Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ғизо хӯрданаш низ, хусусан ҳангоме ки ба серӣ набошад, боиси ранҷ бошад.
Задани раги зери забонро ба таъхир наандозанд, балки хусусан агар рагҳои зери забон дамида бошанд, зуд бад-ин кор пардохта, худи ҳамон рӯз ва гузашта аз он андар фосилаҳои миёни хунгирии баҳра-баҳраи ёдшуда [раги зери забонро] бизананд. Гоҳе (203) ба задани раги гардан, гоҳе ба нештар задани худи забон ва гоҳе ба ҳиҷомати соқ эҳтиёҷ афтад, зеро ин сахт судманд бувад. Ҳар киро падид омадани хуноқ одатӣ бошад, ӯро бояд пеш аз ориз шудани хуноқ баробари мушоҳада намудани пурӣ ва ҳангоми баҳор раг бизананд. Яке аз василаҳои ниҳоят нофеъ ин аст, ки зуд ба истеъмоли ҳуқнаҳои ниҳоят қавӣ бипардозанд, вале агар таб монеи он бошад, бояд ба истеъмоли ҳуқнаҳои нарм кифоят кард. Ҳуқнаҳои қавӣ ва шиёфҳо андар ин бобат суди азим доранд. Низ бояд дасту пойро бибанданд ва бар гардан пашмина ва хусусан пашминаи зуфозадаеро бипечанд, ки андар ягон навъи равғани зайтун ва ё андар равғани бобуна оғушта бошанд.
Ин нармӣ бахшида, дардро ором кунад. Сипас, андар охири беморӣ агар ин доруҳо суд набахшанд, бо онҳо доруҳои ҷазбкунандае аз қабили бура, хардал, қуст, гунди бедастар, гӯгирд ва марҳамҳои қавии сурхиоваранда биомезанд. Инчунин, масалан, ангубини балозур ва ҳар гуна чизеро [ба кор баранд], ки обила кунонад.
Ҳангоми ғизо додан бояд то рӯзи севвум ба додани сикангубин ва ё шароби ангубин басанда кунанд. Сипас ба тадриҷ ба истеъмоли оби ҷав бо бархе аз ошомиданиҳои хушмаза гузашта, баъд аз он зардии хояи мурғ ба кор баранд ва сипас агар фурӯ бурдан осон бигардад, ошоми аз хандарус сохташуда истеъмол кунанд. Ба охири [беморӣ] аз чизҳои пазонанда ва сипас аз чизҳои ҳалкунанда ошом созанд. Агар фурӯ бурдан душвор бошад, бар гардан наздики муҳраи дуввум ба тариқи кашидан ва ё оташ миҳҷама бигузоранд, то ки гузаргоҳ андак-андак фарох шавад ва ҳар чи аз ғизоҳо фурӯбурдаро биғунҷонад. Чун аз ин кор фориғ шаванд, миҳҷамаро бигиранд, вале миҳҷамаи оташӣ худ биафтад. Агар нештар зада, аз он ва аз ахдаъайн хун бирезанд, бад нахоҳад буд. Сипас бар сар як миҳҷама ва низ бар занах аз зери гулӯ якчанд миҳҷама ниҳанд ва ин корро баъд аз қатъ гардидани модда кунанд. Ҳамаи ин моддаро ба сӯи мухолиф кашида, коҳиш бидиҳад ва тариқаи якумӣ низ чунин бувад. Низ бояд ба зери пистон ва бар миёни ду шона миҳҷамаҳо гузоранд.
Андар [гулӯ] даровардани ягон чизи поккунандае аз қабили хайзурон (най) ва ғайра, ки бар сари он пунба печида бошанд, бад нест, зеро пок сохтан боиси фарохии [гулӯ] хоҳад шуд. Гоҳе андар гулӯ найчаеро бидароранд, ки аз зар, ё сим ва ё монанди инҳо сохта бошанд ва барои нафасгирӣ ёрӣ расонад. Ҳамчунин агар тангии нафас шиддат ёбад, аз гузоштани миҳҷама бар гардан чора нест.
Гоҳе аз барои фарох шудани гулӯ, фурӯ бурдан ва нафас гирифтан сахт фишурдани китфҳо суд бахшад.
Доруҳое, ки андар оғоз ба кор баранд, хусусан аз барои [омоси] хунӣ аз доруҳои қабзкунанда иборатанд. Беҳтарини доруҳои қабзкунанда онҳоест, ки ба изофаи қабз кардан дорои гавҳари латиф буда, бо ёрии он сахт фурӯ

рафтан битавонанд Яке аз чизҳои ба таҷриба ҳосилшуда ин аст, ки доруҳои гирандаи омехта ва мураккаб нофеътар аз доруҳои муфради содаанд.
Гоҳе мумкин аст андар ибтидои ҳол дард шиддат ёбад ва эҳтиёҷ ба доруҳои қабзкунандае аз қабили шароби бунафша, пониз, шири гарм, луоби тухми катон ва майпухта биафтад, ки дардро фурӯ нишонанд ва нармӣ биафзоянд. Гоҳе мумкин аст рехтани [модда] афзоиш ёфта, аз истеъмоли доруҳои ҳалкунандае чора набошад, ки бо онҳо омехта шаванд. Гоҳе на рехтани модда зиёд бошад ва на омос чандоне қавӣ ва андар ин ҳолат ба истеъмоли мозу ва навшодир оғоз кунанд, зеро инҳо [моддаро] ба таври қавӣ боз доранд ва сахт ҳал кунанд.
Ҳангоми [омоси] сафровӣ бояд бештари кӯшиш барои сард гардонидану қабз кардан харҷ карда шавад. Гоҳе ба ҳангоми он доруҳои олуданӣ ва гоҳе ба ҳангоми он ва ҳар гуна [омоси] гарм доруҳои ғарғаравӣ ба кор баранд. Низ гоҳе бо ёрии дам доруҳои дамиданӣ ва [доруҳои] пошиданӣ ба кор баранд. Аз ҷумла бо сикангубин, об ва сирко ғарғара кунанд. Ин ҳангоми ибтидои [омоси] гарм ва сард суди азим дорад. Низ бо рубби тут, хусусан тути даштӣ ва сипас бо он чизе [ғарғара кунанд], ки бидуни шакар ва ё ангубин бошад. Онро андар оғоз холис ба кор баранд ва ё бо доруҳои гирандае аз ҷинси фишурдаи тутум ва ғӯра, чи ба шакли хушккарда ва чи ба шакли табиӣ ва [аз ҷинси] гулнор онро тақвият диҳанд. Андар ин гуна дору ангубин аз баҳри он биафзоянд, ки то поккунанда бошад, на қавӣ созанда. Низ ҷӯшонидаи хурмои қасбро бо ангубин ва ҷӯшонидаи тутумро бо ширинии ангур [ба кор баранд]. Аз инҳо ҳам қавитар фишурдаи гавзи тар, ки он беҳтарини доруҳои ин омосҳост ва [низ] фишурдаи гули тоза мебошанд. Рубби хашхошро агар бо доруҳои гиранда биомезанд, андар ибтидо сахт судманд бошад ва аз он ҳам қавитар ҷӯшонидаи мӯрд, (204) булут, оби кашниз ва тутум, оби пӯсти гавз ва обест, ки андар он наск ва ё биҳии қабзкунандаро хуб ҷӯшонида бошанд. Дӯлонаро андар ин кор хосияти [хуб] аст ва замчи яманӣ низ андар ин бобат дорои хосият аст.
Низ аз тухми гул, тутум ва гулнор бахшҳои баробар ва аз кофур миқдори андаке гирифта, андар гулӯ бидаманд.
Аз барои [омосҳои] сафровӣ фишурдаҳои тараҳои сардро омехта бо чизҳои гиранда ва [низ] фишурдаи садпайванд, фишурдаи ангури сагак ва фишурдаи навдаи токро [ба кор баранд]. Аз ҷумлаи доруҳои андар ибтидо барои ҳар ду [намуди омосҳо] муштарак доруҳои зерин аст: тухми гул; тухми хурфа; луоби тухми аспғул; нашоста; табошир; тутум; касиро ва кофур, ки аз инҳо ҳаббҳои паҳн сохта, андар зери забон ниҳанд. Ҳар гоҳ кашида шудани [модда] қатъ бигардад, бояд бо рубби тут, мурр ва заъфарон омехта [ба кор баранд], зеро мурр бо қувваи гирандагӣ ва ҳалкунандагии худ ба андарун биравад ва заъфаронро [низ бо худ] бурда, ҳар ду аз барои пазонидан ёварӣ кунанд. Ҳар гоҳ бибинӣ, ки омос ба сахтӣ ҳамегарояд, бо [рубби] тут каме бура биомез. Ҳар гоҳ марҳалаи анҷомёбӣ наздик ояд ва ё фаро бирасад, бояд чизҳои таскиндиҳандаву нармкунандаи зеринро ба кор бибаранд, масалан: шири навдӯшидае, ки андар он пулакчаҳои хиёршанбар гудохта бошанд; зифти андар рубби тут афкан да; ё ҷӯшонидаи анҷир ва шанбалит; ё рубби мӯрд бо майпухта; ё фишурдаи каранб бо ангубин, ё майпухта; ё муқли арабии андар рубби ангур гудохтае, ки сахт нофеъ бошад ва ё оби бехҳое, ки андар он мавиз, шанбалит, хурмо, анҷир, мурр, заъфарон ва дорчинӣ ҷӯшонида бошанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ