Қонуни тиб

[Вале чунин нест], балки баробари ин ду ҳолат дигар далелҳоро ҳам бояд ба эътибор гирифт.
Огоҳӣ ҷустан аз тариқи чигунагии ҳисси меъда бад-ин гуна бошад, ки агар на сӯзиш, балки гаронӣ ҳис карда шавад, пас модда балғамии обгинагун бувад. Агар сӯзиш бо афрӯхтагӣ дарёфта шавад, пас, модда талх ва ё шӯр аст ва ё агар сӯзиши бе афрӯхтагӣ бошад, [152] пас, модда туруш хоҳад буд. Агар сӯзиш бо сабукӣ ҳис карда шавад, модда ё латиф аст ва ё кам, вале агар бо гаронӣ бошад, модда ё ситабр бувад ва ё зиёд.
Ҳангоми шинохтан аз тариқи ҳолатҳои анбозии [андомҳо] бояд нигарист, ки масалан, мағз оё аз сабабҳои назлаҳо мутаассир буда, ба сӯи меъда назлаҳо мефиристонад ё не, ё ин ки ҷигар оё сафро ҷудо карда, ба сӯи меъда мефиристонад ё не ва ё ин ки испурч оё аз рондани савдо оҷиз омада, омосидаю серсавдост ё не. Ин шинохтан аз рӯи сабаб бувад. Дигар, бояд нигарист, ки оё пеши назар ягон чизи ғайри одӣ ва нособит дида мешавад, оё баробари пурӣ сардард, васваса ва хусусан гижа падид омада, ҳангоми холигии шикам сабук мегарданд ва оё бар шиками пур ва ё холӣ будани он хафақон, ё беҳушӣ ва ё ташаннуҷ падид меоянд, ё не? Ин шинохтан аз рӯи араз бошад.
Ҳар гоҳ пурӣ боиси падид омадани хаёлҳо, ё сардардӣ, ё васваса, ё хобҳои парешон, ё хафақон ва ё суботи бузург бигардад, пас, меъда пур (296) ва нотавон буда, ба бадмизоҷӣ гирифтор аст. Агар хафақон, сардард, беҳушӣ ва васваса ҳангоми холигии шикам падид оянд, пас ин гувоҳӣ аз он диҳад, ки меъда пазирои заҳра ва хилти сӯзандае бошад, ки ҳангоми холигӣ ба сӯи даҳони он ояд ва ё [пазирои] хилти савдовӣ ва ё хилти сард бувад. Фарқи миёни инҳоро ту аз тариқи ҳамаи он нишонаҳое хоҳӣ донист, ки бароят овардем. Он чи аз ин сабаб андар бахши фурӯсӯви меъда ҷой дошта бошад, он сардард, саръ, беҳушӣ ва ташаннуҷе, ки аз он падид оянд, чандон бузург нахоҳанд буд. Бархе аз аразҳои аз тариқи анбозӣ бар ҳолатҳои меъда далолаткунанда мисли парешонии зеҳн, субот, шах шудан ва васваса мағзиянд, бархе мисли беҳушӣ, хафақон ва баднабзӣ қалбиянд ва бархе дигар мисли бекор шудани нафас, душворӣ ва бадии он [барои ҳамаи андомҳо] муштарак буванд.
Фасли ёздаҳум нишонаҳои мизоҷҳо
Нишонаҳои бадмизоҷии гарм: Бар ин нишонаҳои зерин далолат кунанд: ташнагӣ, ба шарте ки ба ифрот буда, қувватро наафтонад; оруғи дуднок; бадбӯии (саҳукат) оби даҳон; суд дидан аз чизе, ки сардиовар аст, ба
шарте ки шарти барои далелҷӯии пеш ёдшуда риоя карда шавад; сӯхтани ғизоҳои латифе, ки мисли онҳо андар
ҳолати табиӣ намесӯзанд; беш аз ҳар вақт хуб гуворидани ғизоҳои ситабр, ба шарте ки [гармӣ] беандоза набошад ва қувватро суст накунад; бисёр ташна мондан;
ва аксар вақт камиштиҳо будан. Хусусан агар бадмизоҷӣ бо моддаи сафровӣ бошад, вай, албатта, иштиҳоро бибарад, лекин гувориш қавӣ бошад, магар ин ки бадмизоҷӣ бе андоза зиёд буда, қувватро заиф карда бошад. Гоҳе мумкин аст ҳамроҳи ин мизоҷ таби диққӣ падид ояд.
Гоҳе ин мизоҷ ба сабаби ба ифрот буданаш пеш аз афтондани қувват бо ёрии ҳал кардан, сӯзиш овардан ва моддаҳоро ба сӯи ҳалшавӣ чунон ҳаракат додан, ки гӯё макида шаванд, гуруснагии сахтеро биангезанд. Гоҳе ин гуруснагӣ беҳушӣ бигардад, яъне агар ғизо дер бирасад, ба беҳушӣ гирифтор кунад, вале агар муддате бар вай бигузарад, иштиҳоро бекор кунад. Аз паси ин гуруснагӣ гоҳе ҷорӣ шудани луоб низ биафзояд, вале баъди сер шудан ба сабаби гармии ҳалкунандаи ба боло бароянда қатъ ёбад. Агар [гармӣ] ягон тарие биёбад, андар ин ҳол луобоӣ бештар бигардад ва онро ғизоҳои ситабр мумкин аст қатъ созанд.
Бидон, ки ҳар киро меъда оташист, хуни ӯ андак, бад, бадбӯй ва тез буда, андомҳои андар мизоҷи аслӣ мухолифи он буда аз он рӯй бигардонанд ва онро ғизо накунанд. Бинобар он [чунин одам] камгӯшт буда, рагҳояш хунфишонандаанд, зеро хунаш андар рагҳо ҷамъ шавад ва табиат онро ба кор набарад. Раг задан хуни бадро аз ӯ берун орад.
Нишонаҳои бадмизоҷии сард: Бар сардии меъда дер тағйир ёфтани таом гувоҳӣ диҳад, то ҷое ки он баъди муддате фурӯ наравад ва ё бо қай берун ояд ва на ба андозае дигаргун шавад, ки қобили мулоҳаза бошад. Агар [сардӣ] ба ифрот бошад, таом аслан дигаргун нагардад ва напазад. Далели ин гоҳе бисёрии иштиҳо, камии ташнагӣ ва оруғи туруше овардан бошад, ки аз ғайри сабаби андар таом ҷойдошта, чунонки ёд кардем, ба амал ояд. Ҳамаи инҳо чизҳоеанд, ки бар бадмизоҷии сард далолат кунанд. Яке аз далелҳои он ин аст, ки танҳо ғизоҳои сабук хуб дарёфта шаванд, на ғизоҳои ситабре, ки аз ин пеш гуворида мешуданд. Гоҳе бадмизоҷии меъдаи сард ба ҷое бирасад, ки аз сабаби таоми хӯрдашуда якчанд соат пас азҳамкашидагӣ ва дарди бузурге падид оянд, ки ҷуз ба ҳар рӯз гардонидани рутубати сиркомонанд ором наёбанд. Гоҳе мумкин аст боиси падид омадани истисқо ва зараб бигардад. Ранги каси сардмеъда ба зардию сафедӣ бигарояд, ки ин [пизишки] ботаҷрибаро пӯшида нахоҳад буд ва ин ҳамон ҳолатест, ки нонхоҳ аз барои он беҳтарини илоҷ бувад.
Бисёр бошад, ки мағз андар офатҳои ин гуна мизоҷ [бо меъда] анбозӣ кунад ва сардарди бодӣ, садо додани гӯшҳо ва монанди он ба амал оянд. Ҳар гоҳ бадмизоҷии сард бо мизоҷи аслии гарм иттифоқ кунанд, қароқури [шикам], дамиш, хушкидагӣ ва ташнагӣ зиёд шаванд. Ҳар бор ба рагзание эҳтиёҷ афтад, ки аз он чора нест, фасодкории [бадмизоҷии сард] афзоиш хоҳад ёфт ва он боиси диққ бигардад. Доруяш ин аст, ки пеш аз таом ба бемор шароби андак ба қадре бидиҳанд, ки забончааш тар бигардад ва бояд ғизояш аз чизҳои рутубаткашанда ва гӯшти сурх бошад, на аз тариҳо.
Нишонаҳои бадмизоҷии хушк: Далели ин ташнагии зиёд, хушкии беандозаи забон бо риояи шарте, ки андар боби далелҷӯиҳо ёд карда шуд, (297) беш аз ҳадди табиӣ лоғару пажмурда шудани тан ва суд дидан аз ғизоҳову бодҳои тар бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор