Қонуни тиб

Аммо оби каду ҳарчанд ки аз як сӯй суд дорад, вале мумкин аст аз ҷиҳати пешоб тозондан зиён оварда, [беморро] заиф кунад.
Чизҳое, ки бояд аз онҳо парҳез кард, масалан, оби хурфа, оби коснӣ ва ҳама гуна чизест, ки сардию фишурдагӣ оварад. Бояд бештари ғарази ту он бошад, ки [бемор] ба осонӣ балғам оварад. Яке аз омилҳое, ки балғамро зиёд берун оварад, хобидан бар паҳлуи дардманд аст. Гоҳе мумкин аст ба андак ҷунбонидани бемор ва ба пайдарпай якқултӣ ошомонидани оби моил ба гармӣ эҳтиёҷ афтад, зеро ин барои ӯ сахт судманд аст. Гоҳе баста шудани балғами нафасро тангкунанда мумкин аст тақозои он кунад, ки ба бемор як кафча зангор билесонанд ва ё гоҳе шиддати дард маҷбур ба он кунад, ки ба бемор як боқилло ангужад бо ангубин, сирко ва об бидиҳанд. Инро ҳангоми шиддат ёфтани дарди сахти пайваста бояд дод. Агар саркашии нафас ба андозаи хур-хур ва хаш-хаш кардан бирасад, аз натруни бирёнкарда ба қадри бо се ангушт бардоштан ва аз зангор ба қадри як боқилло гирифта, бо каме равғани зайтун, оби нимгарм ва андаке ангубин [ба бемор бидеҳ]. Агар ин суд набахшад, бо онҳо шукуфаи токро бо мурч ва сирко нимгарм карда, изофа кун. Ё зуфо, хардал ва тухми сипандонро бо оби ангубин нимгарм бидеҳ. Ин аз аввал қавитар аст. Ҳар гоҳ [бемор] балғам оварад, ба ӯ зардии хояро бидеҳ дам кашад, то ки зиёни он [доруҳоро] бибарад.
Агар туро эҳтиёҷ ба ғизоҳои қавитар додани худовандони барсом биафтад, моҳии сангобӣ бидеҳ ва инро ҳангоми шикастани таб бояд дод. Инчунин [ба бемор] нон бо шакару маска диҳанд, ки инҳо пухтану балғам омаданро ёварӣ кунанд. [Дигар] моҳии бо гандано, шибит ва намак ҷӯшонида бидиҳанд. Кӯшиш кун ноҳияҳои шикамро хушк созӣ, то ки ноҳияҳои синаро тангӣ наоварад ва ин корро аз тариқи нарм сохтани табиат ва берун рондани бироз бикунанд. Агар он банд гардида бошад, бо ҳуқнаҳои нарме аз қабили оби кашк ва бо каме оби чугундар нарм созанд. Бояд нагузошт, ки [шикам] дамиш оварад. Бидон, ки бухори бироз ва дамиш ҳангоми ин иллат ниҳоят зиён доранд. Яке аз чизҳои ниҳоят муҳим ин аст, ки бояд пеш аз хуноба кардани омос ба пазонидани он шитофта шавад, вале ҳар гоҳ хуноба кунад, бояд пеш аз он ки ба хӯрдан оғоз кунад, зуд ба берун овардани он пардохта шавад.
Бидон, ки аз кӯшиши тарифизоӣ кардан чора нест, то ки балғам ба осонӣ ва зуд ояд. Ҳар гоҳ (254) балғам ба баромадан ба боло оғоз кунад ва аз [беморӣ] рӯзи чаҳорум гузашта бошад, ҷӯшонидаи [чизҳои] зерин қависозанда бувад: бехи ширинбаён ва пари сиёвушон.
Агар модда ситабр ва қувват қавӣ бошад ва андар асаб ягон офате набошад, аз ошомидани сикангубини омехта боке нест, то ки [моддаро] бибуронад. Агар [132] табиатро бо мисли хиёршанбари ҳамроҳ бо шакар, тарангубин ва ширхишт нарм кунанд, хуб хоҳад буд. Гоҳе ба ёрии зимодҳо ва доруҳои чарбӣ низ эҳтиёҷ афтад. Нахустин чизе, ки аз онҳо бояд ба кор бурда шавад, мумравғанест, ки аз равғани бунафша ва муми равшанкарда сохта бошанд. Сипас ба тадриҷ ба истеъмоли пиҳҳо, луобҳо ва гарди осиёб бипардозанд. Баъд аз он ба истеъмоли чизе қавитар аз он, масалан, ба истеъмоли зимоди бобуна, бехи хитмӣ, бехи ширинбаён, бунафша ва ҷӯшонидаи панираки бӯстонӣ гузаранд. Агар эҳтиёҷ ба доруи аз инҳо ҳам қавитар биафтад, зимодеро ба кор баранд, ки аз каранби ҷӯшонида ва аз бодиёни ҷӯшонида сохта бошанд. Низ зимодеро [ба кор баранд], ки аз афсинтин ва бехи ширинбаён324 бо андаке ангубину равғани нордин сохта бошанд.
Бидон, ки ҳар гоҳ модда бисёр бошад, зимодҳо ва тилоҳои сард зиён доранд ва агар модда кам бошад, зиён надоранд. Ҳамчунин агар омос ҳал шуда, аз он бақияе ба ҷой монда бошад ва агар аз тариқи раг задан истифроғ карда шавад, судманд аст ва низ ба кор бурдани тило равост.
Сифати зимоди дигар: Як бахшӣ аз барги бунафша ва хитмӣ, ду бахш аз бехи ширинбаён, ду ним бахшӣ аз орди боқилӣ ва орди ҷав ва як бахшӣ аз бобуна ва касиро гирифта, [зимод кунанд]. Агар модда ситабр буда, ба таҳлили бештаре эҳтиёҷ афтад, андар ин [зимод] тухми катон афзуда, бо майпухта, мум ва равғани бунафша маъҷун созанд. Агар гармӣ камтар бошад, низ ба ҷои бунафша равғани савсан ва ё равғани наргис бигиранд. Агар гармӣ қавӣ бошад, ба ҷои бахши изофии гарме, ки ба нусхаи дору мулҳақ сохтем, барги нилуфар, гул ва каду афкананд.
Нусхаи доруи чарбии хуб: Мум, пиҳи мурғобӣ ва мурғ, равғани зарди гӯспанд ва зуфои тарро гирифта, аз ҳамаи онҳо доруи чарбӣ бисозанд. Ин сахт хуб аст. Ё яке аз зимодҳое, ки ба изофаи пазонандагӣ дардро ором кунанд, зимодест, ки аз орди ҷав, шоҳафсар ва пӯсти хашхош бисозанд. Гоҳе ба ҳангоми ин гуна [бемориҳо] аз гармибандиҳои тару хушк кӯмак бигиранд. Тари онҳо ба он гунаи [сарсоме] созгор аст, ки ба сурхбод бизанад ва хушкашон ба гунае созгор аст, ки ба фалағмунӣ бизанад. Лекин тари онҳо агар суд набахшад, зиён ҳам нахоҳад овард. Аммо хушки онҳо агар зиён оварад, зиёни бузург оварад. Аз ҳама беҳтар ба пештар ба кор бурдан исфанҷест, ки онро андар оби гарм тар карда бошанд ва аз он қавитар оби дарё ва оби шӯр бувад. Сипас агар эҳтиёҷ падид ояд, аз он гузашта бо бухор, ё бо равғани зайтун ва оби гармкарда гармибандӣ кунанд. Аз ин ҳам қавитар онест, ки сирко, говдона ва каранбро бар пашминаи равғанхӯрда ниҳода, гармибандӣ кунанд. Аз чизҳои хушки латиф сабӯс, сипас говарс ва баъд намакро [ба кор баранд]. Агар пурии ба сабаби гармибандӣ падидоянда монеъ набошад, гармибандӣ ҳама гуна дарди барсӯ ва фурӯсӯро ҳал хоҳад кард. Аммо раг задан бештар дардҳои барсӯро ҳал кунад.
Ҳар гоҳ зимод ниҳодӣ ва гармибандӣ кардӣ, бикӯш бухори онҳоро аз рӯи бемор дур бидорӣ, то ки тоса ва тангии нафас наангезад. Гоҳе мумкин аст иллат ниҳоят хушк бошад, андар ин ҳангом агар бухори зимод ва гармибандие, ки ҳар ду тари муътадиланд, бар рӯй бизанад ва андар бинӣ биравад, судманд хоҳад буд. Гоҳе аз доруҳои лесидание кумак бигиранд, ки ба кор бурда шаванд. Нармтару созгортари онҳо барои гарммизоҷҳо ва хусусан агар дард қавӣ бошад, муми сафеди мусаффоест, ки бо рав ғани бунафша шуста бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор