Қонуни тиб

Фанни сездаҳум
АНДАР БАЁНИ
СУРХНОЙ ВА МЕЪДА
ВА ҲОЛАТҲОИ ОНҲО,
ки аз панҷ мақола иборат аст
Мақолаи якум
АНДАР БАЁНИ ҲОЛАТҲОИ СУРХНОЙ ВА АНДАР
БАЁНИ АСЛҲОИ МАСЪАЛАИ МЕЪДА
Фасли нахустин
андар баёни ташреҳи сурхной ва меъда
Аммо сурхной аз гӯшт ва табақаҳои пардагии остарие иборат аст, ки лифҳои ба дарозо кашида доранд, то ки бо ёрии онҳо ҳангоми фурӯ бурдани [ғизо] кашидани он осон бошад. Ту худ ҳамедонӣ, ки кори кашидан (284) бо ёрии лифи ба дарозо буда ҳангоме ба иҷро бирасад, ки агар [лиф] андар хеш кашида шавад. Бар фарози он пардаи лифаш бар паҳно буда кашида шудааст, то ки бо ёрии он ба фурӯсӯ рондан осон бигардад. Ту худ ҳамедонӣ, ки кори рондан бо ёрии лифи бар паҳно буда анҷом ёбад.
[Сурхной] дорои бахши гӯштии намоён аст. Ҳар гоҳ ҳар ду табақа бо ҳам амал кунанд, фурӯ бурдан тамомият ёбад, яъне аз тариқи кашидани як лиф ва фишурдани лифи дигар ба амал ояд. Гоҳе фурӯ бурдан бар касе, ки сурхнояш ба дарозо пора шудааст, душвор ояд, зеро кашиши бо ёрии нах баамалоянда андар ин ҳол нахоҳад буд. Қай танҳо бо ёрии табақаи берунӣ тамомият ёбад, бинобар он, душвортар бувад.
Сурхной бар рӯи муҳраҳои андар гардан буда росто ва андар амну паноҳандагӣ ҷой гирифтааст. Ҳамроҳи он як ҷуфт асаб аз сӯи мағз фурӯд ҳамеоянд. [Сурхной] чун баробари чаҳорумини муҳраҳои сутуни пушт, ки мансуб ба сина аст, бирасад ва аз он бигузарад, каме ба сӯи рост майл мекунад, то ки барои раги аз сӯи дил оянда макони бештаре бошад. Сипас қад-қади ҳашт муҳраи боқимонда фурӯ хамида, чун то ҳиҷоб рафта бирасад, бо ёрии пайвандҳо бо он баста бигардад ва онҳо ӯро каме бардошта бидоранд, то ки бахши андар [ҳиҷоб] равандаи шоҳрагро фишор надиҳад ва то ки асабҳои ҳамроҳи ӯ оянда печу хам хӯрда, фурӯ раванд ва бад-ин восита онҳо аз офати рост кашида шудан ҳангоми гаронии меъда эмин бошанд. Ҳар гоҳ аз назди ҳиҷоб гузарад, якбора ба сӯи чап бигарояд, чунонки ба сӯи рост гароида буд. Ин гароидан ба сӯи чап ҳангомест, ки аз назди муҳраи даҳум ба муҳраҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум гузашта бошад. Сипас сурхной баъд аз даромадан андар ҳиҷоб паҳноӣ ба худ гирифта, густариш ёбад ва даҳони меъдаро сурат
бахшад. Баъд аз сурхной ҷирми бузургҳаҷми меъда ҷой гирифтааст.
Остари сурхной беш аз аввали рӯдаҳо фароху сахттар офарида шудааст, зеро вай гузаргоҳи чизи аз ҳама сахттар бувад. Остари меъда нимсахт ва ба наздики даҳони худ нармтар бувад, сипас ҳангоми андар рӯдаҳо расидан аз он ҳам нармтар бигардад. Андаруни сурхной бо пардае пӯшидааст, ки аз пардаи даҳонро пӯшида оғоз ёфта, то охири меъда рафта бирасад ва ин аз баҳри он чунин аст, ки то кашиш пайваста бошад ва то барои бардошта шудани ҳанҷара ба барсӯ ҳангоми фурӯ бурдан аз тариқи кашида шудани сурхной ба фурӯсӯ ёрӣ расонида шавад. Агар ту ба таҳқиқ бингарӣ, дар ҳақиқат сурхной як бахше аз меъда буда, тадриҷан то ба назди он расидан фарох ҳамегардад. Ду табақаи он мисли ду табақаи меъда аст. Дарунии онҳо ба пардаҳо монанд буда, лифаш ба дарозост ва берунии онҳо гӯштии ситабр буда, лифаш бар паҳност. Вай сергӯшттар аз [табақаи] меъда аст, лекин як бахши он ва ба ниҳоду тарзи басти он бувад.
Аммо аввали рӯдаҳо бахши меъда нест, балки чизест, ки аз наздик ба он пайваста бувад. Бинобар он [сурхной] ба сӯи меъда тадриҷан танг намегардад ва табақаҳояш мисли табақаҳои меъда нест. Ба изофаи ин гавҳари сурхной бештар ба мушак ва гавҳари меъда бештар ба асаб монанданд. Як бахши меъда аз маҳалли пайвасти он ба сурхной то маҳалли дучороӣ бо ҳиҷоб махрутшакл ва аз фурӯсӯ фарох гардидааст, зеро қароргоҳи таом андар фурӯсӯст ва бояд фарохтар бошад. [Меъда] аз баҳри манфаате, ки маълум аст, гирд офарида шудааст ва аз сӯи пас ҳамворинок гардонида шудааст, то ки бо сутунмуҳра хубтар бархӯрад.
Меъда аз ду табақа иборат аст. Лифи [табақаи] дарунии онҳо аз баҳри эҳтиёҷи маълум ба дарозост ва бинобар он меъда ҳангоми фурӯ бурдан дарҳам кашида шуда, ҳанҷара боз бигардад. Лифи [табақаи] берунии онҳо аз баҳри эҳтиёҷ ба рондан, ки худ ҳамедонӣ, бар паҳност.
Лифи ронанда аз баҳри он аз берун ҷой гирифтааст, ки то кашидан, ки нахустини феълҳои меъда ва наздиктари онҳост ва сипас рондан баъди он омада, барои рондани чизи андар [меъда] бо фишурдани пайдарпайи ҳамаи ҷогаҳи [ғизо] анҷом пазирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор