Қонуни тиб

Фасли севвум
андар баёни роҳҳои
огоҳӣ пайдо кардан бар ҳолатҳои дил
Роҳҳое, ки бо ёрии онҳо бар ҳолатҳои дил огоҳӣ пайдо кунанд, ҳашттост: аз тариқи набз; нафас; чигунагии офариниши сина; он чизе, ки бар сина бирӯяд; чигунагии ба эҳсос дарёфтани тан; он чи ки аз хулқҳо ӯро рӯй диҳад; тавоноию нотавонии тан; ва ваҳмҳо.
Аммо оид ба набз бошад, тезию бузургӣ ва думодумии он бар гармии [дил] ва ҳолатҳои зидди инҳо бар сардии он далолат кунанд. Нармии набз бар тарии дил ва сахтияш бар хушкии он гувоҳӣ диҳанд. Набзи қавӣ, рост ва гоҳ-гоҳии мунтазам далели солимии дил ва зидди инҳо далели носолимии он буванд.
Нафаси бузург, тез, думодум ва гарм далели гармии дил ва зидди инҳо далели сардии ӯст.
Синаи фарохи паҳн агар ба сабаби бисёрии мағз набошад,– ба ин бузургии сар гувоҳӣ диҳад, ки он муҷиби бисёрии мағз, бисёрии мағз муҷиби бузургии ҳароммағз, бузургии ҳароммағз муҷиби бузургии муҳраҳо ва бузургии муҳраҳо муҷиби бузургии паҳлуҳои аз онҳо рӯида гардида бошанд,– баръакс, сар хурд ва ё миёна буда, набз қавӣ бошад, гувоҳӣ аз гармии дил дорад. Зидди ин агар ба муҷиби хурдии сар набошад, далели сардии дил бувад.
Мӯи бисёри бар сина рӯида ва хусусан гесугуна бар гармии дил гувоҳӣ диҳад. Бемӯй ва каммӯй будани сина бар сардие далолат кунад, ки ба набудани фоили дуд вобаста аст ва ё бар хушкие гувоҳӣ диҳад, ки ба набудани моддаи дуд вобастагӣ дорад. Ин ба шартест, ки рутубати мизоҷи тан, ё одати кишвару ҳаво ва синну сол чандон мухолафат надошта бошанд.
Гармии тамоми тан бар гармии дил далолат кунад, ба шарте ки испурчу ҷигари сард бо сардифизоии худ муқовамат нишон надиҳанд. Сардии тан ба шарти набудани ягон муқовамате аз тарафи ҷигар гувоҳӣ аз сардии дил дорад. Нармии тан, ба шарте ки ҷигар то андозае муқовамат надошта бошад, далели рутубати дил ва сахтияш далели хушкии он бувад. Табҳои уфунатӣ ҳангоми дурустии ҷигар далели гармӣ ва рутубати диланд.
Аз тариқи хулқҳо [бад-ин гуна далел бигиранд], ки хашми табиии ба ягон эътибор набуда, ҷуръат, иқдом ва чобукӣ бар гармии дил далолат кунанд ва зидди инҳо агар аз тариқи ваҳмҳо ва одатҳо ҳосил нашуда бошанд, далели сардии онанд.
Қавӣ будани тан бар қавӣ будани дил ва заиф будани тан, агар ба офати андар мағз ва ё асабҳо буда вобаста набошад, бар нотавонии он далолат кунанд. Заъфи дил далели бадмизоҷӣ ва қавӣ будани он далели муътадил будани мизоҷи табиии ӯст, [136] яъне [далели он бошад], ки гармии модарзодӣ ва рӯҳи ҳайвонӣ андар он зиёд буда, афрӯзандаю дудкунанда нестанд, балки нуронии холис буванд. Аммо бар гармии аразӣ афрӯхтагӣ ва бетоқатии нафс гувоҳӣ диҳанд ва гоҳе инҳо боиси офати нафас бигарданд.
[Аз тариқи] ваҳмҳо [чунин далел бигиранд], ки ваҳмҳои моил ба шодӣ, хушбинӣ ва некумедӣ бар қуввати дил ва муътадилие гувоҳӣ диҳанд, ки муносиби гармию
сардии дил бошад. Ваҳмҳои моил ба даррандагию озор додан далели гармии диланд. Ваҳмҳои моил ба тарс ва андӯҳгинӣ далели сардӣ ва хушкии онанд. Ҳолатҳое, ки андар худи дил ҳис карда мешаванд, аз қабили падид омадани афрӯхтагӣ андар он ва ё хафақоне, ки аз он ҳис карда шавад, бархе мисли афрӯхтагӣ ба танҳоӣ бар мизоҷи дил далолат кунад ва бархеи дигар мисли хафақон ҷуз ба қарина далолат нахоҳад кард, зеро хафақон аз паси ҳамаи намудҳои заъфи дил ва бадмизоҷии он ба амал омада, ба ягон ҳолати хосси дил далолат намекунад. Гоҳе хафақон ба сабаби қавӣ будани ҳисси дил зиёд бигардад ва [дил] бо андак ваҳме, ё бухоре ва ё (264) дигар чизе, ки ба сӯи ӯ бирасад, ба хафақон дучор шавад.
Гоҳе мумкин аст бемориҳои дил ба анбозии ғайри ӯ, хусусан сар ва даҳони меъда ба амал оянд. Бемориҳои молихулиёӣ ва саръии мағз аз анбозии мағз бо дил холӣ нестанд. Гоҳе ба сӯи дил моддаҳое оянд, ки, масалан, аз барсом ва омоси шуш бад-он сӯй ронда шуда бошанд ва инҳо боиси бадбахтии бузург ва сабабгори марг хоҳанд шуд.
Ҳар гоҳ хилтҳо аз миқдори лозимӣ бикоҳанд, аввалин зиёни онҳо ба дил расида, мизоҷи онро бигардонанд. Ҳар гоҳ гармии холис ва ё сардии холис ба дил роҳ ёбад, худованди он бимирад. Бисёрҳо каси сардирасидаро дидам, ки ба ҳангоми сухан гуфтан гоҳе арақ оварда ва гоҳе аз ғайри арақ кардан бимурд.
Фасли чаҳорум андар нишонаҳои мизоҷҳои табиии дил
Далели мизоҷи гарми табиӣ андар офариниш фарох будани сина, ба шарте ки зиддияти [далолати] мағз андар миён набошад, бузургии табиии набз ва моил ба думодумиву тезӣ будани он, бузургии табиии нафас ва ба думодумӣ ва тезӣ моил будани он, фузунии мӯи сина хусусан бар чаптари он, ба шарте ки тарифизоии андоми дигаре, ки кишвар ва боду ҳаво ба ин сахт муораза накунанд, сахт ба ғазаб омадан, иқдом намудан, некбинӣ ва умедвории беандоза буванд. Гоҳе бузургии сина, агар, чунонки гуфта шуд, ба сабаби мағз набошад, бар [гармии мизоҷи дил] далолат кунад.
Бар мизоҷи сарди табиӣ тангии сина, ба шарте ки шарти ёдшуда андар миён набошад, хурдии табиии набз ва моил ба канда-кандаоӣ ва оҳистагӣ, ба шарте ки ягон сабабе тақозои тезии он накунад, хурдии табиии нафас ва ба оҳистагиву канда-кандаоӣ моил будани он, нотавонӣ, ланҷӣ ва ҳалимие, ки ба сабаби хӯй кардану варзиш набошанд ва хӯйҳое аз қабили ба даҳшат афтодан, шигифт мондан, кундӣ ва мутаассир шудан аз чизҳои ночиз, ки шабеҳ ба хӯйҳои занон буванд ва сардии тан далолат кунанд.
Бар мизоҷи тар нармии набз, аз чизҳои хашмангез ва хурсандибахши расида зуд мутаассир шудан ва зуд аз ин ҳолатҳо баргаштан ва тарии пӯст, ба шарте ки ҷигар ба ин муқовамат накунад, гувоҳӣ диҳанд.
Бар мизоҷи хушк сахтии набз, дер мутаассир шудан, дер ором ёфтан, даррандахӯй будан ва хушкии тан, ба шарти муқовамат накардани ҷигар, далолат кунанд.
Далели мизоҷи гарми хушк ин аст, ки набз як андоза бузург бошад ва ин аз баҳри он чунин аст, ки бузургияш ба сабаби ҳоҷат ва коҳиши [бузургӣ] ба сабаби хушкии афзор буванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор