Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Мизоҷи тареро, ки ҳангоми он рутубат андар худи шуш ҷой дошта бошад, бо доруҳои хушкифизои хушккунандаи омехта бо доруҳои зудоянда муолаҷа кунанд. Аз ҷумла доруи мураккабест, ки ба сифати зерин бошад:
як бахшӣ аз гили арманӣ, касиро ва самғи арабӣ ва ним бахшӣ пудина, зуфо, ҳошо, дорчинӣ, бехи савсани осмонгун ва пари сиёвушон гирифта, маъҷун созанд ва ба кор баранд.
Илоҷи мизоҷи хушк чунин аст: ин холӣ аз ин нест, ки ё бо таб бошад ва ё бе таб. Агар таб ҷой надошта бошад, созгортарини чизҳо ин истеъмол кардани ширҳои хар, буз ва ғайра ва ба кор бурдани дигар тадбирҳост. Агар таб ҷой дошта бошад, бояд тамоми доруҳои ошомидании тариовар, мумравғанҳои сардифизои маъруф ва оби ҷав ба кор баранд, пайваста пойҳоро311 бо равғанҳо тарифизоӣ кунанд ва ошоми бодомии тарифизой дам кашанд. Агар мизоҷ мураккаб бошад, тадбирҳои мураккаб биандешанд.
Агар андар ин ҳол моддаи тунук мавҷуд бошад, онро бо диёқузоҳои сода, лесиданиҳои хашхошӣ ва луобие бипазон, ки мо баъзеи онҳоро андар Қарободин ёд кардаем.
Агар ин модда ситабр бошад, онро ба шарти андар гузашта ёдшуда ҳал кун ва бизудо. Яъне ба ин шарт, ки онро ҷуз ба иътидол гарм накунӣ. Балки бикӯш, то онро нарм кунӣ, бибуронӣ ва билағжонӣ ва доруҳои поккунандаи ёдшударо ба кор бар. Яке аз доруҳое, ки хосси ин маҳал аст, сақизи хинҷак бо ангубин, ё хасакдона бо ангубин, ё мушки замин бо якчанди худ аз ангубин, ё рубби ширинбаён ва касиро, ё борзад ва бодоми ширин ба андозаи баробар мебошад. Гоҳе чун сабрро бо ангубин андар даҳон бидоранд, ниҳоят суд бахшад. Ё се хояи солим, ду баробари он ангубин, ними он равғани зард ва чиҳил дона мурчро гирифта, совида ҳамаро ҷамъ созанд ва аз ғайри пухтан баста созанд. Сипас пагоҳу бегоҳ аз он билесанд.
Низ ҳафт бех ганданои шомиро гирифта, андар се ратл об то се яки он боқӣ мондан биҷӯшонанд. Сипас онро полида, бо боқимондаи фишурдаи пӯсти он ва ангубин омехта, боз биҷӯшонанд. Низ ҳашт ратл гул, як ратл чилғӯза, як ратл самғи хинҷак, чаҳор ратл мавиз ва ангубинро ба миқдори кифоят гирифта, аз инҳо лесиданӣ бисозанд.
Доруи хуб: Панҷ уқия пудинаи рӯдӣ, як уқиягӣ аз чилғӯза ва тухми газна ва се уқиягӣ аз тухми катон ва мурч гирифта, ҳамаро бо ангубин маъҷун созанд ва ба кор баранд. Ё панҷ бахш хурмои сергӯшт, ҳашт бахш савсан, ду бахшӣ заъфарон [120] ва мурч ва бист бахш говдонаро гирифта, бо ангубини кафкаш баргирифта бисириштанд. Ё як бахшӣ аз заъфарон, сунбули хушбӯй ва мурч, се бахшӣ аз фаросиюн ва зуфо ва ду бахшӣ аз мурр ва савсан гирифта, бо ангубини равшанкарда бисириштанд.
Ҳангоми [сурфаи] куҳан қатронро бо ангубин ба тариқи лесидан биошоманд ва ё ба қадри як сукарраҷа қусти ҳиндиро бо оби шибити ҷӯшонида ва ҳамроҳи як кафча сирко ва равған бидиҳанд. Низ зағири бирёнкардаро бо ангубини танҳо ва ё бо мурч ба нисбати даҳяк ва ё бо пудина [бидиҳанд]. Инчунин ангубини лабаниро бо ангубини занбӯрӣ ва говшир, низ хардалро бо бодоми талх ва ё масрудитусро билесонанд. Барои бачагон бӯстонафрӯзе кифоят аст, ки онро бо шири зан ва ё бо оби бодиёни сабз [ҷӯшонида бошанд].
Агар сабаби [сурфа] назла бошад, онро ҳамчун назла муолаҷа кунанд. Агар аз барои манъ кардани он эҳтиёҷ ба истеъмоли зимоди анҷир биафтад, онро бар сар зимод кунанд. Андар зери забон ҳар вақте ва хусусан шабона ҳабби нашоста бигиранд. Бо доруҳои гирандае, ки на турушмаза ва на тундмазаанд, ғарғара кунанд. Агар назла гарм бошад, бо диёқузои сода ва агар сард бошад, бо диёқузои ҳамроҳи мурр, заъфарон ва ғайра гирифташуда ғарғара кунанд. Агар [назла] аз омосҳо ва решҳои шушу сина падид омада бошад, андар илоҷи он бояд бад-он чизе муроҷаат кард, ки андар боби барсом, омоси шуш ва ҷигар ва [бемории] сил ёд хоҳем кард.
Гоҳе барои сурфа ҳаббҳоро андар даҳон бидоранд. Аз ҷумла ҳаббҳои сурфаи гарм буванд, ки андар даҳон нигоҳ доранд ва яке аз онҳо ҳабби бо номи «ҳабби сурфа»
маъруф мебошад. Дигар ҳаббест, ки аз рубби ширинбаён, самғ, касиро, нашоста, луоби (232) аспғул, донаи биҳӣ, мағзи донаи хиёри дароз, каду, бодранг, табошир, донаи хашхош ва монанди он таркиб ёфтааст. Ё [ҳабберо] ба сифати зерин бисозанд: аз нашоста, касиро ва рубби ширинбаён бо фишурдаи коҳу ҳабб бисозанд. Аз ҷумла, ҳаббҳои сурфаи сард буда, онҳоро аз рубби ширинбаён, хурмои ҳиндии поккарда, мағзи гандум, заъфарон, касиро, чилғӯза, пунбадона, мурддона, тухми хашхош, пӯсти он, анисун, шибит, мурр, заъфарон ва пониз бисозанд.
Аз ҷумла ҳаббест, ки андар он [чизҳои] карахткунанда ва хобовар биафзоянд. Бахши бештари он доруҳои карахткунанда буда, бо он доруҳои подзаҳрии гарм биомезанд. Яке аз доруҳои аз барои ин ғараз санҷидашуда, ки сурфаи куҳани ранҷоварро ором кунад, ҳабби маъруфи «майъа» мебошад. Низ аз майъа, гунди бедастар, асорун ва афюн бахшҳои баробар гирифта, аз онҳо ҳабб бисозанд ва андар даҳон бигиранд. Инчунин шаш [бахш] тухми банг, се [бахш] чилғӯза ва як [бахш] заъфарон бигиранд ва бо майпухта сиришта ҳабб созанд. Низ ним уқиягӣ аз майъа, мурр ва афюн ва ду драхмигӣ аз равғани баласон ва заъфарон гирифта, ба қадри говдона ҳаббҳо созанд.
Гоҳе ҳангоми сурфаи куҳани тар доруҳои дудандозандаи андар боби дамкӯтоҳӣ ёдшударо ба кор баранд.
Агар рутубат ба қадри лозимӣ бошад, зирнихи сурх, саргини харгӯш, орди ҷав ва пӯсти пистаро бо зардии хоя маъҷун карда, қурсҳои якдирамӣ бисозанд ва андар офтоб онҳоро бихушконанд. Сипас се бор бо онҳо дуд андозанд. Низ аз зарованд, мурр, майъа ва борзад бахшҳои баробар ва аз зирних якчанди ҳамаи онҳо гирифта, бо равғани гов маъҷун кунанд, фундуқҳо созанд ва яктоӣ аз он бахур кунанд. Аммо барои сурфае, ки ҳангоми табҳо падид ояд, тадбири алоҳидае андар зимни баёни аразҳои табҳо оварда шудааст.
Фасли дуввум андар баёни хунпартоӣ

Хун гоҳе бо оби даҳон ояд ва аз бахшҳои даҳон бошад, гоҳе бо гулӯ равшан кардан берун ояд ва аз ноҳияи
гулӯ бошад ва гоҳе бо гулӯ афшондан берун ояд ва аз ной бошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ