Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли шашум
андар баёни доруҳои сода
ва мураккабе, ки хосси синаанд
ва тариқаи истеъмоли онҳо

Доруҳои хосси сина доруҳоеанд, ки синаро пок кунанд ва онҳо бар якчанд дараҷаанд. Доруҳои дараҷаи якум, масалан, инҳост: орди боқилӣ; оби ангубин; тухми бирёни катон; бодом; шароби ширин, ки он суддаҳои шушро бисёр хуб кушояд, чунонки ӯ барои ҷигар сахт суддаовар буда, сабаби инро андар боби ҷигар хоҳӣ донист. Аз доруҳои сард донаи хиёри дароз, бодранг, харбуза ва каду [дараҷаи якуманд]. Агар равғани зард [110] танҳо ба кор бурда шавад, пазонандагии он бештар аз поксозияш бошад.
Агар онро бо ангубин ва бодоми талх билесанд, пазонандагияш камтар ва поксозияш бештар бувад. Аз ин ҳам қавитар самғи хинҷак, бодоми талх, сикангубини унсулӣ, шанбалит ва кундур мебошанд. Хурмои Ҳирун андар ин бобат қавист. Аз ин ҳам қавитар [доруҳои зерин аст]: зира; мурч; говдона; бехи ширинбаён,292 бехи говшир; гунди бедастар бо ангубин; пиёзи унсули бирёнкарда, совида ва бо ангубин сиришта; қантуриюни бузург; зарованди гирд; сиёҳдона; ва кирме, ки андар зери кӯзаҳо падид ояд.
Ин [кирмро] бар сафол гирифта, бар болои лахча ва ё андар танӯр то сафед шудан биниҳанд ва сипас бо ангубин биомезанд. Инчунин росан, агар андар таркиби доруҳо бидарояд, ниҳоят [хуб] ва обаш сахт судманд бошад.
Рованд аз ҷумлаи он чизҳоест, ки хунпартоиро осон кунад. Ангудони румӣ сахт судманд аст. Балбуси хусусан хом судманд ва ниҳоят поккунанда аст ва баъди он балбусе биистад, ки онро танҳо як бор ҷӯшонида бошанд. Заъфарон афзорҳои нафаскаширо қавӣ бигардонад ва нафасгириро ниҳоят осон созад. Ин доруҳо чи аз тариқи ошомидан ва чи зимод кардан созгоранд.
Аз доруҳои мураккаб [доруҳои зеринро ба кор баранд]:
ҳабби Афлотун,293 ки он ҳабби майъа аст; нусхаҳои гуногуни шароби зуфо; доруи Андрумохус; доруи Асқлибиёдус;294 доруи Ҷолинус; нусхаҳои гуногуни шароби хашхош; доруи Мағновус; ва доруи балозур бо ҳалилаҳо.
Яке аз василаҳое, ки хилтҳои ситабр ва чиркро берун орад, доруи зерин аст: аз сакбина ва мурр як мисқолӣ, аз қардамоно ду мисқол, аз афюн як мисқол ва аз гунди бедастар як мисқол гирифта, бо шароби ширин ҳамаро сиришта кунанд. Як ошомидании он ним мисқол бувад. Яке аз чизҳои санҷидашуда доруи зерин аст: чаҳор [дирам] кундур ва ду [дирам] мурро бо се уқия майпухта гирифта, онҳоро то ба намуди ангубин гардидан биҷӯшонанд ва билесанд. Ё фишурдаи каранб ва ё ҷӯшонидаи онро бо якчанди худ аз ангубин гирифта, то баста гардидан биҷӯшонанд ва бояд оташ оташи лахча бошад. Низ мурр, мурч, тухми газна, сакбина ва хардалро гирифта, аз ҳамаи инҳо ҳабб бисозанд ва пагоҳӣ ва бегоҳӣ вақти хоб ба бемор биошомонанд. Инчунин як дирамсанг хардал, нуҳ қирот бура ва якуним қиротӣ аз фишурдаи хиёри даштӣ ва анисун [гирифта ба кор баранд]. Ин ошомидание бошад, ки фазлаҳои зиёдеро берун кунад ва бидуни ранҷ пок созад.
Яке аз доруҳои аз барои ин [ғараз] қавӣ доруи зерин аст:
бехи ангудон, хардал, тухми газна фишурдаи хиёри даштӣ ва анисунро гирифта, ҳамаро бо ангубин ҷамъ созанд ва бисириштанд.

Аз омехтаҳои моил ба гармӣ [омехтаи зерин бувад]: ду уқия ҳулба, якуним уқия тухми катон, ним уқия говдона, ним уқия дилаи пунбадона ва ду уқия рубби ширинбаёнро гирифта, ҳамаро бо равғани бодом шикананд ва бо ангубин ҷамъ созанд. Низ сапистон, анҷири сафед, мавизи донааш гирифта, бехи ширинбаён295 ва пари сиёвушонро андар об нарм биҷӯшонанд ва аз он ба бемор бидиҳанд.
(213) Агар андар ин об баспоя ва турбидро биҷӯшонанд, судманд бошад.
Бидон, ки бисёр вақт чиз андар сина банд бигардад ва он қобили берун ҷастан буда, вале қувват онро рондан натавонад. Бинобар он бояд бо атса овардан ёрӣ расонд.
Фасли ҳафтум гуфтори ҳамагонӣ андар баёни нафасгирӣ

Нафасгирӣ бо ду ҳаракат ва бо ду оромии андар миёни онҳо ҷойдошта ба амал ояд, яъне ба гунае, ки набз низ бад-он гуна бувад. Вале ҳаракати нафасгирӣ иродист ва онро аз тариқи ирода аз равиши табиӣ гардонидан битавонанд. Аммо набз табиии холис аст. Ғараз аз нафасгирӣ бо насими сард пур кардани шуш аст, то ки он барои тапишҳои дил омода бошад. Дил пайваста ҳавои сард гирифта, бухори дудиро ба сӯи шуш биронад. Андар ин ҳангом он насими кашидаро ду ҳол рӯй бидиҳад: яке ин ки бо ёрии гармибахшии чизи ҳамҷавор ва омехтааш аз ҳолати сардӣ бигардад ва дуввум ин ки ба сабаби омехтан бо бухори дудӣ аз ҳолати покии худ бигардад. Бинобар он [насим] он маъноеро, ки бо ёрии он аз барои мадад расонидани набз созгор буд, гум кунад ва эҳтиёҷ ба берун кардану иваз намудани он ба миён ояд. Андар миёни ин ду ҳол ду оромист. Ба андарун овардани [ҳаво], яъне насим кашидан, ба сабаби густариш ёфтани шуш, ки ба ҳаракати ҷирмҳои гирди онро бигрифта вобаста аст ва мо ҳоли онҳоро баён хоҳем кард, ба амал ояд. Берун бароварданаш ба сабаби фишурда шудани шуш ба амал ояд, ки он ба ҳаракати ҷисмҳои гирди онро гирифта тобеъ аст. «Нафасгирӣ» ба наздики омма баровардани нафас аст, вале ба наздики пизишкон ва андар истилоҳи эшон гоҳе ба маънои баровардан аст, чунонки оммаро чунин бошад ва гоҳе ба маънои ҷумлаи ин [амалиёт] бувад. Ҳамчунин «набз» ба наздики омма ҳаракати фарохшавӣ ва ба наздики пизишкон аз барои он истилоҳи хоссест, ки ба наҳви маълум бошад.
Ҳаракати нафасгирии муътадили табиии холӣ аз газанд бо ҳаракат додани ҳиҷоб тамомият ёбад. Вале агар аз барои чизе, ки ҷуз ба сахтӣ надарояд ва ё аз барои қавӣ гардонидани нафас то ки дам берун ояд, ба қувваи бештаре эҳтиёҷ афтад, андар ин кор [ё] ҳамаи мушакҳои сина, ҳатто барсӯвини онҳо ва ё танҳо баъзе мушакҳои фурӯсувин бо ҳиҷоб анбозӣ кунанд. Агар эҳтиёҷ бад-он бошад, ки ягон овозе ҳам бароварда шавад, андар ин ҳол аз кор фармудани мушакҳои ҳанҷара чора нест. Агар эҳтиёҷ ба буридани ҳарфҳо ва аз онҳо фароҳам овардани сухан биафтад, аз ба кор бурдани мушакҳои забон чора набошад. Гоҳе ба ҳангоми ин кор эҳтиёҷ ба кор фармудани мушакҳои лаб биафтад.
Чунонки набз бузург, хурд, дароз, кӯтоҳ, тез, оҳиста, гарм, сард, думодум, гуногун, қавӣ, суст, гусаста, пайваста, муташанниҷ, ларзанда ва рагаш бо пурии андак ва ё бисёр буда, дорои ҳолатҳои сутуда ва ҳолатҳои накӯҳида аст ва ҳар як аз ин ҳолатҳоро сабабест, ҳар як аз онҳо далолат бар ягон ҳолате доранд ва онҳоро ба ҳасби мизоҷҳо, ҷинсҳо ва оризаҳои баданию нафсонӣ ихтилофҳост, ҳамчунин нафасро ҳам ин ҳолатҳои баршумурда ва чизҳои бад-онҳо монанд ҷой доранд, ки ҳар яки онро сабабест ва ҳар кадоми онро далелест.

пешина
аз 1215
навбатӣ