Қонуни тиб

Ҳар гоҳ омос сахт гардида, дер давом кунад, ҳеҷ чизе аз барои он мисли ангужад [судманд] нест. Агар [омос] андар як ҷой ба борик шудан ва андар ҷои дигар ба ситабр гардидан шурӯъ кунад, онро бибур, вале агар битавонӣ, ин корро ба таъхир андоз ва [омосро] бо ёрии навшодире пажмурда бисоз, (207) ки онро бо ёрии кафчаи лаҷоммонанд то ба он ҷой бурда расонида бошӣ. Ин кор аз ҳама беҳтар аст. [Омосро] ҷуз ба ҳангоми борик шудани бунаш набояд бурид, зеро андар он хатари бузург аст. Ғарғараи зерин решҳои омосҳои гӯшти гирдогирди мулозаро хушконида, онҳоро пок кунад: аз наск ва гулнор панҷ бахшӣ ва аз шиёфи момисо, заъфарон ва қуст як бахшӣ гирифта, андар об биҷӯшонанд. Аз ҷӯшонидаи он як бахш гирифта, бо ним бахш рубби тут ва чаҳоряки як бахш ангубин омехта, ғарғара кунанд.
Фасли нуҳум андар баёни афтидани забонча
Забонча гоҳе ба сабаби таб биафтад ва гоҳе аз ғайри таб. Афтиданаш ин аст, ки ба фурӯсӯ кашида гардида, ба маҳалли худ дубора барнагардад. Гоҳе ҳангоми ягон чизро фурӯ бурдан касро эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки бо ангушт [забончаро] бифишорад, то [луқма] фурӯ равад.
Илоҷ: Агар ҳарорат ва сурхӣ ҷой дошта бошанд, раг бизан ва сипас доруҳои ғарғаравиеро аз қабили ғарғараи сирко ва гулоб ба кор бар, ки андар бобҳои гузашта ёд шуданд. Баъд [забончаро] бо ёрии афзори шабеҳ ба лаҷом [доруҳои] гул, сандал, гулнор, кофур ва хусусан рубби тут гузошта, бардоранд, вале бояд ин корро ҳар андоза, ки битавонанд, оҳиста анҷом диҳанд.
Агар ҳарорату сурхӣ набошанд, бо сикангубин, хардал ва обкомаи набатӣ ғарғара намуда, [забончаро] бо афзори ёдшуда бардоранд. Доруе, ки бо он бардошта шавад, мозу ва навшодири суда буванд. Қавитарин илоҷ ин аст, ки бо ёрии афзор ва бо доруҳои гиранда ва ё доруҳои ҳалкунанда, кадомашро, ки ҳолат тақозо кунад, [забончаро] ба берун кашида, ба барсӯ бифишоранд. Гоҳе онро бо ангушти рубби тут, гавз ва ғайра молида фишор диҳанд. Яке аз доруҳои барои фишурдан хуб гулнор, замч ва кофур ба шумор биравад ва аз доруҳои барои бардоштан созгор сукк бо навшодир ва мозу бо навшодир буванд. Агар офате аз қабили омос ва пурӣ ҷой надошта бошад, сукк аз ҳама латифтар бувад. Чун [забончаро] бар ҷояш гузоштанд, бо барфоб пайдарпай ғарғара кунанд.
Яке аз чизҳои аз барои ин кор санҷидашуда [доруи зерин] аст: ним ратл тухми гул ва се уқия фишурдаи риши бузро гирифта, андар ангубин ва ё андар тило биҷӯшонанд. Ин доруи аз ҳама қавитар бувад. Забончаи кӯдаконро гоҳе мозуи бо сирко совида ва хусусан бар нармаи сарашон андуда бибардорад.
Фасли даҳум гуфтори махсус андар баёни буридани забонча ва бодомакҳо
Бояд ба борикӣ ва пажмурдагии забонча ва хусусан
бахши поинии он нигарист. Агар сари он ситабр ва аз
он чизе мисли рим метаровида бошад, пас, ин беҳтарин ҳангом аст ва онро бо оҳан ва ё доруҳои доғниҳанда бибуранд. Пеш аз ин аз барои эҳтиёткорӣ исҳоли сабуке оварда, агар андар тан пурии аз сабаби хун ва ё [хилти] дигаре баамаломада ҷой дошта бошад, онро кам кунанд, зеро ҳангоми пурӣ буридан хатарнок аст. Аммо [агар забонча] аз ғайри пурӣ, ё сурхӣ ва ё сиёҳ шудан мисли думи муш борики дарозрӯя шуда, бар болои забон савор шуда бошад, буридани он чандон хатаре надорад. Сифати буридани он бад-ин гуна аст: Забонро ба зер бифишоранд, забончаро бо колбад гирифта, ба поин бикашанд ва онро на тамоман, балки як миқдор боқӣ гузошта бибуранд, зеро агар онро наздик ба ком бибурӣ, мумкин аст, ки хун ист накунад. Вале баробари ин набояд кам бурида шавад ва офат ба ҳоли пештара боқӣ бимонад, балки бояд ба андозае бурид, ки аз миқдори табиӣ бештар бошад. Аммо агар [забонча] сурхи омосида бошад, андар буридани он хатар аст. Гоҳе мумкин аст хун ҷорӣ шуда, пурра ист накунад.
Яке аз доруҳои бурандаи он ангужад ва замч буда, онҳоро пайваста бар буни [забонча] биниҳанд ва онро бурида бирезонанд. Яке аз доруҳое, ки онро аз тариқи доғ ниҳодан бирезонад, навшодир ҳамроҳи ангужад ва зогҳо бувад. Бояд бо ниҳодани ин доруҳо бо ёрии афзори тавсифшуда кифоят намуда, онҳоро аз ғайри фурӯ бурдан соате нигоҳ доранд, то ки андар [забонча] таъсир кунанд. Сипас ин корро то сиёҳ шудани он такрор кунанд.
Ҳар гоҳ ки сиёҳ шавад, ҳадди аксар баъди се рӯз биафтад. Каси мавриди муолаҷа қароргирифта бояд хам шуда, даҳонашро чандоне кушояд, ки луоб ҷорӣ шавад ва онро андар даҳон нигоҳ надорад.
Бодомакҳоро бо сардук гирифта, ҳар қадар ки мумкин бошад, аз ғайри кашидани пардаҳо ба берун бикашанд ва аз болои бехи онҳо ба қадри чаҳоряки дарозо бо афзори буранда баъд аз чапагардон (208) кардани афзор гирд бибуранд. Онҳоро яке аз паси дигарӣ баъд аз риоя кардани шартҳои оид ба рангу ҳаҷми онҳо баёншуда бояд бурид. Ҳар гоҳ чизи буридашуда аз он биафтад, хунро бигузоранд, то ба қадри лозимӣ биравад ва худованди он бояд бар рӯй хам шавад, то ки хун андар гулӯяш наравад. Сипас бо об ва сиркои хунукгардонида мазмаза карда, афкананд ва сурфа кунанд, то ки андаруни [гулӯ] пок шавад. Баъд бар он ҷой доруҳоеро аз қабили қалқатор, замч ва зог биниҳанд, ки хунро боз доранд ва бо ҷӯшонидаи марвиҷон ва барги мурди нимгарм ғарғара кунанд Зикри офатҳои буридан: Аз ҷумла овоз зиён бинад, шуш ба сармову гармо дучор шуда, аз ҳар гуна сардию гармӣ сурфа падид ояд ва ба ташнагӣ сабр кардан нашавад. Дигар ин ки меъда аз сабаби берунае аз қабили бод, гард ва ғайра гирифтори бадмизоҷӣ бигардад. Бисёр касони [бодомакҳояшон бурида] ҳавои муътадилро сард дарёбанд ва андар синаву шуши бисёре аз эшон сардӣ ба ҳадде мустаҳкам ҷой бигирад, ки бимиранд. Гоҳе аз он хунравӣ падид омада, баста нагардад.
Илоҷи рафтани хун аз буридани забонча ва бодомакҳо: Бояд бар гардан ва пистонҳо миҳҷама гузошт ва аз рагҳои поёнии муштараке аз қабили раги зери бағал ва ғайра ба тариқи кашидан хун бигиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор