Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ё фатилаеро ба кор баранд, ки аз исфанҷ ва зифти гудохта сохта, андар сирко оғушта бошанд. Ё ин ки аз гиёҳи шабтоб [85] ва ё аз ошёни анкабут бо қалқатор, зог ва каме зангор фатила созанд. Ё фатилаеро [ба кор баранд], ки аз мӯи аз ҳам бозкардаи харгӯш бисозанд ва андар кундур ва сабре, ки бо сафедии хояи мурғ сиришта бошанд, онро оғушта созанд. Низ (165) фатилаи [зеринро ба кор баранд]: ду бахш зоги сӯхта ва як бахш афюнро гирифта, бо сирко ҷамъ созанд. Дигар фатила ин аст, ки пӯстҳои сӯхтаи хояи мурғро бо сиёҳӣ ва мозу биомезанд.
Аммо доруҳои дамидашаванда яке аз онҳо ҳузази ҳиндии сӯхта ва совида аст. Дигар ғуки сӯхтаест, ки андар бинӣ бипошанд. Инчунин гарди осиёб, ё хокаи сипандони сафед ва ё оҳакро ба кор баранд. Низ аз пӯсти кундур, қиртос ва зог бахшҳои баробар гирифта, андар бинӣ бидаманд. Инчунин пӯстҳои самари дарахти чинорро гирифта, хушк кунанд ва бисованд. Бояд онро бо дастпона бигиранд ва бо дасти пӯшида бимоланд. Сипас онро аз олоиш пок намуда, андар кӯзаи нави чангдор афкананд ва агар ҳамроҳи он чанги сафол бошад, ин хуб аст. Баъд сари кӯзаро то хушк шудани пӯст андар соя баста доранд.
Ҳар гоҳ аз он ба вақти ҳоҷат гирифта, мисли гард бисованд ва андар бинӣ бидаманд, хуни биниро ҷо ба ҷо бибандад. Ё пӯсти совидаи хояи мурғро [ба кор баранд].
Низ аз ҳар кадоми наи бӯё, шукуфаи насрин, тухми гул ва қаранфул як дирамӣ, аз мурр ва мозу ним дирамӣ ва андаке мушку кофур гирифта, як чанд рӯз пайдарпай онҳоро андар бинӣ бидаманд. Ҳар бор ки онҳоро бидаманд, биниро як соат бибанданд ва он чи ки андар даҳон фуруд ояд, бояд берун афкананд. Дору бояд аз тариқи найча дамида шавад, то муқовамати ҷараёни хуни бинӣ бартараф карда шавад.
Тилоҳо ва пухтаковҳо: яке аз онҳо тилоест, ки бар пешонӣ бимоланд ва бад-ин сифат аст: фишурдаи барги бед, барги ток, барги мӯрд ва оби гулро гирифта, ҳамаро сард созанд ва бо пораи катон бар пешонӣ бичаспонанд. Ҳамчунин ҳамаи доруҳои сарди гирандаи карахтиовари маъруфро гирифта, онҳоро андар фишурдаҳои сардифизои қабзкунандае чун фишурдаи шохаҳои бед, авсаҷ, сарнавдаҳои ток, барги амруд, биҳӣ ва садпайванд бигудозанд ва аз онҳо тилоҳо ва зимодҳо бисозанд. Яке аз доруҳои бӯиданӣ саргини тозаи хар бувад.
Аммо чизҳои огандасозанда: [биниро] бо пари най, сарҳои ҷорӯб, пунбаи лух ва ё дигар пунбаҳое, ки аз ҷомаҳо237 бигиранд, пур созанд.
Ҳангоми намуди душвори хуни бинӣ, ки аз ҷӯшиши хун ба иллати гармии сахт ва ё аз сабаби кафидани шараён ба амал омадааст, ночор бояд қифоли аз тарафи бинии [хунраванда] бударо ниҳоят танг боз кард ва андар бахши пасини сар бо бурриши сабуке ва бар пистони аз сӯи бинии [хунрав] буда бе бурриш миҳҷама гузошт. Гоҳе чунин эҳтиёҷ афтад, ки аз тариқи задани раги қифол ва ё раги китф, ки аз сӯи пушт аст, то беҳуш шудан хун бигиранд. Ин расотарин [илоҷ] аст, чаро ки хунро аз баромадан ба сӯи сар боз дорад. Агар ин [хунгирӣ] то ба ҳадди беҳушӣ расонида шавад, [хуни бинӣ] ҷо ба ҷо биистад.
[Раг заданро] ҳангоми хуни бинии сахт ва тез оянда

ба кор баранд. Бояд баробари ҳис кардани шиддат ва тезии хуни бинӣ пеш аз он ки қувват биафтад, зуд ба раг задан пардохт. Агар хун сахт нашорад, валекин чакра-чакра ва ё ҳангоми навбат ояд, бояд кам-кам ва як чанд бор пайдарпай хун гирифта шавад. Ҳар гоҳ хунгирӣ ба андозаи кифоят бирасад, бояд аз тариқи ба кор бурдани доруҳои сардиоваранда ва фишурдакунанда, агарчи ба андозаи унноб сардкунанда набошад ҳам, ба ситабр сохтани хун пардохт. Аммо миҳҷама бо хуни ғолиб муқовамат кардан натавонад, балки нахуст бояд бо раг задан [хунро] бикоҳанд ва сипас миҳҷама гузоранд.
Агар хуни бинӣ аз тарафи рост бошад, бар ҷигар, агар аз тарафи чап бошад, бар испурч ва агар аз ҳар ду тараф бошад, бар ҳар ду миҳҷама гузоштан яке аз бузургтарин муолаҷаҳо бувад.
Инчунин бояд андомҳои атроф, ҳатто хояҳои [мардон] ва пистони занонро баст. Бастани гӯшҳо низ ба ғоят хуб аст.
Бояд оби сардрезиро бар сар бисёр ба кор бурд. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки бемор андар оби бо ях сард гардонида то кабуд шудани андомҳояш нишинад. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он бошад, ки сарашро бо гачи мурда ва ё бо гачи андар сирко ҳал кардашуда гачкорӣ кунанд ва бар сараш обҳои бо ях сард гардонидаро то карахт шудан бирезанд. Гоҳе ночор аз фатилаҳои қавии зангорӣ, аз оби райҳони кӯҳӣ бо кофур ва аз оби мумиёии холис ба андозаи як дирам андар бинӣ афкананд ва ё ҳеҷ набошад, оби бо барф сард гардонидаро [бемор] андар даҳон бидорад.
Бидон, ки гоҳе одам ҳангоми хуни бинӣ то рехтани хун ба андозаи беш аз бисту панҷ ратл зинда бимонад ва сипас бимирад. Гоҳе (166) беҳушие, ки аз он ба амал ояд, мумкин аст сабаби қатъи хуни бинӣ бигардад.
Аз ғизоҳо насквои бо тутум, ё бо сирко, ё бо ғӯраоб ва монанди инҳоро [ба кор баранд]. Панири тоза ҳам яке аз ғизоҳои барои беморони хуни бинӣ созгор ба шумор биравад. Ширҳои то ба дараҷаи ситабрӣ расидан ҷӯшонида ва хояи пухта барои касоне хубанд, ки ба иллати зардагӣ будани хунашон пазирои хуни биниянд, вале чизҳои туруш гоҳе касони ба хуни бинӣ гирифторро зиён оваранд, аз баҳри он ки ин гуна чизҳо дорои хусусиятҳои буррандагӣ ва латифиоварӣ буванд.
Гурӯҳе аз касони ботаҷриба тасдиқ намудаанд, ки мағзи сари мурғон беҳтарин ғизо барои [касони ба хуни бинӣ гирифтор] мебошад, балки гузашта аз он беҳтарин дору барои хуни биние бошад, ки аз афтидагӣ ва кӯфтагӣ падид омадааст. Лекин бояд аз он ба миқдори зиёд ва якчанд маротиба истеъмол кард.
Шароб аз он ҷиҳат, ки қувват ҳамебахшад, суд ва аз он ҷиҳат, ки хунро ба шӯр ҳамеорад, зиён дорад. Агар ба истеъмоли он аз ҷиҳати он ки қависозанда аст, ночор туро зарурат пайдо шавад, онро каме бо [об] биомез, вале агар ба он зарурат надошта бошӣ ва хуни бинӣ ба андозае сахт набошад, ки қувватро биафтонад, [беморро] шароб наошомон.
Бояд диққат дод, ки чизе аз [хун] ба сӯи шикам наравад, зеро он меъдаро дам андохта, набзро заиф кунад ва маниши гаштан биоварад. Агар ягон миқдоре аз он фуруд равад, то даме ки андар меъда аст, бояд пайваста қай овард ва ҳар бор ки ба меъда фуруд омадани онро ҳис кунанд, бояд ба қай кардан бишитобанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ