Қонуни тиб

Агар шикамаш тафсида аз он бирози зард берун ояд, бимирад, ба шарте ки беморӣ аз рӯзи ҳафтум нагузашта бошад. Ин ҳангоме бошад, ки намудҳои бисёр гуногуни балғам берун ояд ва сипас дард шиддат ёфта, бемор ба рӯзи севвум бимирад, вагарна шифо хоҳад ёфт.
Ҳангоми намуди дигаре аз [барсом] дарди дилзанандае ҳис карда шавад, ки аз сӯи охурак ба сӯи соқ ояд. Оби даҳон ҳангоми он поки беолоиш ва пешоб пок буванд. Ин омос ба сабаби ба сӯи сар майл кардани модда ҳалоккунанда аст, вале аз рӯзи ҳафтум гузарад, шифо хоҳад ёфт.
Нишонаҳои давраҳои [барсом]: Агар балғам наояд ва ё агар ояд, тунук, ё кам ва ё чизе бошад, ки онро, чунонки баъд ёдаш хоҳем кард, «хавий» номанд, пас, ин оғози [беморӣ] бувад. Агар баробари афзоиши аразҳо балғам афзоиш ёбад, аз тунукӣ баргашта бештар ситабру осоноянда бигардад ва аз сурхӣ (агар чунин бошад) баргашта, ба зардии муносиби сурхӣ бигарояд, пас, ин [авҷи беморист]. Сипас агар бемор балғамеро ба осонӣ партояд, ки ба андозаи мо ёд карда пухта бошад ва агар он ба миқдори зиёд ояд ва дард сабук бошад, ин поёни [беморӣ] ва ҳангоми ба анҷом расидани пухтагии пурра бувад. Сипас агар балғам бо ҳамон гуна қивом ва сабукӣ ва баробари нест шудани дард ва коҳиш ёфтани аразҳо ба коҳиш ёфтан оғоз кунад, пас, беморӣ рӯ ба пастравист. Агар балғам, албатта, баробари нест шудани аразҳо баста бигардад, пас, ин пастшавӣ ба поён расида бошад.
Нишонаҳои намудҳои [барсом] ба ҳасби сабабҳои он: Бархе аз чизҳое, ки бар сабаби фоилии барсом далолат кунанд, чизи аз гулӯ оянда, аз он ҷиҳат, ки рангаш сода ва ё гуногун аст, маҳалли дард, таб ва шиддату навбатҳои он мебошанд. Агар чизи аз гулӯ оянда ба сурхӣ бигарояд, далолат бар хун кунад ва агар ба зардӣ бигарояд, далолат бар сафро кунад, вале маллагии он бар ҳар дуи онҳо гувоҳӣ диҳад. Агар чизи аз гулӯ оянда ба сафедӣ бигарояд, вале он аз сабаби пухтагӣ набошад, далели балғам аст ва агар ба сиёҳию тирагӣ бигарояд ва ба ягон сабаби рангкунандаи берунае аз қабили дуд ва ғайра вобаста набошад, бар савдо гувоҳӣ диҳад. Инчунин дард ба ҳангоми балғам ва савдо аксар вақт рӯ ба фурӯсӯ дошта, моил ба нармист. Ҳангоми ду намуди дигар рӯ ба барсӯ дошта, афрӯхта бувад. Низ агар таб бо шиддат бошад, аз сабаби моддаҳои тез бувад ва агар бо шиддат набошад, аз сабаби моддаҳое бошад, ки бештар майл ба сардӣ доранд. Гоҳе навбатҳои таб нишонаи хубанд.
Нишонаҳои [ба дигар бемориҳо] гузаштани [барсом]:
Агар зуд балғами сутуда омада, андар чаҳордаҳ рӯз [шуш] пок нагардад, пас, барсом ба рим кардан гузашта бошад.
Бар оғози боло гирифтани он шиддати дард, душвории нафас, тангии он, ҳангоми кашидан дучанд шудани нафас ва хурд будани он, шиддати таб, хусусан дуруштии забон, хушкии сурфа ба сабаби часпакии модда ва фишурдагии ҳиҷоб, сустии қувват, афтодани иштиҳо, парешонии [зеҳн], бехобӣ ва андар маҳалли [беморӣ] ҳис кардани гаронӣ далолат кунанд. Ҳар гоҳ рим ҷамъ шуда, тамомият ёбад, таб ва дард паст шаванд ва гаронӣ биафзояд. Ҳар гоҳ омос бикафад, ларзиши гуногун падид
ояд, набз баробари гоҳ-гоҳӣ будан паҳн бигардад, қувват биафтад ва тан пажмурда шавад. Бисёр бошад, ки таби қавие ба сабаби андомҳоро сӯзонидани модда ва ба сабаби сӯзандагии омос падид ояд. Агар барсом бикафад ва аз бози кафидан то чиҳил рӯз пок нагардад, ба бемории сил гузашта бошад. Барсоми римкарда бисёр кам мешавад, ки рӯзи ҳафтум ва ё баъди он бикафад, вале аксар вақт баъди он (244) то рӯзи бистум, чиҳилум ва шастум бикафад. Ҳар андоза аразҳои ҷамъ шудани рим қавитар бигарданд, кафидан ҳамон андоза тезтар ба амал ояд. Агар инҳо ва хусусан таб аз ҷумлаи онҳо ҳар андоза нармтар бошад, кафидан ҳамон андоза дер бикашад.
Агар нишонаҳои бимноке зоҳир гарданд ва агар далелҳои сутудае ҳангоми омадани балғам ва ғайра мушоҳада карда бошӣ, чандон парвое накун, зеро ориз шудани онҳо ба сабаби рим кардан аст, на ба сабаби дигаре. Ҳар барсоме, ки дардаш на ба сабаби балғам афкандан, на раг задан, на исҳол овардан ва на дигар чизе паст нашавад, ба ҳасби дигар далелҳо чашмдори он бош, ки ё рим кунад ва ё [бемор] пеш аз рим кардани он бимирад. Ҳар гоҳ набзро бибинӣ, ки азҳамкашидашавӣ ва хусусан думодумияш шиддат ёбад, ин ба ҳангоми қавӣ будани қувват аз гузаштани барсом ба омоси шуш, рим кардан ва сил огоҳӣ диҳад. Умуман, агар андар ин миён нишонаҳои қувват ва саломатӣ ҷой дошта бошанд ва сипас агар дард бо ёрии балғам овардан, ё исҳол, ё раг задан ва гармибандӣ кардан паст нагардад, пас, вай бештар майл ба рим кардан дорад. Агар далелҳои тандурустӣ аз қабили ба ҷой будани қувват, иштиҳо ва ғайра мавҷуд набошанд, ин огоҳӣ аз он дорад, ки беморӣ ҳалокатовар аст ва нахуст беҳушӣ рӯй диҳад, вале аксар вақт наздики кафидан иштиҳо биафтад, рухсораҳо ба сабаби задани бухор ба сӯи онҳо сурх бигарданд ва ангуштон низ ба ҳамин сабаб битафсанд.
Ҳар гоҳ барсом ба сӯи фазои сина бикафад, якчанд рӯз бемор сабукӣ пиндорад ва сипас ҳолаш бад бигардад. Ҳар гоҳ кафидан ба амал ояд, набзро ба гунае дарёбӣ, ки ҳикоят кардам, яъне он заиф, паҳн, оҳиста ва канда-канда бигардад, аз баҳри он ки қувват ба сабаби истифроғ ҳал шуда бошад ва гармии модарзодӣ хомӯш гардида бошад. Низ чунонки ёд кардем, ба сабаби хилтҳо ларзае падид ояд, ки боиси таб бигардад. Агар моддаи омоси кафида бисёр ва қувват нотавон бошад, [беморӣ] ба ҳалокат бикашад.
Бидон, ки агар қувват нотавон бошад ва азҳамкашидагию думодумӣ шиддат ёбад, ин чунонки ҳамедонӣ, аз беҳушӣ огоҳӣ диҳад. Агар думодумӣ камтар аз он ва камтар аз андозае бошад, ки барои нафаси ҳолати барсом лозим аст, ин гоҳе аз субот, ё ташаннуҷ ва ё ба оҳистагӣ пухтани [модда] огоҳӣ диҳад. Субот ба сабаби пазируфтани мағз бухорҳои тареро падид ояд, ки ночор чандоне тез нестанд, вагарна набз сахт думодум ҳамегардид. [Мағз инҳоро пазируфта], дар айни ҳол ба андозае заиф бошад, ки онҳоро ба сӯи асабҳо рондан натавонад. Ташаннуҷ аз он сабаб падид ояд, ки мағз қавӣ буда, он [бухорҳоро] ба сӯи асабҳо биронад ва ин бар оҳиста рим кардани [барсом] далолат кунад, зеро модда ситабр бошад ва низ аз баҳри он, ки вай ба дигар ҷой гузаштан натавонад, чунки мағз ва асабҳо қавӣ буда, онро напазиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор