Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар бо ошомидани оби гарм фурӯ нишинад, пас, модда андар бештари ҳолат балғамии шӯри бурагист, вале агар афзоиш ёбад, пас, модда заҳравӣ бувад.
Огоҳӣ ҷустан аз тариқи ҳолати даҳону забон бад-ин гуна бошад, ки ҳар гоҳ ҳангоми дардҳои меъда забон ниҳоят дурушт ва сурх бошад, гоҳе бар ғалабаи хун ва ё омоси гарми хунии [меъда] далолат кунад. Агар моил ба зардӣ бошад, пас, офат сафровист. Агар (293) ба сиёҳӣ бигарояд, пас, сабаб савдовист. Агар ба сафедӣ гароида, ширгун бошад, пас, сабаб рутубат аст. Агар забон танҳо хушк бошад, пас, сабаб хушкист.
Огоҳӣ ҷустан аз тариқи гувориш бад-ин гуна аст, ки хубии гувориш ҳангоме ҷой хоҳад дошт, ки баъд аз таоми фарогирифта андар даҳони меъда гаронӣ ба амал наояд, ягон қароқур, дамиш, оруғ, мазаи дудӣ, ё турушӣ, ҳукак ва паридану азҳамкашидагӣ дарёфта нашавад, муддати андар меъда мондани таом муддати муътадил бошад ва аз он ҳангоми лозимӣ, на зуд ва на дер, фуруд ояд, хоб якнавохт ва бедоршавӣ сабуки зуд бошад, андар чашмон ягон омосе дида нашавад ва андар сар гаронӣ ҳис карда нашавад, табиат ба осонӣ шиканад ва фурӯсӯви шикам пеш аз омадани бироз андаке дамида шавад. Ҳамаи инҳо бар нек муносабат доштани меъда бо ғизо ва хуб фаро гирифтани он гувоҳӣ диҳанд, ки ин далели қавӣ будани меъда ва созгории камияту кайфияти таом бувад. Агар меъда таомро хуб фаро нагирад ва хубгуворанда набошад, пас, қароқур ва думодум оруғ задан ба амал ояд, таом андар меъда муддати дароз боқӣ бимонад ва ё пеш аз вақти лозимӣ фуруд ояд.
Сафро чунин хусусият надорад, ки гуворишро тамоман ва ё қисман бекор карда, [таомро] хом бигузорад, балки мумкин аст, ки онро табаҳ созад. Аммо хусусияти савдо ин аст, ки гуворишро боз дорад ва ҳам табаҳ кунад.
Балғам бештар аз он майли табаҳ сохтан дорад. Бидон, ки агар андар меъда ягон омос ва ё реше набошад ва агар ғизо фосид нашуда бошад ва бо вуҷуди ин гувориш хуб ба амал наояд, пас, сабаб бадмизоҷист ва аксар вақт аз сардию рутубат бувад. Сипас бадмизоҷии гарм ва баъди он хушк биистанд.
Огоҳӣ ҷустан аз тариқи дардҳои меъда бад-ин гуна бувад, ки масалан, дарди азҳамкашанда далели бод, дарди гарон далели пурӣ ва дарди сӯзанда далели хилти туруш, ё тез, ё тунд ва ё талх буванд.
Огоҳӣ ҷустан аз тариқи иштиҳо бад-ин гуна аст, ки ё аз бисёрии он, ё аз камии он, ё аз набудани он ва ё аз намуди зоҳир шудани он далел бигиранд. Масалан, вай гоҳе ба намуди ташнагӣ ва иштиёқи сардӣ доштан, гоҳе ҳамчун шавқи турушӣ доштан ва гоҳе ҳамчун шавқи чизи хушконанда, шӯр ва тез доштан зоҳир бигардад. Гоҳе мумкин аст иштиёқ ба тезию шӯрӣ ва турушӣ якҷоя аз он ҷиҳат падид ояд, ки ҳамаи ин андар буронидани хилти зиёнкор ба ҳам анбозанд ва ин гуна [иштиҳо] далели нотавонии меъда бувад, зеро меъдаи қавӣ майл ба чизҳои равғанӣ дорад. Гоҳе мумкин аст ба чизҳои бади мухолифи табиат шавқ ба амал ояд, чунонки гоҳе иштиҳои хӯрдани ангишт, ушнон ва ғайра кунанд. Сабаби ин хилти фосиди бегонаест, ки бо хилтҳои сутуда созгор набошад. Ҳар гоҳ

ҳисси чашоӣ дуруст бошад ва иштиҳо ягон чизеро бар ширинӣ ихтиёр накунад ва ҳар гоҳ ҳоли иштиҳо бад бигардад ва аз ширинӣ нороҳатӣ ҳис карда шавад, пас андар [меъда] офатест. Агар иштиҳои чизҳои равғанӣ ҷой дошта бошад, пас, андар меъда гирифтагӣ, фишурдагӣ ва хушкие ҷой дорад. Агар табиат таомҳои гармиоварро бад бинад ва майл ба чизҳои сард дошта, ин ба иллати сардии онҳо бошад, пас, андар [меъда] ҳарорат аст. Агар чизҳои гармиоваранда бихоҳад, пас, андар [меъда] сардист.
Агар [табиат] иштиҳои чизҳои бурранда, турушиҳо ва чизҳои тез дошта бошад, пас, андар [меъда] хилти часпак ҷой дорад. Иштиҳои меъдаи гарм аз ғизо дида ба об бештар аст. Гоҳе мумкин аст шиддати гармӣ ба сабаби ҳал шудан, тақозои барқарор кардани чизи ҳалшуда ва сӯзиш боиси авҷ гирифтани гуруснагии сахт бигарданд ва навъе аз гуруснагӣ ба амал ояд, ки ҳеҷ тоқат карда нашавад ва хусусан ҳангоми ба таъхир афтидани ғизо баробари [чунин гуруснагӣ] беҳушӣ рӯй диҳад. [151] Иштиҳои меъдае, ки ба сӯи он савдо ва балғами туруш, агарчи ба андозаи берун рондан набошад ҳам, рехта бошанд, афзоиш хоҳад ёфт. Андар ин гуна меъда иштиҳо авҷ гирифта, ба иштиҳои сагӣ табдил ёбад, ки сабаби онро мо андар боби иштиҳои сагӣ ёд хоҳем кард.
Бидон, ки иштиҳои ғизо ҳамаи андомҳоро фаро бигирад ва ин умумият табиӣ буда, аз сабаби алоқамандиҳои дархости қувваи ғизодиҳанда бо қувваи кашанда аст. Сипас меъдаро иштиҳои нафсонӣ хос аст, зеро вай ҳискунанда бувад. Гоҳе бархе одамонро гуруснагии зиёд иттифоқ афтад ва чизи зиёд бихӯранд, вале эшонро на хом мондани таом рӯй диҳад ва на ҳангоми ба қазои ҳоҷат нишастан бирози зиёде берун оранд ва на низ бо вуҷуди ин танашон фарбеҳ бигардад. Сабаби ин ҳолат ба изофаи дурустии қувваи гуворанда ва қувваи кашандаи шаҳвонӣ ҳалшавии зиёди тез бувад.
Огоҳӣ ҷустан аз тариқи мазаи даҳон бад-ин гуна бувад, ки талхӣ далели гармию сафрост ва турушӣ аксар вақт (294) бар сардии меъда далолат кунад, вале камтар аз сардие бошад, ки баробари он таом тамоман гуворида нагардад. Гоҳе ин бар гармии заифе далолат кунад, ки ҳамроҳи рутубат буда, онро андаке биҷӯшонад ва сипас аз пазонидан оҷиз омада, онро тарк кунад. Бинобар ин [андар даҳон] турушие чун турушии фишурдаи ангур ба амал ояд. Чунки фишурдаи [ангур] ҳар гоҳ сард шавад, туруш бигардад ва ё агар аз гармии андаке ба ҷӯш ояд, [низ] туруш гардад. Гоҳе мумкин аст турушӣ аз сабаби рехтани моддаи туруш аз испурч ба сӯи меъда ба амал ояд. [Турушие], ки ба сабаби испурч ба амал ояд, баробари он иштиҳо шиддат ёбад, дамиш, қароқур ва бадгувориш афзоиш ёбад ва оруғи туруш ояд. Аз таъмҳои даҳон бемазагӣ далели балғами бемаза ва шӯрӣ далели балғами шӯранд.
Таъмҳои бегонаи зишти дилбеҷокунанда бар хилтҳои ситабри бегонаи пӯсидаи бад гувоҳӣ диҳанд.
Огоҳӣ ҷустан аз тариқи қай бад-ин гуна бувад, ки ҳар гоҳ танҳо маниши гаштан ҷой дошта бошад, пас, модда [андар меъда] паноҳ бурда, ҷабида гардидааст. Агар қаи сабуке ояд, далели он дорад, ки модда андар тиҳигоҳи [меъда] рехтааст. Агар қай ояд ва маниши гаштане ҷой дошта бошад, ки ҳеҷ канда нашавад, далели ҷой доштани ҳар ду ҳолат аст ва ё гувоҳӣ аз паноҳандагии хилт диҳад.

пешина
аз 1215
навбатӣ