Қонуни тиб

Андар ин гуна ҳолат аз нигоҳ доштани қувват бо хӯрдани гӯшт ва ғизои муътадил чора нест. Ба таб диққат надиҳанд, зеро он то даме ки хуноба боқист, нест нашавад ва ҳар гоҳ ки пурра пок шавад, таб ҳам рахт хоҳад барбаст. Агар бемор хунобаро аз тариқи гулӯ партофтан битавонад ва ё ба муолаҷаи он аз тариқи доғмонӣ тоб овардан битавонад, ночор таб нест шавад.
Бисёр бошад, ки омос пеш аз пухтан бикафад ва чизи аз он беруноянда хун бошад. Андар ин ҳол аз задани раг ва ба кор бурдани зимодҳои баргардонандаи [модда] чора нест. Аз зимодҳои муштарак марҳами каранб ва оби ангубинро мувофиқи нусхаи Аҳарун ва зимодеро зимод кунанд, ки сифаташ чунин аст: мурч, пари сиёвушон, зуфои хушк, газна ва зарованди гирдро гирифта, аз онҳо бо ангубин зимод бисозанд.
Фасли панҷум андар баёни илоҷи решҳои ноҳияҳои сина ва илоҷи сил
Агар реш андар нои шуш бошад, дору зуд бад-он ҷой бирасад. Бояд беморро бар пушт бихобонанд ва ӯ андар даҳонаш доруро гирифта, оби онро андак-андак аз ғайри якбора ба миқдори зиёд сар додани он фурӯ барад, зеро якбораи он боиси ангехтани сурфа бигардад. Бояд мушакҳои гулӯяшро суст созад, то ки дору аз ғайри сурфаангезӣ ба гулӯяш биравад. Доруҳои ин низ доруҳои часпонандаи хушкифизоест, ки мо онҳоро ҳангоми сил ёд хоҳем кард.
Аммо решҳое, ки андар сина ва шуш ҷой дошта, мо онҳоро ёд кардем, эхтиёҷ ба пошидани доруҳои шӯяндаи зудоянда доранд. [133] Беморро бифармоянд, то бар паҳлуи дардманд бихобад, сурфа кунад ва худро биҷунбонад ва ё ӯро оҳиста ҷунбиш диҳанд. Гоҳе мумкин аст рим аз он баъди он берун ояд, ки бо афзори римкашӣ бар сӯи реш оби ангубин бифиристанд. Ҳар гоҳ римро пок кардем ва моро бовар ҳосил шуд, ки аз он чизе боқӣ намондааст, бояд доруҳои фароҳамоварандаи реш ба кор бибарем. (258) Аз миёни доруҳои поккунандаи зудоянда андар ин гуна ҳолат чизе ба ангубин намерасад. Вай поккунанда ва ғизои дӯстдоштаи табиат буда, решҳоро зиён надорад.
Тадбири реши шуш ба ду чиз вобаста аст: яке илоҷи ростинӣ ва дигар мудоро кардан. Илоҷи ростинӣ ҳангоме мумкин аст, ки агар иллат илоҷпазир бошад ва мо инро тавсиф кардем. Ин иборат аз пок сохтани шуш, хушк кардани он, рондани моддаҳо аз он, боз доштани назлаҳо ва сабзиши онро кумак расондан мебошад. Тадбири боз доштани назлаҳо пеш аз ин бароят оварда шуд ва он туро ҳангоми ин муолаҷа асос бувад. Маҷмӯи он [корҳои зерин аст]: пок сохтани тан; кашидани модда аз сӯи сар ба бахши фурӯсӯви [тан]; қавӣ сохтани сар, то ки фазлаҳо андар он афзоиш наёбанд; ва боз доштани он чизе, ки аз сар ба сӯи шуш бирезад ва кашидани он аз он сӯй ба дигар сӯй. Бояд поксозӣ аз тариқи ба кор бурдани рагзанӣ ва доруҳое иҷро карда шавад, ки фазлаҳои гуногунро берун оранд. Мисоли онҳо қуқиёст, ки хусусан бо муқл ба кор баранд ва андар он самғ биафзоянд.
Гоҳе мумкин аст ба доруҳое аз қабили афитимун ва монанди он эҳтиёҷ афтад, ки хилтҳои савдовиро берун кунанд.
Гоҳе эҳтиёҷ бад-он бошад, ки гаштаву баргашта истифроғ карда шавад, то ки фазлаҳо кам бигарданд. Бинобар ин нахуст бо дору истифроғ намуда, сипас раг бизананд.
Баъд чокро баста, хусусан баданҳои қавиро бори дигар хун бигиранд.
Яке аз чизҳои барои рондани зиёни назлаҳо судманд ба кор бурдани диёқузо ва хусусан он навъе, ки аз хашхош сохта ва баёни он андар Қарободин оварда шудааст ва дигар чизҳост. Яке аз омилҳое, ки ба тадбирпазирии табиат ёрӣ кунад, кӯч кардан ба кишварест, ки ҳавояш хушк бошад ва [беморро] андар он ҷой муолаҷа намуда, шир бидиҳанд. Бояд тарзи истоди [бемор] аксар вақт нишаста ва гарданаш ба сӯи боло ва пеш ёзонда бошад, то ки бахшҳои шуш бар якдигар баробар воқеъ бишаванд ва бахшҳои реш аз пӯшидагию баробарии табиӣ дур нашаванд. Набояд ба воситаи боздорандагони балғам андар ором сохтани сурфа муболаға карда шавад, зеро агарчи сабукие пиндошта мешавад, вале андар ин хатари бузург аст.
Аммо василаҳои мудоро кардан ин аст, ки барои тасалло додан ва хушконидани решҳо тадбир ба кор баранд, то онҳо паҳн шуда густариш наёбанд. Мурод аз ин кор ба сабзидану фароҳам омадани онҳо умедворӣ бастан нест, балки андар он умед аст, ки худованди он муддате боқӣ хоҳад монд, ҳарчанд ки ин зиндагии нохуш аст ва худованди он бо андак хатое ранҷ хоҳад дид. Ин доруҳои хушккунанда шушро қабз намуда, хушк бикунанд ва решро, ҳарчанд ки фароҳам намеоваранд, вале тангтар бисозанд. Ҳар кӣ чунин роҳро пеш гирад, албатта, набояд, ки ширро ба кор барад. Ангубин савории доруҳои сил аст ва андар он аз барои решҳо ҳеҷ зиёне нест.
Решро бо доруҳои поксозандаи ёдшуда ва бо ҷӯшонидаи зуфо, ки аз барои сил андар Қарободин ёд шудааст, пок созанд. Аз инҳо ҳам қавитар доруи лесидании говдона бо пунбадона аст, ки андар Қарободин зикр ёфтаанд. Аз ин ҳам қавитар лесидании аз пиёзи унсул ва шири хар сохташуда бувад. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки бо онҳо доруҳои часпакиоварандаи часпонанда ҳамроҳ кунанд.
Бисёр бошад, ки аз доруҳои карахткунанда кумак биҷӯянд, то ки сурфа боз дошта шуда, дору амал карда битавонад. Андар ин ҳол ба тадбири ҳушёркунандаи қавие эҳтиёҷ биафтад. Мо ин доруҳои поккунандаро андар оғози бобҳо ва низ андар боби рим кардани омос бароят ёд кардем. Яке аз чизҳои маъмули онҳо ошоми говдона, ошоме, ки андар он ганданои шомӣ биафтад ва аз орди нахӯд ва ҷави румӣ сохта бошанд, худи ин гандано ба намуди пухтагӣ ва обҳои ангубинест, ки андар онҳо доруҳои поккунандаи сабзонанда ҷӯшонида бошанд ва ҳамаи инҳо бароят оварда шудаанд. [Дигар] маъҷунҳои хушкифизое аз қабили [маъҷуни] зира ва асоносиё ва доруи лесидании аз тухми катон сохташуда мебошад. Аммо масрудитус ва тарёкро агар гоҳ-гоҳе ва хусусан андар оғоз ҳангоме, ки чандон лоғарӣ падид наомадааст ва низ ҳангоме, ки таб ниҳоят лоғар насохта бошад, ба кор баранд, судманд бошад. Гили набишта, инчунин гили арманӣ ва ҳамаи он чи ки аз зимодҳо, гармибандиҳо ва доруҳои чарбии поккунанда ёд кардем, ҳама вақт беш аз ҳама суд доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор