Қонуни тиб

Мо илоҷи онро андар боби душвории нафас оварем.
Дамкӯтоҳии аз хушкии мизоҷ ва хушкидан падид омадаро ошомидани ширҳои хару буз ва ба кор бурдани доруҳои тарифизое аз қабили фишурдаҳо, равғанҳои сарди тарифизо, низ равғани бодом андар зимни ошомҳои тарифизо ва шароби тунуки омехта судманд аст. Низ бояд аз чизҳои ниҳоят гармиоваранда, ҳалкунанда ва хушкифизояндае парҳез карда шавад, ки худ ҳамедонӣ.
Эшонро тилоҳои тарифизоянда ва марҳамҳову равғанҳои молидании нармкунанда судманданд.
Ҳангоми зиқи нафасе, ки ба сабаби гармӣ падид омада, бо афрӯхтагист, бояд марҳамҳои сардифизой ва мумравғанҳои сардиоваранда ба кор бурда шавад. Ин ба ҳақиқат як намуди баднафасист, на зиқи нафас. Ошомидани бунафшаи парварда ва оби ҷав аз барои он судманд аст. Аммо ҳангоми зиқи нафасе, ки аз сардӣ бошад, доруҳои гармиовари ошомидашаванда ва андуданӣ [ба кор баранд]. Аз барои чунин [беморон] ҷӯшонидаи шанбалит бо мавиз нофеъ аст.
Фасли сиву ҳафтум андар илоҷи дигар намудҳои баднафасӣ
Агар сабаби баднафасӣ гармии дил бошад, [116] доруҳои сардиоварандаро чи ба тариқи ошомидан ва чи ба тариқи тило кардан ба кор баранд. Агар сабаб фузунии бухорҳое бошад, ки андар худи дил ҷой дошта бошанд ва ё бухорҳое бошанд, ки аз дигар ҷойҳо ба сӯи шуш омада бошанд, раги босалиқро бизананд, бо оби панири аз сикангубин сохташуда ва бо ёраи фиқро истифроғ ба амал оваранд ва ба молидани дасту пойҳо бипардозанд.
Агар сабаб рутубати тунук бошад, чизе ба кор баранд, ки бо ситабрсозии хеш қивоми онҳоро муътадил бигардонад. Агар сабаб рутубати муътадил, вале сода бошад, чизе ба кор баранд, ки аз қабили чилғӯза, гавз ва мавиз зудоянда бошад. Аз баднафасии тар як сукарраҷа оби райҳони кӯҳӣ ва ё оби судоб судманд бувад. Агар сабаб рутубати ситабр бошад, (224) аз доруҳои ёдшудаи ба тариқи зудоиш поксозандаи қавӣ, масалан, пиёзи унсул, зуфо ва монанди инҳоро ба кор баранд ва бояд бад-он чизе, ки андар боби дамкӯтоҳӣ ёд карда шуд ва низ бадон чи ки андар зимни доруҳои бемориҳои сина ёд шудааст, муроҷаат кард. Агар сабаб бухорҳову рутубатҳое бошанд, ки аз ҷойҳои дигар омадаанд, аз сӯи мағз омадаи онҳоро бо илоҷи назла ва василаи поксозии сар муолаҷа кунанд, вале на назлаеро, ки аз сабаби нотавонии мизоҷи мағз омада бошад, зеро онро ҳеҷ илоҷе нест.
Аммо он бахшеро, ки аз ҷойҳои дигар омадааст, баъд аз раг задану истифроғ кардан аз тариқи кашидани модда ба сӯи дигар муолаҷа кунанд ва ба тақвияти сина бо ёрии зарованд, усқурдиюн ва устухудус бипардозанд.
Диёқузои холис ва қавигардонида ҳар ду аз барои тақвияти сар судманданд.
Агар баднафасӣ ба сабаби асабҳо бошад, чизе аз қабили равғанҳои хушбӯй ба кор баранд, ки онҳоро қавӣ ва рӯҳро нерӯманду ҳушёр созад. Агар ба сабаби омоси сурхной ва ё бадмизоҷӣ бошад, инро бо чизе муолаҷа
кунанд, ки андар боби хосси он гуфта омад. Агар [баднафасӣ] ба анбозии меъда падид омада бошад, меъдаро бо чизе поку нерӯманд гардонанд, ки андар боби хосси он ёд шудааст.
Агар [баднафасӣ] аз сабаби сардӣ бошад, масалан, саҷазаниё, амрусиё ва анақардиёро ба кор баранд. Агар аз хушкӣ бошад, масалан, понизро бо шири навдӯшида ва он чизеро ба кор баранд, ки андар бобҳои дигар гуфта шуд.
Агар аз сабаби бодҳо бошад, гармибандиҳоеро, ки андар боби дамкӯтоҳӣ ёд шуданд, зимодҳо ва дигар чизҳоро ба кор баранд. Бидон, ки заъфарон аз ҷумлаи доруҳоест, ки баднафасӣ ва душвории онро нофеъ бошад, зеро вай афзорҳои нафаскаширо қавӣ ва нафасгириро осон бигардонад.
Фасли сиву ҳаштум андар муолаҷаи душвории нафас, ки аз ҷумлаи ин [бемориҳост]
Агар ин беморӣ аз рутубат бошад, Ҷолинус фармудааст, ки андар моҳе ду бор доруи унсули бо ангубин маъҷун карда ба кор бурда шавад. Як ошомиданӣ аз он сиву шаш қирот бошад. Ду рӯз пеш аз рӯзи истеъмоли он бемор бояд на сухан гӯяд ва на ҳаракат кунад. Бояд [баъд аз] ҳафт соати [истеъмоли дору] нон бо шароби омехта ва шомгоҳӣ сафедии хоя бо мағзи нон тановул кунад. Пагоҳаш мурғҷӯҷаи хурдеро истеъмол кунад, ки аз он шӯрбо сохта бошанд ва шомгоҳии рӯзи дигар гармоба кунад.
Агар бо ин беморӣ нест нашавад ва хусусан агар иллат дер кашида бошад, маъҷуни аз буссад сохташуда ва доруи Андрумохус ба кор баранд.
Агар сабаб аз сӯи сар бошад, ҳафтае ду бор сарро бо собун ва бура бишӯянд, доруҳои атсаоварандаро бисёр ба кор баранд, бо рубби тут ҳамроҳи сабр ва мурр ғарғара кунанд, варзиши пуштмолӣ ба кор баранд, ба бастани соқ пардохта, аз барсӯ оғоз кунанд ва ба фурӯсӯ оянд ва доруҳои поккунандаи ёдшуда ва ҳабберо ба кор баранд, ки ба сифати зерин аст: аз дермана, пояҳои судоб ва гиёҳи афсинтин ба миқдори баробар гирифта, ҳабб созанд ва ҳар рӯзе ду дона аз он ба қадри нахӯд истеъмол намуда, аз болояш хусусан сикангубини унсулӣ [биошоманд]. Инчунин аз гунди бедастар ва дермана як бахшӣ ва аз афсинтин ва зира ним бахшӣ гирифта, ба андозаи нахӯд ҳабб созанд. Доруи лесидании аз каранб сохташуда аз барои чунин [беморон] хуб аст. Инчунин девчаи зери кӯзаҳоро гирифта, андар кӯзаи сафолин биниҳанд ва то хокистар шудан бисӯзонанд. Сипас онро бо ангубин сиришта, ҳар рӯзе як кафча аз он истеъмол кунанд. Ҳамаи ин намудҳои [муолаҷа] ба шарте нофеъ аст, ки беморӣ аз асаб бошад.
Агар [душвории нафас] аз сабаби гармӣ бошад, қурси зерин сахт судманд аст: шаш дирам гул, чаҳордаҳ дирам бехи ширинбаён,307 ду дирам зиришк, се дирамӣ аз лок, рованд, мастако, фишурдаи алафи гулӯдард, фишурдаи афсинтин, сунбул, анисун ва тухми розиёна, ним дирам заъфарон, як дирамӣ аз тухми бодранг, харбуза, каду ва хиёри дароз ва як дирамӣ аз самғ, касиро, рубби ширинбаён ва тухми паниракро [гирифта, қурс бисозанд]. Бояд бо чизе истифроғ оварда шавад, ки хилтҳои тезро308 берун кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор