Қонуни тиб

Онҳоро то ситабр шудан биомезанд ва баъд андар ҷогаҳи мисин гирифта нигоҳ доранд. Сурби сӯхта ҳукми рими онро дорад. [Инчунин] бояд фишурдаи чугундар ё танҳо ва ё ҳамроҳи доруҳо ба кор бурда шавад. Ин сахт судманд аст.
Илоҷи решҳое, ки «решҳои ширин» ном доранд: Ба оғоз равғани гули танҳо ва ё ҳамроҳи мум ва пиҳи мурғ кифоят бошад. Марҳами сафеда ва хусусан омехтаи он бо луоби донаи биҳӣ аз ин ҳам қавитар аст. Агар хушкиоварии бештаре бихоҳанд, андар он рими сим биафзоянд. Гоҳе мумкин аст танҳо рими сим бо равғани мурд суд бахшад.
Агар беморӣ андак шиддат ёбад, бояд марҳами зеринро ба кор бурд: як ратл сафеда, се уқия мурдосанг, се уқия рими арзиз ва чаҳор уқия арзизи сӯхтаи шусташудаи бо хамр совидаро гирифта, аз онҳо бо равғани мӯрд ва сирко марҳам омода созанд. Ҳар гоҳ иллат доманадор гардида, ниҳоят шиддат ёбад, марҳамеро ба кор баранд, ки ба сифати зерин аст: чаҳор дирам мурдосанг, чаҳор дирам судоби тар ва ду дирам замчро гирифта, аз онҳо бо равғани мӯрд ва сирко марҳам созанд.
Аз он ҳам қавитар ин аст, ки аз ҳар кадоми зоги сӯхта, қалқанд ва мурр ҳафт бахшӣ, аз қалқадис шаш бахш, аз замчи яманӣ, мозу ва туполи мис чаҳор бахшӣ, кундур якуним бахш ва аз сирко як ратлу ҳашт уқия гирифта, ҳамаро андар ҷогаҳи мисин ба ҳадде биҷӯшонанд, ки ба қивом чун ангубин бигарданд ва сипас аз он [доруи] молиданӣ бисозанд.
Фасли севвум андар баёни суддаи буни бинӣ
Суддаи андар буни бинӣ буда чизест, ки андаруни он банд гардидааст ва пеши чизи аз гулӯ ба сӯи бинӣ ва ё аз бинӣ ба сӯи гулӯ гузарандаро бигирад. Гоҳе мумкин аст он хилти часпаки канданашаванда, гоҳе гӯшти рӯида ва гоҳе хушкреша бувад.
Нишона: Ин судда овози бинигӣ падид орад ва ҳатто фазлаи боди кашидаро нагузорад, ки андар буни бинӣ бидарояд ва дар натиҷа аз он танин ба амал ояд.
Илоҷ: Ду дирам наски талх, ним дирам гунди бедастар, [як қирот афюн, як қирот заъфарон ва ним дирам мурр]244 гирифта, аз онҳо ҳабб бисозанд ва бо оби марзангӯши тар андар бинӣ афкананд.
Бисёр бошад, ки ҳолат тақозои дасткорӣ кунад ва (172) биниро бо мили хосси он, ки бо ёрии он тарошидан мумкин аст, битарошанд ва ин корро то пок шудани бинӣ давом диҳанд. Гоҳе аз тариқи тарошидан чизи зиёде аз бинӣ берун ояд, ки кас аз миқдори он, ки қариб ба ним ратл бирасад, ҳайрон бимонад. Агар ин ҳам суд набахшад, он кореро кунанд, ки андар боби бавосир ёд кардаем.
Илоҷи хунон: Яке аз муолаҷаҳои он ин аст, ки доруи ба сифати зерин бударо андар бинӣ афкананд ва [ё] ғарғара кунанд: мозуи сударо бо қадре аз оби анори ширин, ки онро бипӯшонад, то онро андар хеш кашидан биҷӯшонанд. Сипас онро хушк карда, бо кундур ва анзаруте биомезанд, ки ба андозаи ними он бирасанд. Бори дигар онро бо оби аноре, ки андар вай мозу ҷӯшонида бошанд, сиришта кунанд ва онро ба тариқи андар бинӣ афкандан ва ё ғарғара кардан якчанд рӯз ба кор бибаранд.
Яке аз намуди муолаҷа ин аст, ки андар бинӣ танкорро бо мум ва равған биниҳанд ва ин корро пайваста то шифо ёфтан давом диҳанд.
Фасли чаҳорум андар баёни шикастагии бинӣ
Беҳтару хубтар он аст, ки нахуст онро аз дарун бо ягон чиз пур кунанд ва сипас аз берун росташ созанд ва чизи андарун бударо ба қадри рост кардан берун кашанд.
Тилоҳои барои ин ғараз судманд: он тилое, ки бояд бар шикастагӣ молида шавад, ин аст: андаке сабр, мош, заъфарон, мурр, ромак, сукк, гили арманӣ, гили набиштаи румӣ, хитмӣ ва лозан. Инҳоро бо оби шӯргаз ва ё оби газ тило кунанд. Вале мо шояд ба зикри ин андар боби шикастабандӣ дубора баргардем.
Фасли панҷум андар баёни бавосир ва урбиёни бинӣ
Бавосир гӯштҳои зиёдатиест, ки [андар бинӣ] бирӯянд.
Гоҳе он мумкин аст гӯшти нарми сафед буда, дард накунад. Инро илоҷаш осонтар аст. Гоҳе мумкин аст гӯшти сурх ва ё тираранги ниҳоят дардманд бувад. Илоҷи ин, хусусан агар аз он зардоби бадбӯй ояд, сахт душвор аст. Гоҳо навъе аз он саратонӣ буда, намуди биниро табаҳ кунад ва ба сабаби азҳамкашидагии сахт овардан боиси дардмандӣ бигардад. Ин ҳамон гуна бавосирест, ки тираранг ва бадбунёд буда, сахт амиқ ҷойгир шудааст. Роҳи муолаҷаи он мадоро кардан аст, на буридану тарошидан.
Гоҳе миёни бавосири саратонӣ ва бавосири бад аз он ҷиҳат фарқ тавон кард, ки агар гӯшти рӯида бар асари иллатҳои сар ва назлаҳо падид омада бошад, пас, ин бавосир аст ва агар на аз паси онҳо, балки аз паси покии бинӣ ва набудани сайлон падид омада бошад ва хусусан агар пеш аз падид омаданаш андар мағз аразҳои савдовӣ ҷой дошта бошанд ва агар андар оғози пайдоиш ба қадри нахӯд ва ё фундуқ буда, сипас афзоиш ёфта, андар ком сахтӣ падид оварда бошад, пас, ин [бавосири] саратонист. Саратон андар бештари ҳол на ба зардобу сайлон зуҳур кунад, балки он хушки сахт бувад.
Бавосир гоҳе дароз шуда, ба бавосири овезон мубаддал бигарданд ва гоҳе ба андозае дароз шаванд, ки сар аз бинӣ ва ё аз ком берун оранд. Ҳамаи доруҳое, ки урбиёнро судманданд, бавосирро низ суд кунанд, вале мумкин аст гоҳе ба шикастани қувваи онҳо эҳтиёҷ афтад.
Муолаҷа: Бавосиреро, ки аз бахши якуманд, бо корди борик бурида, сипас бо ранда нарм битарошанд. Аммо бавосири бахши дуввумро беҳтар он аст, ки ё бо доруҳое бисӯзонанд, ки баъд ёд хоҳем кард ва ё бо оташ ва доғмонҳои хурди борик. Ё ин ки онҳоро бо рандаҳо буридаву тарошида, ҳамаи фузуниҳо ва фазлаҳои андар бинӣ бударо берун оранд. Беҳтарин рандаҳо онест, ки найчамонанд бувад. Сипас баъди ин кор [90] андар бинӣ сирко ва об бирезанд. Агар пас аз ин нафас хуб ояд ва судда бартараф гардад, [ин кифоят аст], агар чунин набошад ва чизе аз [бавосир] андар умқ боқӣ монда бошад, пас, воҷиб он аст, ки арраи риштагӣ ба кор бибаранд ва сифати он чунин аст:
риштаи абрешимӣ ва ё пашмиро гирифта, онро чандоне гиреҳҳо зананд, ки чун арраи дандонадор бигардад. Онро андар каҷсӯзани сурбӣ кунанд ва ба бинӣ дароварда, аз ком бароранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор