Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли чаҳорум андар баёни омоси шуш

Омоси шуш омоси гармест, ки андар шуш падид ояд.
Гоҳе аз аввал [худ ба худ] биафтад ва гоҳе аз паси назлаҳои (246) ба сӯи шуш фурудоянда, ё хуноқҳое, ки ҳал шуда, ба сӯи шуш гузаранд ва ё барсоме, ки ба омоси шуш табдил ёфта бошад, ба амал ояд. Ин гуна омос андар рӯзи ҳафтум бикушад, вале агар табиат моддаро аз тариқи гулӯ берун кардан тавонад, андар ин ҳол аксар вақт боиси падид омадани бемории сил бигардад. Омоси шуш аз ҳар гуна хилте ба амал ояд, лекин бештар аз балғам, зеро андом камторупуд буда, кам бошад, ки хилти тунук андар он банд бигардад, чунонки бештари барсом ба сабаби акси ин ҳолат аз хилти заҳравӣ бувад, чаро ки андоми [барсом] пардагии зичи фишурда аст ва кам тасодуф биафтад, ки ба истиснои чизи латифи тез ягон чизе андар он гузаштан битавонад. Вале [омоси шуш] гоҳе аз хун ба амал ояд ва гоҳе аз ҷинси сурхбод бувад. Ин гуна омос аксар вақт ба сабаби тезӣ, ҳамҷавории худ бо дил ва кам фоида бурдан аз доруи ошомиданӣ ва зимодшаванда [беморро] бикушад. Чунин доруи ошомидашуда то расидан бад-он ҷой он миқдор қувваи сардиоварии худро, ки бо он муқовамат кардан битавонад, нигоҳ нахоҳад дошт. Доруи зимодшаванда на ба андозае ба сӯи он сардӣ бифиристад, ки бо [гармии] он баробар шудан битавонад.
Омоси шуш гоҳе аз тариқи таҳлил аз байн биравад, гоҳе ба рим кардан гузарад ва гоҳе сахт гардад. Бисёр бошад, ки ба хуроҷҳо табдил ёбад ва ё мумкин аст ба фаронитус гузарад. Ин бад бувад. Гоҳе [омоси шуш] ба барсом табдил ёбад, вале ин кам ва ба нудрат бошад. Гоҳе аз паси он карахтие мисли он, ки андар барсом ёд шуд, падид ояд ва оқибатҳои он бештар аст. Хуни бинӣ ҳангоми омоси шуш на ба андозае суд дорад, ки ҳангоми барсом суд дошта бошад, зеро ду модда ба ҳам ихтилоф доранд ва низ аз баҳри он ки масофаи кашидани [модда] аз шуш дуртар аз он аст, ки аз ҳиҷоб, пардаи сина ва мушакҳои он кашида шавад.
Нишонаҳо: Нишонаҳои омоси шуш инҳост: таби тез, зеро ин [беморӣ] омоси гарме андар андомҳои дарунист, тангии сахти нафас, ки хафакунанда буда, нафасгирандаро ба рост шудан маҷбур кунад ва ин аз сабаби омос, роҳҳои нафасро танг кардани он ва гармии зиёди нафас бувад, гароние, ки ба сабаби зиёдии модда андар андоми гавҳараш ғайри ҳассос ҳис карда шавад ва ин [ҳискунӣ] ба ёрии пардаи онро печида бошад, азҳамкашидагие андар сина, ки ин ҳам ба сабаби мазкур аст, дарде, ки аз сина ва аз андарун ба сӯи ноҳияи қафас ва сутунмуҳра густариш ёбад ва гоҳе андар миёни ду китф низ ҳис карда шавад.
Гоҳе мумкин аст андар зери шона, охурак ва пистонҳо дарди дилзанандае ё пайваста бошад ва ё ҳангоми сурфа кардан ҳис карда шавад. [Дигар ин, ки бемор] ҷуз бар пушт хоб рафтан натавонад ва ҳар бор бар паҳлу бихобад, дамгир шавад. Худованди омоси шушро забон нахуст сурх ва

сипас сиёҳ бигардад ва забонаш ба изофаи ситабрӣ тавре шавад, ки агар ба он даст бирасонанд, даст бичаспад. Гоҳе рӯй аз ҷиҳати аҳзамкашидагӣ ва пурӣ бо он анбозӣ кунад ва андар рухсораҳо сурхию дамидагӣ ба сабаби он бухоре падид ояд, ки ба сӯи онҳо зада бошад, чунки онҳо ба изофаи сергӯштӣ ва ковокии худ аз ҷиҳати пӯстнокӣ ба андозаи пешонӣ намерасанд. Гоҳе мумкин аст сурхӣ ба ҳадде шиддат ёбад, ки рӯй сурхизада бинамояд. [128] Гоҳе ба барсӯ баромадани бухор чунон дарёфта шавад, ки гӯё оташе боло хамеравад. [Низ] дамиши сахте зоҳир гардад ва ба сабаби таб ва офати он нафаси баланду тез ба амал ояд. Чашмон бодгирифта ва гаронҳаракат бигарданд ва андар рагҳои онҳо пурӣ ва андар пилкҳо гаронӣ ба амал ояд. Сабаби ин низ бухор бувад. Андар табақаи шохгун чизе шабеҳ ба омос ва андар ҳадақа ба изофаи чарбгирию равғаннокӣ нимбарҷастагӣ падид ояд. Гардан ситабр бигардад. Гоҳе ба сабаби фузунии бухори тар субот ба амал ояд ва бисёр бошад, ки ҳангоми он дасту пой сард шаванд.
Набз мавҷии нарм бигардад, зеро омос андар андоми нарм ҷой дошта ва модда тар аст. Набзи мавҷӣ ночор ҳангоми як бор кушода шудан ноҳамвор гардида, гоҳе канда ва гоҳе бо ду захм задан ояд ва ҳамаи ин андар як кушодашавӣ ҷой дошта бошад. Гоҳе мумкин аст ин ба сабаби кушодашавиҳои зиёд ба амал ояд. Бисёр бошад, ки ҳангоми кушодашавиҳои зиёд фосила биафтад. Гоҳе мумкин аст ҳангоми [омоси шуш] набзи андар миёна воқеъшаванда ба амал ояд. Набзи ин [омос] аксар вақт ба сабаби шиддати ҳоҷат ва нармии афзор бузург аст ва ин ба шартест, ки қувват сахт нотавон набошад. Аммо думодумии набз бошад, ба ҳасби таб ва ҳоҷат ва ба ҳасби кифоят кардан ва ё накардани қувват барои бузургии он шиддатноку камшиддат бишавад.
Буқрот гуфтааст, ки агар чунин [беморонро] ба наздики пистонҳо ва атрофи онҳо хуроҷҳо баромада, носурҳо кушода шаванд, эшон наҷот ёбанд. Сабаби ин маълум аст.
Ҳамчунин агар эшонро андар соқ хуроҷҳо падид оянд, нишонаи сутуда бувад. Агар ба нудрат гоҳе [омоси шуш] ба барсом табдил ёбад, тангии нафас сабук шуда, хала падид ояд. Балғами ин гуна [беморон] низ мумкин аст мисли балғами ҳангоми барсом бар рангҳои гуногун зоҳир бигардад ва бештар балғамӣ бувад.
Аммо омоси шуше, ки аз ҷинси сурхбод аст ва ё ба сурхӣ бизанад, ҳангоми он тангии нафас ва гаронии андар сина ҳисшаванда камтар бошад, лекин (247) афрӯхтагӣ андар ғояти шиддат бувад.
Нишонаҳои ба рим кардан гузаштани омоси шуш ба нишонаҳои барсом ҳангоми ин ҳолат наздикӣ доранд ва онҳо чунинанд: на таб ва на дард паст нагарданд ва ба миқдори қобили мулоҳаза берун шудани балғам, ё пешоби ситабри дурднок ва ё бироз мушоҳада нашавад. Ҳар гоҳ беморро баробари ин нишонаҳо солиму бо қувват дарёбӣ, омос ё ба рим кардан бигузарад ва ё ба хуроҷҳое табдил ёбад, ки ба ҳасби нишонаҳои ҳангоми барсом ёдшуда ё ба сӯи боло бигароянд ва ё ба фурӯсӯ. Агар андар ин ҳол саломатию қувват дарёфта нашавад, пас, эҳтимоли ҳалок бошад. Агар оби даҳони [бемор] ширин бигардад, пас омос рим карда бошад. Бояд андар чиҳил рӯз [шуш] пок бишавад, вагарна беморӣ дер бикашад. Агар омоси шуш дер бикашад, бодгирифтагии пойҳоро ба ҷой гузорад, зеро [қувваи] ғизодиҳанда хусусан андар андомҳои атроф нотавон шуда бошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ