Қонуни тиб

Пас, вай ё ҳал бигардад ва ё рим кунад, яъне мурод ба аксари ҳолатҳо чунин будан аст. Барсом ҳар гоҳ ҳал бигардад, чизи аз он ҳалгардидаро аксар вақт шуш бипазирад ва онро аз тариқи гулӯ берун ронад.
Гоҳе мумкин аст ба сӯи дигаре ҳал шуда равад. Ҳар гоҳ хуноба ҷамъ гардад, [124] ба зарурат эҳтиёҷ ба пухтан ва кафидан пайдо кунад.
Гоҳе шуш аз тариқи гулӯ хунобаро берун ронад, гоҳе онро раги дарунтиҳӣ пазируфта, аз тариқи пешоб биронад ва гоҳе мумкин аст ба гузаргоҳҳои бироз рехта, аз тариқи исҳол берун равад. Бисёр вақт андар ҷойҳои тиҳӣ ва гӯштҳои ғуддаии мисли пайғулаҳо, буни рон ва паси гӯш афтида, андар онҳо омосҳо ба амал оварад. Бисёр бошад, ки модда ба сӯи мағз ва андомҳои дигар ронда шавад, чунонки баъд ёд хоҳем кард, ин боиси хатар ва гоҳе ҳалокат бигардад. Гоҳе моддаи римӣ ба сабаби бисёрӣ ва майли худ маҷроҳои дамзаниро хафа кунад ва гоҳе чандон бисёр набуда, чи хуноба бошад ва чи балғами мисли хуноба, ҷуз ба шакли пухта набошад, вале азбаски қувваҳо афтидаанд, онро аз тариқи гулӯ берун кардан натавонанд. Бинобар ин, бояд андар ин ҳангом қувваҳо қавӣ гардонида шаванд, то ки аз барои сурфаи балғам беруноваранда сахт фишурда шудан битавонанд. Зеро чунин беруноии [чирк] корест, ки бо ду қувва ба анҷом бирасад: яке қувваи табиии пазонанда ва низ ронанда ва дигарӣ қувваи иродии ронанда. Агар ҳар ду якҷоя қавӣ гардонида нашаванд, мумкин аст, ки аз поксозӣ оҷиз оянд.
Бидон, ки душвории аз гулӯ берун омадани чирк ё аз сабаби қувват аст, ки нотавон бошад, ё аз сабаби афзор, ки аз ҳаракати худ ва ё ҳаракати ҳамҷавори худ ранҷур бигардад ва ё аз сабаби модда бувад, ки он ё сахт тунук, ё ситабр ва ё часпак бошад. Андар ин гуна ҳолатҳо мумкин аст шушро чизе мисли ҷӯшиш падид ояд, ки ба сабаби омехта гардидани бод бо моддаи рӯйгардонда ва ба сӯи шуш ва ной рехташуда бувад. Ҳар гоҳ ҳангоми барсом агар то чаҳордаҳ рӯз аз тариқи чиркпартоӣ аз гулӯ [шуш] пок нашавад, пас, омос рим карда бошад ва ҳар гоҳ агар рим баъд аз чиҳил рӯз пок нашавад, пас, бемор ба омоси шуш ва сил гирифтор шудааст. Гоҳе рим андар рӯзи ҳафтум пок шавад, вале аксар вақт андар рӯзи бистум, чиҳилум ва шастум пок бигардад. Гоҳе мумкин аст пеш аз пазиш аз он сабаб кафидан ба амал ояд, ки табиат моддаи бо бисёрии худ ва ё тезии худ озордиҳандаро рондан бихоҳад [ва ё мумкин аст ин ба сабаби] гармии мизоҷ, синну сол, фасл, кишвар, ё ба сабаби пеш аз муҳлат ба хатои пизишк хӯрдани чизҳои кафонандаи омос аз қабили доруҳои ошомиданӣ, ки онҳоро баъд ёд хоҳем кард ва ё ба сабаби ҳаракати ба ифрот ва ранҷовар кардан ва ё баланд дод задани бемор, ки ин хатарнок аст, [чунин кафидан ба амал ояд].
Гоҳе мумкин аст барсом бад-ин гуна ба омоси шуш табдил ёбад, ки шуш моддаи омосро бипазирад ва онро хуб берун андохтан натавонад ва он модда андар он банд шуда, боиси падид омадани омос бигардад. Гоҳе мумкин аст барсом ё ба миёнчии омоси шуш бар наҳве, ки баъд ёд хоҳем кард ва ё на ба миёнчии омоси шуш, балки бад-ин гуна ба бемории сил табдил ёбад, ки модда ва ё хунобаи аз он ҳалгардида ба сабаби тезӣ ва бадии худ
гавҳари шушро реш кунад. Гоҳе он мумкин аст аз он сабаб ба ташаннуҷ ва кузоз табдил ёбад, ки модда андар асабҳои бо андоми дорои омос пайваста зада бидарояд, зеро ин андом серасаб аст. Ин намуди гузариш кушанда аст ва онро ҳамаи илоҷҳои хуб суд набахшад. Гоҳе аз паси барсом ва омоси шуш андар бахши охир ва аз сӯи даруни бозуи худованди онҳо ва андар соиди ӯ то сари ангушт як навъ карахтие падид ояд. Гоҳе бошад, ки [модда] ба сӯи дил биравад ва хафақон ориз шуда, аз паси он беҳушӣ рӯй диҳад, ё бошад ки ҳам андар ҳоли ҳал шудан пеш аз рим кардан ва ҳам андар ҳоли рим кардан ба сӯи мағз бигузарад. Гоҳе бошад, ки модда ба сӯи андомҳои берунӣ гузашта, ба хуроҷҳо табдил ёбад. Гоҳе ин гузариши он (240) аз тариқи нуфуз кардан андар гавҳари асаб ва ватар, балки ҳатто андар устухон ба амал ояд. Ҳар гоҳ модда ба сӯи бахшҳои фурӯсӯвин майл намуда, кушода шавад ва носур бигардад, ин яке аз сабабҳои наҷот хоҳад буд, лекин ин носурҳо носурҳои палиди гузаранда буванд. Агар модда ба сӯи пайвандгоҳҳо майл кунад ва носурҳо бигардад, низ бемор наҷот ёбад, лекин хусусан агар андар ин ҳол истифроғи дигаре аз қабили берун кардани бироз, ё пешоби ситабри сершин ва ё партофтани балғами пухтаи бисёр ба амал наояд, мумкин аст, ки андом ба таври доимӣ дардманд бигардад. Агар чизе аз инҳо ҷой дошта бошад, оқибаташ беосебтар хоҳад буд, зеро ин бар камии моддаи падидоварандаи хуроҷ ва бар имкони аз тариқи пазиш ислоҳ намудани он далолат кунад. Ин хуроҷҳо ҳар гоҳ ки пинҳон ва фурӯтар бошанд ва хусусан агар модда дубора ба сӯи шуш боз омада бошад, ин бар офат ва пасравӣ гувоҳӣ диҳад. Гоҳе бошад, ки аз шиддати таб нафасро думодумӣ ориз бигардад ва аз думодумии нафас часпакии балғам падид ояд, зеро балғам ба сабаби нафаси думодум бихушкад. Сипас ба сабаби часпакии балғам шиддат ёфтани беморӣ ва афзоиши афрӯхтагӣ падид ояд. Аз афзоиши афрӯхтагӣ нафас думодум ва аз думодумии нафас балғам часпак гардида, ин ду ҳол пайваста аз барои [афзоиши] осеб бо ҳам ёварӣ кунанд.
Аммо андар хусуси он ки кадом намуди барсом ва омоси шуш бадтар аст – оё оне, ки андар паҳлуи чап ва ҳамҷавори дил аст ва ё оне, ки андар паҳлуи рост аст, бархе касон якеро ва бархеҳои дигар дигариро бадтар ҳисобидаанд, вале ҳаққ ин аст, ки барсоми аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ наздик [ба дил] аз ҳама бадтар аст, лекин пештар бипазад ва агар омоси ҳалшуданӣ бошад, зудтар таҳлил пазирад. Барсоме, ки аз ҷиҳати макон дур аст, беосебтар бувад, вале аз ҷиҳати таҳлил ёфтану пухтан гарданкаштар бувад. Гоҳе барсом аз пурии хилтҳое падид ояд, ки агар андар ноҳияи сар, ё ноҳияи сина ва ё андар баъзе рагҳои ба сӯи ноҳияҳои сина раванда рӯй дода бошад. Бисёр бошад, ки он ба сабаби ошомидани обҳои сарди моддаҳоро бандгардонанда ва сардии зиёд ба амал ояд. Ҳамчунин гармии зиёд ва ошомидани шароби холис, ки баҷунбишоваранда ва шӯронандаи хилтҳост, низ боиси он бигарданд.
Хело кам бошад, ки омоси шуш ба барсом бигузарад, валекин бисёр бошад, ки акси он рӯй диҳад. Бо вуҷуди ин ба амал омадани [бахши якум] мумкин аст ва баробари он зиқи нафас то андозае сабук шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор