо пиҳи ғоз ва мурғ аст. Низ аз ин қабил оҳак, [нони] кок ва пиҳи намакнокардаи гов ба шумор биравад.
Ҳангоми омоси дерина эҳтиёҷ ба он бошад, ки хокистари садаф ва сафедмуҳра бо ангубин ва ё бо пиҳи куҳан ба кор бурда шавад, ё анҷирро гирифта, бо оби дарё биҷӯшонанд ва ё ушаро танҳо ва ё бо дигар чизҳо ба кор баранд.
Зифти тар ва муқл бо шухи ошёни магаси ангубин, майъаи обакӣ ва мағзи устухони гавазн ҳамчунин [судманданд].
Агар ханозир падид омада, устувор гардад, аз унсурҳои зерин бояд марҳам сохт: самғи хинҷак, зифт, донаи даҳмаст, мавизак, самғи [арабӣ], зира, мурч, бехи филгӯш, борзад, кашниз, қардамоно, хокистари пӯстҳои бехи кабар, оқирқарҳо, саргини гӯспанду буз, пиҳҳо ва хусусан пиҳи хук, буз ва нарбузи кӯҳӣ, ки хусусан барои [омоси] савдовӣ [судманданд]. Инчунин аз мағзи сари мурғ, кабк ва гов, мағзҳои устухони гов ва хусусан гови ваҳшӣ ва равғанҳо [дору созанд]. Барои омосҳои моддаашон гармтар равғани гул ва бунафша ва барои онҳое, ки моддаашон сардтар аст, равғани савсан, шибит, бобуна ва беданҷир [ба кор баранд]. Ҳангоми ба душворӣ сиҳат шудани ин омосҳо ба кор бурдани марҳами ротинаҷ судманд аст.
Фасли понздаҳум андар баёни ранҷ дидани гӯш аз садоҳои баланд
Сабаби ин нотавонии қувваи нафсонии мағз ва ё [қувваи] ба сӯи гӯш даманда аст. Аз муолаҷа намудани мағз бо доруҳои қависозандаи он, чунонки худ ҳамедонӣ, чора нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор